Зиннат додани рўй бо борик кардани абрўҳо ва чиндани мўйҳои зиёдатӣ

Нависанда : Мусъаби Ҳамза

Гузориши мухтасар:

Рўйи зан зебогии аслии ў ба ҳисоб меравад, зеро ҳама зебогии зан тақрибан дар рўяш намоён аст ва барои ҳамин ҳар касе хоҳад оиладор шавад, аввалин коре ки мекунад, хоҳиши дидани рўйи занро мекунад. Агар зан рўйи зебо дошта бошад, дигар чизҳои марбут ба занро аҳамият намедиҳанд.
Яъне мешавад, ки ғолибан рўйи зан барои издивоҷ роли ҳалкунандаро бозад.
Бо вуҷуди ин ки инсон бояд ҷонибҳои дигарро низ аҳамият диҳад, мисли диндории зан, ахлоқи неку рафтори хуб ва ғайра.
Абрўвонро чидан ё кўтоҳ кардан дар ислом ҳаром аст.
Таҳрими пайванди мўй ва холкўбӣ ва кушод кардани миёни дандонаҳо.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Зиннат додани рўй бо борик кардани абрўҳо ва чиндани мўйҳои зиёдатӣ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Мусъаби Ҳамза

    2010 - 1431

    النمص, و حكمه, و هل يجوز النمص إذا طلب الزوج؟

    « باللغة الطاجيكية »

    مصعب حمزة

    2010 - 1431

    Зиннат додани рўй бо борик кардани абрўҳо ва чиндани мўйҳои зиёдатӣ

    Рўйи зан зебогии аслии ў ба ҳисоб меравад, зеро ҳама зебогии зан тақрибан дар рўяш намоён аст ва барои ҳамин ҳар касе хоҳад оиладор шавад, аввалин коре ки мекунад, хоҳиши дидани рўйи занро мекунад. Агар зан рўйи зебо дошта бошад, дигар чизҳои марбут ба занро аҳамият намедиҳанд.

    Яъне мешавад, ки ғолибан рўйи зан барои издивоҷ роли ҳалкунандаро бозад.

    Бо вуҷуди ин ки инсон бояд ҷонибҳои дигарро низ аҳамият диҳад, мисли диндории зан, ахлоқи неку рафтори хуб ва ғайра.

    Барои ҳамин ҳам шояд яке аз ҳикматҳои ин ки Худованд рўйи занро бемўй халқ кардааст ҳамин бошад.

    Худованд рўйи занро бемўй ва фақат бо абрўвон ва миҷгонҳои чашм халқ кардааст, ки ин ҳам беҳикмат нест, зеро абрўвон ва миҷгонҳои инсон арақи аз пешонӣ баромадаро намегузоранд, ки ба чашм равад, то он оби намакин чашмро зараре нарасонад.

    Ва барои ҳамин шояд аз ҳикматҳои ҳаром будани кўтоҳ кардан ё чидани абрўвон ин бошад, ки зараре ба чашм нарасад.

    Абрўвонро чидан ё кўтоҳ кардан дар ислом ҳаром аст.

    Абрўвонро чиндан дар шариати ислом ҳаром аст, зеро аз ҷумлаи тағйир даровардан дар халқи Худованд аст, Худованд мефармояд:

    «Ва албатта бифармоям ишонро то офариниши Худоро тағйир диҳанд» сураи Нисо 119 (яъне монанди сўзан задан то сурху кабуд шавад ё абрў чиндан ва ғайра).

    Ибни Арабӣ дар тафсири ин оят мегўяд: «Расули Худо (с) лаънат фиристодааст касонеро, ки сўзан мезананд ва абрў мечинанд ва мўй мечаспонанд ва байни дандонҳоро барои зебогӣ кушод мекунанд…»

    Аммо ҳадисҳои дар ин маврид ривоятшуда зиёданд, аз ҷумла:

    Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки гуфт:

    عن عبد الله بن مسعود قال: لعن الله الواشمات والمستوشمات والنامصات والمتنمصات والمتفلجات للحسن المغيرات خلق الله, قال: فبلغ ذلك امرأة من بني أسد يقال لها أم يعقوب, وكانت تقرأ القرآن, فأتته, فقالت: ما حديث بلغني عنك أنك لعنت الواشمات والمستوشمات والمتنمصات والمتفلجات للحسن المغيرات خلق الله, فقال عبد الله: وما لي لا ألعن من لعن رسول الله صلى الله عليه و سلم ؟, وهو في كتاب الله, فقالت المرأة: لقد قرأت ما بين لوحي المصحف فما وجدته, فقال: لئن كنت قرأتيه لقد وجدتيه. قال الله عز و جل { وما أتاكم الرسول فخذوه وما نهاكم عنه فانتهوا } [ 59 / الحشر / 7 ], فقالت المرأة فإني أرى شيئا من هذا على امرأتك الآن, قال اذهبي فانظري, قال فدخلت على امرأة عبدالله فلم تر شيئا, فجاءت إليه فقالت: ما رأيت شيئا فقال أما لو كان ذلك لم نجامعها.

    «Худо лаънат кунад занони сўзанзанандаро ва занонеро, ки мехоҳад сўзанзада шаванд ва занонеро, ки аз дигаре мехоҳанд абрўяшонро ислоҳ кунанд ва заноне, ки миёни дандонҳояшонро кушод намуда хилқати Худоро тағйир медиҳанд».

    Зане аз бани Асад бо номи Умми Яқуб, ки ин корҳои ороиши занҳоро анҷом медод ва қуръонхон ҳам буд, ба назди ибни Масъуд омада, дар ин маврид эътироз намуд. Ў гуфт: «Чаро касеро, ки Расули Худо (с) лаънат карда, лаънат накунам, дар ҳоле ки он дар китоби Худо аст».

    Умми Яъқуб гуфт: «Ман дар китоби Худо инро ҷустуҷў кардам, вале чизе наёфтам».

    Ибни Масъуд гуфт: «Агар хуб мехондӣ китоби Худоро пайдо мекардӣ, Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва мо отокуму-р-расулу фахузуҳу ва мо наҳокум ъанҳу фантаҳу». Ҳар он чи паёмбар (с) барои шумо бидиҳад, онро бигиред ва он чи шуморо аз он наҳӣ кунад, аз он бозистед ва даргузаред.

    Он зан гуфт: «Ман мисли ин чизро дар ҳамсари худат мебинам». Ибни Масъуд дарро боз кард ва гуфт: «Бирав назар кун, ки дар ҳамсари ман ҳаст ё не?»

    Вақте он зан ба назди ҳамсари ибни Масъуд рафта дид ва хостаашро пайдо накард, гуфт: «Чизе надидам». Яъне ҳамсари ибни Масъуд сўзанзанӣ ва абрўчинӣ намекард. Ибни Масъуд гуфт: «Агар ҳамсари ман он гунае ки ту мегўӣ мебуд, бо ў зиндагӣ намекардам, балки аз ў ҷудо мешудам.

    Аз ин ҳадиси муборак чанд фоидаеро аз худ кардан мумкин аст, аз ҷумла:

    1. – Сўзан задан ҳаром аст ва сўзанзану касе, ки талаб мекунад, ки ўро сўзан зананд бар лаънати расули Худо гирифтор мешаванд.

    2. Абрў чидан ҳаром аст ва касе, ки абрўчинӣ мекунад ва касе ки талаби чиндани абрўвонашро мекунад бар лаънати расули Худо гирифтор мешавад.

    3. Кушод кардани байни дандонҳо ҳаром аст ва касе ин корро анҷом медиҳад, бар лаънати расули Худо гирифтор мешавад.

    4. Касе, ки ин корҳоро анҷом медиҳад, ў халқи Худоро тағйир додаст ва бар лаънати расули Худо гирифтор мешавад.

    5. Итоати саҳобагон расули Худоро, чигунае ки ибни Масъуд, ин ҳадисро аз расули Худо шунид аҳли хонаводаашро аз ин амалҳо манъ намуд.

    6. Ҳар як мусулмон мувофиқи ончи ки расули Худо фармудааст, бояд амал кунад, зеро чигунае ки дар боло гузашт Худованд мефармояд: «Ҳар он чи паёмбар (с) барои шумо бидиҳад, онро бигиред ва он чи шуморо аз он наҳӣ кунад, аз он бозистед ва даргузаред».

    Имом Нававӣ дар китоби «Риёзусолиҳин» «Боғи накўкорон» як бобро бо номи ин амалҳо номгузорӣ карда, ҳадисҳои дар ин мавзўъ воридшударо зикр кардааст. Ў мегўяд:

    БОБИ 296. Таҳрими пайванди мўй ва холкўбӣ ва кушод кардани миёни дандонаҳо.

    Худованд мефармояд: Мушрикон намепарастанд ба ҷуз Худо, магар бутонеро, ки ба номи духтарон мусаммо кардаанд ва намепарастанд, магар шайтони дуррафта аз ҳадро. Худованд ўро лаънат кард ва шайтон гуфт: бигирам аз бандагон саҳме, ки дар илми азалӣ муайян шуда ва албатта гумроҳ кунам эшонро ва дар орзуи ботилашон афганам ва ҳароина бифармоям барои эшон, то бишгофанд гўши чорпоёнро ва амрашон кунам, то тағйир диҳанд офариниши Худоро.(Нисо: 117-119)

    1642 - Аз Асмоа (р) ривоят аст, ки зане аз паёмбар (с) савол намуда гуфт: Ё Расулуллоҳ! Духтарам ба марази сурхча гирифтор шудааст ва мўйҳояш рехта, ки акнун ўро ба шавҳар додам. Оё мўяшро пайванд занам? Фармуд:Худованд пайвандакунанда ва пайвандкардашударо лаънат кардааст.

    1643 - Аз Ҳумайд ибни Абдурраҳмон ривоят аст, ки вай аз Муъовия (р) дар соле, ки ҳаҷ намуд, болои минбари Набавӣ шунид, дар ҳоле ки ў дастаи мўеро, ки ба дасти нигаҳбоне буд, гирифта ва гуфт: Эй мардуми Мадина, уламои шумо куҷоянд?

    Аз паёмбар (с) шунидаам, ки аз мисли ин кор (пайванди мўй) манъ намуда ва мефармуд: ҳамоно бани Исроил ҳалок шуд, замоне, ки занонашон ин корро карданд. 506

    1644 - Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) зани пайвандкунандаи мўй ва занеро, ки мўяш пайванд шавад ва зани сўзанзананда (холкўбикунанда) ва зани сўзанзадашударо лаънат намуд.

    1645 - Аз Ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки гуфт: Худо лаънат кунад, занони сўзанзанандаро ва занонеро, ки мехоҳанд сўзан зада шаванд ва занонеро, ки аз дигаре мехоҳанд абрўяшонро ислоҳ кунад ва заноне, ки миёни дандонҳояшонро кушод намуда хилқати Худоро тағйир медиҳанд. Зане дар ин маврид эътироз намуд. Ў гуфт: чаро касеро ки Расули Худо (с) лаънат карда, лаънат накунам, дар ҳоле ки он дар китоби Худо аст.

    Аллоҳ таъоло мефармояд: Ва мо отокуму-р-расулу фахузуҳу ва мо наҳокум анҳу фантаҳу. Ҳар он чи паёмбар (с) барои шумо бидиҳад, онро бигиред ва он чӣ шуморо аз он наҳй кунад, аз он бозистед ва даргузаред.

    Инчунин олимони ислом бинобар ин ҳадисҳои гузашта бар ҳаром будани ин амалҳо фатво додаанд.

    Ибни Усайминро аз ҳукми чиндани абрўвон пурсиданд ва хусусан дар ҳоле, ки абрўвон ғафс ва зиёд бошанд ва шавҳарро аз он хуш наояд, оё ба тартиб даровардани абрўвон барои зебогӣ ба хотири шавҳар ҷоиз аст?

    Ў чунин ҷавоб гуфтааст: «Чиндани абрўвони зан ҷоиз нест ва ин он амале аст, ки расули Худо кунандаашро лаънат гуфтааст».

    Пас чиндани абрўвон ва касе, ки худаш абрўвонашро мечинад, амали ҳаромро ба ҷой овардааст ва бар лаънати расули Худо гирифтор шудааст.

    Худованд чигунае ки инсонро халқ кардааст, беҳикмат нест, баъзеҳоро зебо халқ кардааст ва баъзеҳоро дигархел ва амри ин корҳо ба дасти Худованд аст, чигунае ки хоҳад мекунад ва инсон бояд сабр кунад ва он чизе, ки Худованд ҳаром гардонидааст барои хоҳишоти нафсонияш анҷом надиҳад.

    Ва фикри ман ин аст, ки ў аз абрўвонаш кам ё кўтоҳ накунад ва начинад, магар ин ки агар мўйҳое берун аз абрўвон бошад, мисли холи мўйдор, ҷоиз аст, ки онро барчинад.

    Инчунин бардоштани абрўвони аслӣ ва гузоштани абрўвони сунъӣ ҳаром аст, зеро ин ҳам барои саломатии инсон зарар дорад ва ҳам тағйир дар халқи Худованд аст.

    Инчунин ибни Боз пурсида шуд, ки ҳукми кўтоҳ кардани мўйҳои зиёдатӣ аз абрўвон чист?

    Гуфт: Кўтоҳ кардан ва гирифтани мўйи абрўвон ҷоиз нест ва дар ҳадисе, ки аз расули Худо ривоят шудааст, ки гуфт: «Худованд абрўчин ва касе ки талаби чиндани абрўвонашро мекунад, лаънат кардааст».

    Пас чиндани абрўвон ҳаром аст, вале агар дар рўйи зан мўй бошад, мисли риш ё мўйлаб, ё дар дасту пояш мўй бошад ҷоиз аст, ки онҳоро тоза кунад бо чиндан ё кўтоҳ кардан ё тарошидан.

    Инҷо суоле ба вуҷуд меояд, ки дар ҳадис чиндани абрўвон омадааст, агар касе тарошад ё бо қайчӣ кўтоҳ кунад, ин ҳукмаш чӣ мешавад?

    Абрў чиндан бо ҳар номе, ки номида шавад, ҳукмаш ҳаром будан аст, яъне хоҳ бо қайчӣ кўтоҳ кунад ё тарошад ё чинад, дар ҳама ҳолатҳо ҳаром аст, зеро тағйир дар халқи Худо дар ҳамаи ин вуҷуд дорад.

    Шояд касе гўяд, ки ин барои занҳо ҳаром аст, барои мардҳо чӣ, оё агар мард ин амалҳоро анҷом диҳад, барои ў ҳалол аст?

    Ин амалҳо аз ҷумлаи гуноҳони кабира ҳисоб мешавад, агарчанде инҷо номи зан бурда шудааст, вале агар мардон ҳам ин амалҳоро анҷом диҳанд, зери ин лаънат дохил мешавад. Пас инсон хуб аст, ки аз ин амалҳо дур бошад хоҳ зан бошад хоҳ мард.

    Абрў чиндан ва зарарҳои ҷисмонии он

    Аз нигоҳи тиб ҳам абрў чиндан барои инсон зарар дорад, зеро ба сабаби ин атрофи чашм варам карда, сурхӣ дар он ба вуҷуд меояд, ки табибон ҳам ин огоҳиро додаанд.

    Пас ҳаром гардонидани ин амал аз ҷониби ислом бе ҳикмат набудааст, зеро бар ҷисми инсон ҳам ин зарар дорад.

    Вале аз ҳама муҳим барои мусулмонон ин аст, ки модоме ки Расули Худо амр намудааст, пас бояд иҷро кунад ва дар ин ҳолат ў мувофиқи гуфтаи Худованд амал кардааст.

    Ин ҷумлаҳои мухтасаре буданд, ки хулосаи ҳукми ислом ва фатвоҳои олимонро дар ин мавзўъ зикр кардам.

    Аз Худованд талаб дорам, ки ҳамаро ба роҳи рост ва амали нек ҳидоят фармояд ва аз амалҳои баду ношоям нигаҳ дорад.

    Назари ту бароямон муҳим аст