Фазилату мартабаи муҳоҷирон ва ансори асҳоби Паёмбар (с)

Нависанда : Мусъаби Ҳамза

Гузориши мухтасар:

Собиқини аввалин аз муҳиҷирон ва ансор. Собиқини аввалин аз муҳоҷирон пешқадамон ва сабқаткунандагони нахустини аз асҳобеанд, ки ба ҳар ду қибла намоз хондаанд, яъне собиқаи онҳо дар ислом ба аҳде мерасад, ки ҳар ду қибларо дарёфтаанд.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Фазилату мартабаи муҳоҷирон ва ансори асҳоби Паёмбар (с)

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Тафсир Мафоҳимул Қурон

    Таҳияи Мусъаби Ҳамза

    2011 - 1432

    ﴿ فضل ومرتبة المهاجرين والأنصار ﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد: مصعب حمزة

    2011 - 1432

    Фазилату мартабаи муҳоҷирон

    ва ансори асҳоби Паёмбар (с)

    ﭽوَٱلسَّٰبِقُونَ ٱلۡأَوَّلُونَ مِنَ ٱلۡمُهَٰجِرِينَ وَٱلۡأَنصَارِ وَٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُم بِإِحۡسَٰنٖ رَّضِيَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُواْ عَنۡهُ وَأَعَدَّ لَهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي تَحۡتَهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ١٠٠ ﭼ [التوبة: 100]

    «Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирон ва аҳли Мадина, ки пешқадам шуданд ва онон, ки ба некӣ аз паяшон рафтанд, Худо хушнуд аст ва онҳо низ аз Худо хушнуданд. Барояшон биҳиштҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд, омода кардааст, Ин аст комёбии бузург!» Сураи Тавба, ояи 100

    Собиқини аввалин аз муҳиҷирон ва ансор. Собиқини аввалин аз муҳоҷирон пешқадамон ва сабқаткунандагони нахустини аз асҳобеанд, ки ба ҳар ду қибла намоз хондаанд, яъне собиқаи онҳо дар ислом ба аҳде мерасад, ки ҳар ду қибларо дарёфтаанд. Ё касонеанд, ки шоҳиди «Байъату-р-ризвон» будаанд. Ё аҳли «Бадр»-анд ва беҳтаринашон хулафои чаҳоргонаанд, ба тартиб. Сипас шаш тани боқимонда аз ашараи мубашшара, он гоҳ – аҳли Бадр, сипас муҷоҳидони Уҳуд, он гоҳ аҳли Байъату-р-ризвон дар Ҳудайбия. Собиқини аввалин аз ансор нахустин пешгомоне аз ансор ҳастанд, ки бо Расули Худо (с) дар Байъати Ақабаи аввал ва дуввум байъат кардаанд, ки теъдодашон дар Байъати Ақабаи аввал ҳафт нафар ва дар Байъати Ақабаи дуввум ҳафтод нафар буд. Ва касоне, ки бо некӯкорӣ аз эшон пайравӣ кардаанд. Яъне, касоне, ки аз нахустин пешравони пешгоми муҳоҷир ва ансор пайравӣ кардаанд. Эшон дунболаравон ва аз пай ояндагони онҳоанд, аз саҳоба ва тобиине, ки баъд аз эшон омадаанд, ё то рӯзи қиёмат меоянд, дар сурате, ки аз нахустин пешгомони дину даъват, ё некӯкорӣ дар кирдору гуфтор пайравӣ кунанд. Оре, ҳамин пешгомони нахустин аз муҳоҷирон ва ансор ва пайравони ростини эшон ҳастанд, ки Худо аз эшон хушнуд шуд ва тоату ибодаташонро пазируфт ва аз тақсироташон даргузашт ва бар онҳо хашм нагирифт ва эшон низ аз Ў хушнуд шуданд бар он чи, ки аз фазли хеш ба эшон ато кард ва аз неъмати диниву дунявии хеш бар эшон фуруд овард. Ва барои эшон ҳамроҳ бо ризои хеш боғҳое омода карда, ки аз зери он наҳрҳо равон аст, ҳамеша дар он ҷовидонанд. Ин аст ҳамон комёбии бузург!

    Пас, ин оя гувоҳӣ ва муждаву башоратест аз сӯи Худои бузург ба биҳишт ва растагорӣ дар охират барои пешравону пешгомони асҳоби Паёмбар (с), чунонки ин оя муждабахши касоне низ ҳаст, ки раҳрави роҳи эшон буда ва эшонро барои худ пешво ва намуна қарор медиҳанд.

    Назари ту бароямон муҳим аст