Рӯза ва таровеҳ аз василаҳои мағфират

Нависанда : Мусъаби Ҳамза

Гузориши мухтасар:

Касоне, ки рӯзаи моҳи Рамазонро бо имон ва қасди савоб бигиранд тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Рӯза ва таровеҳ аз василаҳои мағфират

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳияи: Мусъаби Ҳамза

    2011 - 1432

    ﴿ الصيام والتراويح من وسائل مغفرة الذنوب ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: مصعب حمزة

    2011 - 1432

    Рӯза ва таровеҳ аз василаҳои мағфират

    Аз Абӯҳурайра (р.з) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Касоне, ки рӯзаи моҳи Рамазонро бо имон ва қасди савоб бигиранд тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, низ касоне, ки дар шабҳои Рамазон бо имон ва қасди савоб навофил (таровеҳ ва таҳаҷҷуд) бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онон авф мешаванд. Инчунин касоне, ки дар шаби қадр бо имон ва қасди савоб навофил бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онон авф мешаванд». (Бухорӣ ва Муслим).

    Шарҳи ҳадис

    Дар ин ҳадис рӯзаи Рамазон ва хондани нафл дар шабҳои он, ба вижа дар шаби қадр василаи мағфирати гуноҳон зикр шудаанд. Ба шарте, ки ин рӯзаҳо ва нафлҳо ҳамроҳ бо имон ва иҳтисоб бошанд. Ин имон ва иҳтисоб истилоҳоти хоси динӣ ҳастанд ва ҳадаф аз онҳо ин аст, ки мақсад аз ҳар амали нек фақат имон бар Худо ва Расул, бовар ба ваъда ва ваъиде, ки баён кардаанд ва умедвор будан ба аҷру савоб бошад. Дигар ангезае барои анҷоми он мавҷуд набошад.

    Иртиботи мо аз тариқи ҳамин ва иҳтисоб бо Аллоҳ таъоло барқарор мешавад, зеро ҳамин имон ва иҳтисоб рӯҳу қалби амалҳои мо ҳастанд. Агар ингуна бошанд, амалҳое, ки зоҳиран бисёр муҳим ва бузург ҳастанд, беҷон ва маснуъӣ қарор гирифта ва худое нахоста, дар рӯзи қиёмат монанди пулҳои дурӯғин ҳеҷ арзише нахоҳад дошт ва ҳамроҳ бо имон ва иҳтисоб як амали одамӣ чунон дар назди Худо азиз ва боарзиш аст, ки ба туфайл ва майманати он гуноҳони солиёни мутамоддии ӯ авф ва бахшида мешаванд. Худованди муттаъол моро низ аз ин сифати имон ва иҳтисоб мустафид ва баҳраманд созад.

    Назари ту бароямон муҳим аст