Насиҳате барои ҷавонони мусулмон

Гузориши мухтасар:

Насиҳати ман ба ҷавонони мусалмон инаст, ки талош намоянд улуми динӣ ва шариатро аз уламои муътамад ва мутмаъине дарёфт кунанд, ки «илм»у «тақво» ва «эътидол» дар онҳо бо ҳам ҷамъ шуда ва ҳеҷ гуна фосилае байнашон вуҷуд надошта бошад.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Насиҳате барои ҷавонони мусулмон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Суннӣ нюз: sunninews.net/tj

    2012 - 1433

    نصيحة لشباب المسلم

    «باللغة الطاجيكية»

    موقع سني نيوز: sunninews.net/tj

    2012 - 1433

    Насиҳате барои ҷавонони мусулмон

    Насиҳати ман ба ҷавонони мусалмон инаст, ки талош намоянд улуми динӣ ва шариатро аз уламои муътамад ва мутмаине дарёфт кунанд, ки «илм» у «тақво» ва «эътидол» дар онҳо бо ҳам ҷамъ шуда ва ҳеҷ гуна фосилае байнашон вуҷуд надошта бошад.

    Поя ва асоси улуми шариат иборат аст аз: «Китоб» ва «Суннат» ва локин ҳар кас бихоҳад он дуро дарк кунад ва бифаҳмад, ба ҳеҷ ваҷҳ аз тафсири муфассирин, шарҳи шориҳин ва фиқҳи фуқаҳо бениёз намешавад. Зеро онҳо касоне ҳастанд, ки ҳар кадом ба навъе ба Китоб ва Суннат хидмат карда ва усулу фуруъашро ба хубӣ дар ҷойгоҳи воқеъияшон қарор дода ва дар ҳам наёмехта ва бароямон мероси бузурге бар ҷой ниҳодаанд, ки ҳеҷ кас аз он, ҷуз афроди мағруру нодон ба мухолифат ва инкор напардохтааст.

    Касе, ки муддаъии илми Китобу Суннат аст, дар ҳоле ки ба уламои уммат таъна зада ва айбҷӯӣ мекунад, наметавон ӯро дар таъолими динӣ мавриди имтеънон ва эътимод қарор дод ва касе, ки ба ҷои Қуръон ва Ҳадис, аз уламо ва китобҳое истифода мекунад, ки суст ва матруканд ва дорои далоили ғайримустаъмал ва беасос ҳастанд, ба таҳқиқ асли дин ва масдари қавонину ташреъро муҳмал ва бекор гузошта ва бидуни истифода раҳо кардааст.

    Дар байни уламои динӣ, афроди зиёде пайдо мешаванд, ки дар яке аз шохаҳои фарҳангу маъорифи исломӣ (монанди илми тахрих, фаласафа ва ё тасаввуфу ғайра) тахассус доранд, аммо ҳеҷгоҳ худ мустақиман бо Китобу Суннат пайванде барқарор накарда ва бо онҳо ба таври мустақим сару коре надоранд.

    Ҳар як аз ин афрод мебоист дар умур ва корҳои махсуси ба худ ба хидмат гирифта шаванд ва набояд ба онҳо барои фатво ва судури аҳком эътимод кард, зеро аҳли он нестанд ва салоҳияти онро надоранд, ки илми шариъатро аз онон дарёфт кунанд.

    Ҳамчунин дар байнашон касоне ҳастанд, ки бо ҳунар ва фанни баёну даъват ва таблиғу суханронӣ, ба хубӣ ошно ва мусаллат ҳастанд ва қудрати нуфузи каломро ҳам доранд ва бар шунавандагон низ таъсир мегузоранд ва ҳатто дилҳои тактакашонро ба ларза дармеоваранд ва такон медиҳанд, аммо дар ин ҷо набояд иштибоҳ кард; чун ин бадон маъно нест, ки онҳо аҳли илму таҳқиқ ҳам ҳастанд ва он чиро, ки мегӯянд аз рӯи таҳқиқ мегӯянд ва чизи росту собитеро пешкаш мекунанд, балки бештар он чӣ мегӯянд, суханони дарҳам омехта аз фосиду муҳкам, беарзишу устувор, дурусту нодуруст, асилу дахил, хурофоту ҳақиқат ва ғайра мебошад ва аксари ин масоил бар онон муштабаҳ шудааст ва бадин сурат бидуни илму огоҳӣ фатво медиҳанд ва мардумро гумроҳ карда ва худ низ гумроҳ мешаванд ва натиҷатан бо ин корашон, маротибу дараҷотро низ дарҳам меомезанд; ба гунае, ки кӯчакро бузург, бузургро кӯчак, соддаро сахт ва сахтро содда ҷилва медиҳанд ва шунавандагоне, ки мавриди таъсири суханонашон воқеъ мешаванд, ба ҳусни услуб ва равишу сеҳрафсуни гуфторашон эътиқод пайдо мекунанд: суханону андарзҳояшон чӣ накӯст, чӣ хубаст, онҳоро бигирем ва бишнавем ва ҳифз кунем!!.

    Албатта ин, ки ваъзу суханронӣ, худ як фанну ҳунар аст ва фиқҳу таҳқиқ, фанну ҳунари дигар, бар касе пӯшида нест, аммо ҳаргиз дуруст нест, ки агар касе битавонад якеро ба хубӣ ва зебоӣ анҷом диҳад, бинобарин дигареро ҳам ба хубӣ адо мекунад!

    Илми беамал арзиш надорад

    Ҳамчунин илми ҳеҷ олиме пазируфта намешавад, магар ин, ки бо амал ба он ҳамроҳ бошад.. ва ба ибораи дигар: Дар ҳар касе, ки даъвои олим буданро мекунад, «илм» ва «амал» бояд дар ӯ якҷо бошанд. Ин ҳамон чизест, ки мо аз он ба «вараъ» ва «тақво» таъбир мекунем. Тақвое, ки асоси он тарс аз Худованди мутаъол аст ва тарсе, ки самараи ҳақиқӣ ва ростин мебошад: «إنما يخشي‌ الله‌ من‌ عباده‌ العلماء», «Танҳо бандагони олиму донишманд аз Худо тарси омехта бо таъзим доранд».

    Ин ҳамон тарс ва хашятест, ки олимро аз ин, ки гуфтору суханонашро бидуни илм ва огоҳӣ ба Худо нисбат диҳад, боз медорад ва намегузорад илмашро дар хидмати низом ва султаи дигар ғайр аз низоми Ислом ва султаи Илоҳӣ маҳдуд кунад ва динашро ба дунё бифурушад.

    Саввумин сифате, ки бояд дар ин аср дар вуҷуди касе, ки аз ӯ илм ахз ва дарёфт мешавад, нуҳуфта бошад ва дар канори ду сифати пешин қарор гирад, «эътидол ва миёнаравӣ» аст. Сифате, ки фақат махсуси дини Ислом аст ва адёни дигар фоқиди онанд. Мо дар ин аср ду гуруҳи мутазодеро, ки дар ду нуқтаи муқобили ҳам қарор гирифтаанд ва аз мунтасибини ба илм ҳам ҳастанд, мешиносем: яке «ифротиҳо» ва дигаре «тафриткунанадгон» ё «ғулувкунандагон» ва «дуригузидагон» ва ҳамчуноне, ки имом Ҳасани Басрӣ гуфтааст: «Ин дин байни ғулувкунандагон дар он ва дурикунандагон аз он, зоеъ ва табоҳ мешавад».

    Дар байни онон касонеро меёбем, ки то ҷое пеш мераванд, ки бар мардум тамоми чизро ҳаром мекунанд ва дар муқобил касоне пайдо мешавад, ки тамоми чизро мубоҳ мепиндоранд.

    Ва низ афродеро мебинем, ки боби иҷтиҳодро ба таври куллӣ мебанданд ва тақлид аз айни мазҳабро воҷиб медонанд ва дар нуқтаи дигар бо афроде мувоҷеҳ мешавем, ки аз тамоми мазоҳиб айбҷӯӣ карда ва иҷтиҳодашонро ба девор мекӯбанд.

    Ҳамчунин дар миёнашон афроди дигаре ёфт мешаванд, ки фақат мутамассик ба зоҳири нусус ҳастанд, бидуни ин, ки ба мақосид ва муҳтавои он назар кунанд ва қавоидашро риъоят намоянд ва дар баробараш таъвилкунандагонеро мебинем, ки нусусро ин даст ва он даст мекунанд ва аз он хамири нарм ва шаклпазире месозанд ва ба ҳар шакл аз маъонӣ ва мазомине, ки бихоҳанд дар меоваранд.

    Ва аммо гуруҳи матлуб ва мавриди итмеънон, гуруҳи васат ва муътадили онҳост. Гуруҳе, ки байни ақле, ки солим ва олим бошад ва қалбе, ки хошеъу худотарс аст, ҷудоӣ намеафкананд ва байни воҷиби мавриди назар ва вазъи мавҷуд ва воқеъи зиндагӣ, созгорӣ барқарор намуда ва онҳоро ислоҳ ва бо ҳам ҷамъ мекунанд ва байни орзӯҳои хавос ва ранҷҳову дардҳои авом низ, фарқ қоиланд ва қаламрави ихтиёри худро ҳамроҳ бо вусъат ва ҳудуди аҳком ва заруриёташро ба хубӣ медонанд ва тасоҳул ва осонгарӣ, онҳоро ба аз байн бурдани мавонеъ ва фосилаҳо байни ҳалолу ҳаром, водор намесозад. Ҳамчунин эҳтиёт ва мустаҳкамкорӣ, онҳоро ба ташаддуд ва сахтгирӣ бар бандагони Худо во намедорад.

    Худованд пешвои Ҳадис ва фиқҳу тақво; «Суфёни Саврӣ»ро раҳмат кунад, онгоҳ, ки гуфт: «Он илме, ки осонгир ва тахфифдиҳанда аст, танҳо аҳли сиққа онро медонанд, зеро ҳама кас илми ташдид ва сахтгириро хуб ва накӯ мепиндоранд».

    Назари ту бароямон муҳим аст