Чаро Худованд моро офарида аст?

Гузориши мухтасар:

Аллоҳ таъоло бандагони худро дар ин дунё наофарида аст, магар барои ҳикмати бузурге, ва он ҳикмати бузург Худовандро ягона парастидан ва дур будан аз ширк мебошад.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Чаро Худованд моро офарида аст?

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Нависанда: Абдусатори Ҳақназар

    2014 - 1435

    لماذا خلقنا الله؟

    «باللغة الطاجيكية»

    تأليف: عبد الستار حقنظر

    2014 - 1435

    Чаро Худованд моро офарида аст?

    Аллоҳ таъоло бандагони худро дар ин дунё наофарида аст магар барои ҳикмати бузурге, ҳикмате ки бояд ҳар як бандаи мусалмонаш аз он огоҳ буда ва ҳадафи асосии ҳар як мусалмон дар ин дуён бояд барои баҷо овардани он ҳикмат бошад. Аллоҳ таъоло мефармояд:

    ﴿أَفَحَسِبۡتُمۡ أَنَّمَا خَلَقۡنَٰكُمۡ عَبَثٗا وَأَنَّكُمۡ إِلَيۡنَا لَا تُرۡجَعُونَ ١١٥﴾ [المؤمنون : ١١٥]

    "Оё гумон кардаед ки мо шуморо беҳуда офаридаем, ва инки шумо басуй мо боз гардонида намешавед".

    Муъминун 115

    Яъне: Оё гумон бурдаед ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо басуй мо бар намегардед ки бар аъмолатон ҳисобу китобатон кунем? На! Ҳаргиз чунин нест. Балки ҳамаи мо басуй Парвардигорамон баргашта ва бар ҳар аъмоле ки дар ин дунё анҷом додаем ҳисобу китоб мешавем. Рӯзе ки номаи аъмоли ҳар банда бар дасташ дода мешавад, мебинад ки ҳар кори хубу баде ки анҷом дода аст дар он навишта шуда аст, Дар он рӯз дар ҳайрат монда мегуяд:

    ﴿... وَيَقُولُونَ يَٰوَيۡلَتَنَا مَالِ هَٰذَا ٱلۡكِتَٰبِ لَا يُغَادِرُ صَغِيرَةٗ وَلَا كَبِيرَةً إِلَّآ أَحۡصَىٰهَاۚ وَوَجَدُواْ مَا عَمِلُواْ حَاضِرٗاۗ وَلَا يَظۡلِمُ رَبُّكَ أَحَدٗا ٤٩﴾ [الكهف: ٤٩]

    "Ва мегуянд: Эй вой бар мо, ин чи номае аст, ки ҳеҷ хурду калонро нагузошта аст, магар инки онро ба ҳисоб оварда аст, ва ончиро ки карда буданд ҳозир мебинанд, ва Парвардигори ту ҳеҷ касеро зулм намекунад".

    Каҳф 49

    Ин номае аст, ки ҳеҷ гуноҳи хурду калонро нагузошта аст, магар инки онро дар бар гирифта аст. Ва ин дар бораи гунаҳгороне аст, ки гирифтори гуноҳони калон шуда ва аз он тавба накарданд ва онҳо гуноҳони хурди худро низ дар номаи аъмолашон мебинанд. Аммо касоне ки аз гуноҳони калон дури мекунанд, мебинанд ки гуноҳони хурдашон аз номаи аъмолашон тоза шуда аст.

    Аллоҳ таъоло дар сураи зориёт мақсад аз офаридани моро баён карда мефармояд:

    ﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ ٥٦﴾ [الذاريات: ٥٦]

    "Ва ҷину инсро наофаридаам магар барои онки манро ибодат кунанд".

    Зориёт 56

    Дар забони араби ибодат ба маънои (зиллат ва сархами) мебошад, яъне: Наофаридам ҷин ва инсро магар барои онки дар пешгоҳи ман сархами ва бандаги кунанд. Уламои аҳли суннат бар онанд ки: "Ибодат: иборат аз шиносои Парвардигор ва ихлос доштан бар Парвардигор дар он шиносои мебошад, барои ҳамин мақсад аз ибодат парастиши Парвардигор ва шиносоияш аст".

    Тафсири анворул Қуръон ( Ҷ 5 \ С 493) .

    Ва албатта шиносои Аллоҳ таъоло бо омухтани илми шариъат ва дини ислом мешавад.

    Ва баъд аз ин оят Аллоҳ таъоло мефармояд:

    ﴿مَآ أُرِيدُ مِنۡهُم مِّن رِّزۡقٖ وَمَآ أُرِيدُ أَن يُطۡعِمُونِ ٥٧ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلرَّزَّاقُ ذُو ٱلۡقُوَّةِ ٱلۡمَتِينُ ٥٨﴾ [الذاريات: 57، ٥٨]

    "Аз онон (ҷин ва инс) ҳеҷ ризқе намехоҳам ва намехоҳам ки манро таъом диҳанд, бегумон Аллоҳ таъоло ризқ диҳанда ва дорои қуввати матин аст".

    Зориёт 57/58

    Яъне: Аллоҳ таъоло аз офариниши онон манфиъатеро барои худ намехоҳад балки Аллоҳ таъоло бениёз ва ризқ диҳандаи бемаҳдудият аст.

    Аллоҳ таъоло барои бандагонаш ризқ диҳанда ва меҳрубон аст, агар Ӯро яктову ягона парастиш кунанд, ва инчунин неруманд ва устувор аст барои касоне ки Ӯро намепарастанд ва бо Ӯ дар ибодаташон шарик мегиранд ва онҳоро дар дунё ва охират сазовори азобаш мегардонад.

    عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ عَنْ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «إِنَّ اللهَ تَعَالَى يَقُولُ: "يَا ابْنَ آدَمَ؛ تَفَرَّغْ لِعِبَادَتِي أملأ صَدْرَكَ غِنَىً، وَأَسُدَّ فَقْرَكَ، وَإِلاَّ تَفْعَلْ مَلأْتُ صَدْرَكَ شُغْلاً، وَلَمْ أَسُدَّ فَقْرَكَ".

    قَالَ أَبُو عِيسَى: هَذَا حَدِيثٌ حَسَنٌ غَرِيبٌ. أَخْرَجَهُ أَحْمَدُ «الْمُسْنَدُ» (2/358) .

    Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (дуруду саломи Худо бар ӯ бод) гуфт: Аллоҳ таъоло мегуяд: "Эй фарзанди одам! Барои ибодати ман фориғ шав, синаатро аз тавонгари ва бениёзи пур месозам ва дари фақрро бар рӯят мебандам, Вале агар чунин накуни синаатро аз саргардони пур месозам ва фақрро бар рӯят намебандам".

    АбуИсо гуфтанд: Ин ҳадиси ҳасани ғариб аст, ва имом Аҳмад онро дар Муснад (2\358) ривоят кардааст.

    Аллоҳ таъоло одамизодро ақл дод, ва барояшон Паёмбарон фиристод, ва китобҳо нозил кард, Пас агар пайдоиши инсон бе ҳикмат мебуд, инчунин фиристодани Паёмбарон ва нозил кардани китобҳои осмониҳам бе ҳикмат мешуд. Лекин ҳаргиз инчунин нест. Балки Аллоҳ таъоло Паёмбаронро фиристод то бандагони Худоро ба парастиши ӯ даъват карда ва аз шарик гирифтан бо Ӯ дар ибодат манъашон кунанд. Аллоҳ таъоло мефармояд:

    ﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ ٣٦﴾ [النحل: ٣٦]

    "Ҳар ойна дар миёни ҳар уммате Паёмбаре фиристодем ки Худовандро бипарастед ва аз тоғут бипарҳезед".

    Наҳл 36

    Тоғут: Касеро мегуянд ки ба ғайр аз Аллоҳ таъоло ибодат карда шавад ва ӯ аз он ибодат рози бошад. Ба монанди Фиръавн ки уро ибодат мекарданд ва ӯ рози буд, балки даъвои Худои мекард, Пас ӯ аз ҷумлаи тоғутҳо мебошад.

    Аммо ҳазрати Исо (ъ) ки насоро ӯро ба ғайр аз Аллоҳ мепарастанд дар ҳоле ки ӯ аз парастишашон розӣ нест ва қавмашро мегуфт ки танҳо Аллоҳ таъолоро бипарастед.

    Инчунин Аллоҳ таъоло Қуръони карим ва дигар китобҳои осмониро барои ҳадафи бузурге нозил кард, то инки мардумро ҳушдор диҳанд ва ба роҳи ҳақ ва пайрави аз Паёмбаронаш роҳнамои кунанд. Аллоҳ таъоло мефармояд:

    ﴿تَبَارَكَ ٱلَّذِي نَزَّلَ ٱلۡفُرۡقَانَ عَلَىٰ عَبۡدِهِۦ لِيَكُونَ لِلۡعَٰلَمِينَ نَذِيرًا ١﴾ [الفرقان: ١]

    "Бузург аст он зоте ки бар бандаи худ фурқон нозил кард то барои оламиён ҳушдор диҳандае бошад".

    Фурқон 1

    Фурқон: Қуръон аст, ки миёни ҳақ ва ботил ҷудои месозад, ва ҳидоятро аз гумроҳи, ҳалолро аз ҳаром барои оламиён баён мекунад.

    Пас дар охир ба чунин хулоса мерасем ки Аллоҳ таъоло Паёмбаронро фиристод, ва Қуръонро бо дигар китобҳои осмони нозил кард, то инки инсу ҷинро аз он ҳадафи бузурге ки барояш офарида шудаанд огоҳ ва ҳушдор созад, ки он ибодат ва парастиши танҳо Аллоҳ таъоло мебошад.

    Назари ту бароямон муҳим аст