Абдушшариф Боқизода - Мақолаҳо
Теъдоди матолиб: 9
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдушшариф Боқизода
Муаллифи ин мақола мавзуъҳо хело муҳимро дар масалаи ғусл зикр мекунад аз ҷумла: • Тариқаи ғусл кардан. • Мўҷиботи ғусл. • Истифода аз ғилофак. • Фарзҳои ғусл. • Суннатҳои ғусл. • Аҳкоми ғусл. • Баъзе масоили ин боб. Ва дигар масалаҳое, ки барои ҳар як мард ва зани мусалмон зарур аст дар ин боб бо як шарҳи муфассал баён карда шудааст.
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдушшариф Боқизода
Муаллифи ин мақола мавзуъҳои хело муҳимро дар масалаи таяммум зикр мекунад аз ҷумла: • Дар ҳолатҳои зерин ба ҷои вузў ва ғусл таяммум карда мешавад. • Тариқаи таяммум кардан. • Аҳкоми таяммум. • Фарзҳои таяммум. • Суннатҳои таяммум. • Шартҳои дуруст гардидани таяммум. • Шиканандаҳои таяммум. • Тафсили порае аз масоили таяммум. Ва дигар масалаҳое, ки барои ҳар як мусалмон зарур аст, дар ин мақола бо як шарҳи муфассал баён карда шудааст.
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдушшариф Боқизода
Ҳайз хунест, ки аз раҳми (бачадони) занҳои болиғ дар вақтҳои муайян мебарояд. Камтарин муддати ҳайз се шабонарўз ва дарозтарини он даҳ шабонарўз аст. Занони ҳайзбинанда ба се даста тақсим мешаванд: 1. Мубтадиа. 2. Мўътода. ва 3. Мустаҳоза. Нифос хунест, ки пас аз таваллуд шудани тифл аз раҳми (бачадон) модар хориҷ мешавад. Занони нифосбинанда низ ба мубтадиа (навнифосбин) ва мўътода (одатдошта) тақсим мешаванд. Дар ин мақола низ аз корҳое, ки барои зан дар аснои ҳайзу нифос мамнўъ ва ҳаром аст. Ва корҳое, ки барои занон дар аснои ҳайзу нифос мубоҳ (ҷоиз) мебошанд тавзеҳ дода шудааст.
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдушшариф Боқизода
قال الله تعالى: { يُرِيْدُ اللهُ بِكُمُ اليُسْرَ وَلاَ يُرِيْدُ بِكُمُ العُسْرَ } «Худованд осониро барои шумо мехоҳад ва сахтиву душвориро барои шумо намехоҳад». Барои эҷоди суҳулат дар анҷоми ибодатҳо шариъат як силсила сабукиҳоеро дар назар гирифтааст, ки масҳ кашидан бар масҳӣ, захмбанд ва … аз он ҷумла мебошанд. Масҳ аслан бо суннати Расули Худо (с) собит гардидааст. Аз ҷумла аз Алӣ ибни Абутолиб (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) муддати масҳро барои мусофир се шабонарўз ва барои муқим як шабонарўз муайян намудааст, он ҷо, ки мефармояд: «Мусофир то се шабонарўз ва муқим то як шабонарўз (бар мўзаҳояшон) масҳ мекашанд».
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдушшариф Боқизода
Дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва Қуръони карим бар қалби поки ҳазрати Муҳаммад (с) нозил гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукўҳ ҳаргиз надида буд. Дар он шаб нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо оғоз гардид.
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдушшариф Боқизода
Дар ривоятҳо омадааст, ки Расули Худо (с) мардумро ба қиёми шабҳои моҳи Рамазон бо баёни аҷру савоби он ҳавасманд мегардонд, вале онҳоро ба таври ҳатмӣ ва муаккад ба он амр намекард. Аз ҷумла, он Ҳазрат (с) мегуфт: «Касе шабҳои моҳи Рамазонро аз рўи имон ва ба умеди аҷру савоб барпо дорад, тамоми гуноҳони (хурди) гузаштааш бахшида мешаванд».Саҳеҳи Бухорӣ, 37, 2008, 2009. Дар ин мақола нависанда дар бораи намози тарових ва чанд ракаат аст баён мекунад
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдушшариф Боқизода
Яке аз суннатҳои моҳи Рамазон барвақт ифтор намудан аст. Паёмбар (с) мефармояд: «То замоне, ки мардум барвақт ифтор менамоянд, дар хайру хубӣ ҳастанд».Муттафақун алайҳ аст. Ин мақола дар бораи ифтор ва дар кадом вақт ифтор кардан хуб аст сухбат мекунад
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдушшариф Боқизода
Ҳамон тавре, ки гуфтем, рўзадор бояд аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб аз баъзе корҳо бипарҳезад ва агар яке аз онҳоро анҷом диҳад, рўзааш фосид мешавад. Маҷмўъаи ин корҳоро муфсидоти рўза меноманд. Бархе аз «муфсидоти рўза» чунон ҳастанд, ки бо содир кардани онҳо бояд ҳам қазои онро ба ҷо оварад ва ҳам каффорат бар ў воҷиб мегардад. Аз ҷумла:
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдушшариф Боқизода
Руза ибодатест, ки фоидаҳои фаровоне дарбар дорад мо дар инҷо саъи мекунем бархе аз фоидаҳои рузаро зикр кунем.