معلومات المواد باللغة العربية

Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Диданиҳо

Теъдоди матолиб: 192

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор ҳадисе аз ҳадисҳои Паёмбари акрамро шарҳ медиҳад, ва он ҳамон ҳадисе аст ки 7 гуруҳе дар зери сояи арши Худованд ҳифозат мешаванд дар рӯзе (рӯзи қиёмат) ки ягон сояе вуҷуд надорад магар сояи арши Худованд.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳ Пурдил дар ин навор дар бораи иллатҳои ҳаром гардонидани муҳаррамот суҳбат намуда барои мисол зарар ва наҷосатро зикр кардааст. Баъзе корҳое аст, ки барои зарарнок буданаш бар инсон ҳаром гардидааст ва баъзеи дигар барои наҷис буданаш.

  • Тоҷикӣ

    "Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи масъулияти мусалмон дар ҷомиа суханрони намуда баён мекунад, ки ҳар як мусалмон дар баробари муҷтамаъи худ се масъулият дорад: 1. Масъулияти мусалмон нисбат ба Парвардигораш. 2. Масъулияти ӯ нисбат ба мардум ва атрофиёнаш. 3. Масъулияти ӯ нисбат ба он чизе ки дар атрофаш аз наботот ва ҷимодот мебошад."

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор як достони бисёр ҷолиб ва ибратомезе дар бораи марг ва хотимаи хуб ва ё бад будани ҳар инсон қисса мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи қавитарин ва муассиртарини махлуқот дар рӯи замин суҳбат карда баён мекунад, ки бандаи муъмину мусалмон қавитарини махлуқот аст.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи озмоишоти Аллоҳ суҳбат карда, баён мекунад, ки озмоишоти Аллоҳ ду навъ мебошанд: Бало ва Ибтило. Худованд балоро болои касоне, ки бо Худо ва дини Ӯ меҷанганд нозил мекунад. Вале ибтилоро болои бандагони солеҳ ва парҳезгораш.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи гунаҳкорон ва золимон суҳбат карда онҳоро насиҳат мекунад, ки аз ин кори зишт ва бади худ даст кашанд ва бандагони Худоро зулму ситам накунанд. Зеро Худованди якто ин зулму ситами онҳоро беҷавоб намегузорад ва дар рӯзи қиёмат барои корҳои кардаашон дар назди Худо ҷавоб хоҳанд дод.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи суханон ва мадҳи Паёмбар (с) дар ҳаққи Ансорро баён мекунад, Паёмбари Худо дар маконҳо ва замонҳои гуногун аз Ансориҳо мадҳ ва бузургии онҳоро зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи зулм ва золимон суҳбат карда баён мекунад, ки Худованд зулмро бар худаш ҳаром гардонидааст ва инчунин онро байни бандагонаш низ ҳаром қарор додааст.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи издивоҷ ва арӯсии исломи суҳбат карда баён мекунад, ки издивоҷ хеле баракатҳои зиёд ва бешуморе дорад, монанди баракат дар зиндагии зану шавҳар, ки ин издивоҷ онҳоро аз корҳои бад ва зино боз медорад ва Худованд онҳоро баракат медиҳад. Ва инчунин муҷтамаъро аз фаҳшо ва зино боз медорад.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи чигуна ба даст овардани як зиндагии бобаракат суҳбат карда баён мекунад, ки ҳаёт ва зиндагӣ дар партави дини Ислом ва ҳаёти ҳалол ва покиза сабаби ҳосил шудани баракат мегардад. Ва барои исботи ин суханҳо чандто аз қиссаҳо ва достонҳое аз гузаштагони уммати исломӣ зикр мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи он саҳобагоне, ки Паёмбари Худоро бо ҷону дил қабул карданд ва аз он Ҳазрат ҳимоят карданд ва онҳо аҳли Мадинаи Мунаввара буданд, ки бо номи Ансор дар байни мусалмонон машҳуранд, суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи шукр ва ситоиши Худованд суҳбат мекунад, мусалмонон бояд шукри Худоро баҷо биоваранд, зеро ки Худованд неъматҳои зиёд ва гуногуне барои онон ато намудааст.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи яке аз бадтарин одатҳои Ҷоҳилият (даврони пеш аз Ислом) суҳбат карда баён мекунад, ки мардуми араб вақто ки духтардор мешуданд онро зинда ба хок мекарданд. Чаро онҳо ба чунин кор даст мезаданд? Ва Исломи азиз бо шиддат роҳи ин корро гирифт.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи зарарҳо ва бадиҳои моҳвораҳо ва каналҳое, ки ба воситаи антенҳо намоиш дода мешавад суҳбат мекунад, ки яке аз зарарҳои он ин аст, ки метавонад инсонро ба куфр барад ва аз ислом берун кунад.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи ислоҳ ва барпокардани як муҷтамаъи солим суҳбат карда, баён мекунад, ки агар муҷтамаъи солим бихоҳем бояд аз мункар наҳй кунем, ва алалхусус зидди мухаддирот, сигор ва арақ мубориза барем ва ин корро олимон ва донишмандон бо ҳам бояд иҷро намоянд.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи ғурур ва такаббури инсон дар муқобили Аллоҳ ва он неъматҳое, ки Худованд бар инсон додааст суханрони намуда баён мекунад, ки бо вуҷуди он ки Худованд барои инсонҳо неъматҳои бисёр ва фаровоне ато кардааст боз аз фармонҳои Ӯ рӯй гардонда ба корҳои гуноҳ ва маъсият даст мезананд.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи чаҳор чизе, ки нигоҳ кардан ба онҳо сабаби равшании чашм мегардад, суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор қиссаи фатҳи Маккаро ривоят карда баён мекунад, ки чигуна Паёмбари ғамхори башарият аз гуноҳи мушрикони Макка, ки муддати дароз бо ӯ душмани карданд ва ҷанг карданд, онҳоро мебахшад ва аз гуноҳашон гузашт мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи арзиши инсон аз нигоҳи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) суҳбат карда, баён мекунад, ки инсони босавод ва бо маърифат беҳтарин ва боарзиштарин маъдан мебошад.