معلومات المواد باللغة العربية

Ҳомидов Мисбоҳиддин - Мақолаҳо

Теъдоди матолиб: 9

  • Тоҷикӣ

    Дуъо неъмати бузурге ҳаст ки Худованд онро барои мо арзони доштааст, ва аз мо хостааст ки уро анҷом бидиҳем ва ваъда додааст ки онро аз мо бипазирад. Дуъо ҷойгоҳи баланде дар дин дорад, ҳеҷ неъмате нест, ки магар бо сабаби дуъо наомада бошад, ва ҳеҷ балое нест ки бо сабаби дуъо дур нашуда бошад, чунки дуъо далолат бар ягонапарасти ва ягона шинохтани Худованд мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Оё медонед падару модар киро мегуянд? Падару модар яъне сабаби пайдоиши инсон, барои ин ду шахс, бо баландтарин мартабаи эҳсону неки бояд рафтор кард. Некиву эҳсон бо падар, ба хотири он ки у ба сабаби фарзандаш тамоми машақатҳоро аз сар гузаронид то ки уро ба воя расонд, ва некиву эҳсон ба модар, ба хотир он ки у фарзандашро бо машақати зиёд ба дунё оварда ва тамоми раҳмату шафқаташро ба у бахшидааст.

  • Тоҷикӣ

    Бародару хоҳари азизам! ҳар яки мо дучори хатоҳо мешавем, ва ҳар яки мо эҳтиёҷи зиёде ба бахшишу мағфирати гуноҳоне дорем ки шабу руз аз дастамон сар мезанад, ва аз раҳмати Худованд бар мо ин аст, ки бароямон роҳҳо ва сабабҳои зиёде муҳаё сохтааст ки метавонем барои талаби бахшишу мағфират аз онҳо истифода барем.

  • Тоҷикӣ

    Мавзуъҳои ин мақола иборатанд аз: Маънои руза. Вақти руза. Моҳи рамазон бар ки фарз аст? Шартҳои фарзи руза чаҳорто мебошанд. Шартҳои қабули руза. Суннатҳои руза шашто мебошанд. Амалҳое ки рузаро ботил месозад. Рузаҳои мустаҳаб. Рузҳое ки руза доштанашон ҳаром аст. Хусусиятҳои моҳи рамазон. Насиҳатҳо. Закоти фитр.

  • Тоҷикӣ

    Моҳи шарифи Рамазон бо Қуръон иртиботи хоссе дорад, чунки Қуръон дар ин моҳ нозил шудааст, чуноне ки Худованд мефармояд: "Моҳи Рамазон, ки дар он Қуръони нозил шудааст" (Бақара 185).

  • Тоҷикӣ

    Барои ҳар як мусулмон лозим аст ки дар мавсимҳои тоату ибодат бепарвои накунад, ва мебояд дар пешвоз гирифтани чунин мавсимҳо кушиш кунад, ки аз пешқадамон гардад, чуноне ки Худованд мефармояд: "Ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд"(Мутафифин 26) Моҳи шарифи рамазонро ингуна пешвоз бигиред:

  • Тоҷикӣ

    Дили софу солим, суханҳо ва амалҳо бо оёт ва аҳодиси воридшуда дар ин мавзуъ, ва сабабҳои воқеъ шудан дар бадбини ва ҳиқду ҳасад, ва чигуна аз ин сифатҳои бад эмин мондан.

  • Тоҷикӣ

    Қудрати Худованди бузургро баёд биёр. Ба ёд дошта бош он ҳангомеро ки ба гуноҳе даст мезани, Худованд туро дида истодааст. Ба ёд дошта бош ки ин ҷасадро Худованд барои ту насиб кардааст, ва ту боши бо ҳамин ҷасад нофармонии уро мекуни, бидон ки ҳар лаҳзае мумкин аст, ки туро аз яке аъзоҳоят маҳрум гардонад.

  • Тоҷикӣ

    Фурсати гаронбаҳо барои зани мусулмон, даҳ насиҳат ки бисёр чизҳои муҳимро дар бар гирифтааст, аз ҷумла: намоз, руза, сатр ва дигар насиҳатҳои муҳим.