معلومات المواد باللغة العربية

Абдурраҳмон Раъфат Бошо - Мақолаҳо

Теъдоди матолиб: 9

  • Тоҷикӣ

    Амр ибни Ҷамуҳ дар даврони ҷоҳилият сарваре аз сарварони номдори Араб ва сардори мӯҳтарами қабилаи бани Салама ва яке аз саховатмандон ва дорои сифатҳои муруввату мардонагӣ дар Ясриб буд. Ӯ яке аз саҳобагони бузургворе буд, ки дар аввалҳои даъвати Паёмбар (с) исломро қабул кард ва дар ҷанги Уҳуд ба шаҳодат расид.

  • Тоҷикӣ

    Туфайл ибни Амри Давсӣ, яке аз бузургони маъруфи қабилаи Давс аст, ки дар давраи ҷоҳилият аз шӯҳрат ва номоварии хоссе дар байни мардум бархурдор буд. Ва ӯ яке аз саҳобагони бузургворе буд, ки дар аввалҳои даъвати Паёмбар (с) исломро қабул кард.

  • Тоҷикӣ

    Дар соли шашуми ҳиҷри ҳазрати Расули Худо (с) хост, ки қаламрави давлати исломиро густариш диҳад. Аз ин рў, ҳашт нома ба сарон ва руасои Араб ва Аҷам ирсол дошт ва дар он номаҳо ишонро ба Ислом даъват кард ва дар ҷумлаи ин руасо яке ҳам Сумома ибни Усоли Ҳанафи буд. Бидуни шак Сумома яке аз он шахсиятҳои маъруфи даврони ҷоҳилият буд, ки арабҳо ҳарфашро мешуниданд ва аз амру фармонҳои ў итоат мекарданд.

  • Тоҷикӣ

    Номи аслии ин саҳобии гиромиқадр Холид ибни Зайд ибн Кулайб аст ва ба қабилаи бани Наҷҷор нисбат дорад. Кунияаш Абуаюб ва мансуб ба Ансор аст, чи аз мо мусалмонон касе нест, ки Абуаюб Ансориро нашиносад?

  • Тоҷикӣ

    Бароъ ибни Молики марди жулидамўй ва лоғар буд, бинанда фикр намекард, ки ин шахс ин ҳама қаҳрамони ва шуҷоат нишон диҳад. Аммо бо вуҷуди ин заъфи ҷисмони ва нотавонии бадан беш аз сад танро ба танҳоии хеш ба қатл расонидааст ва ин теъдод ғайр аз теъдодест, ки ба дасти вай дар саҳнаи набард зиндаги худро аз даст додаанд.

  • Тоҷикӣ

    Медонед, ки Умми Салама кист? Умми Салама падараш аз сарони номвар ва маъруфи бани Махзум ва яке аз сахимардони Араб аст, ки камтар аз сахиён метавонанд ба пояи ў расанд. Саховат ва ҷуди вай ба ҳадде расида буд, ки ўро ба номи Тўшаи мусофир лақаб дода буданд, чун вақте мусофирин қасди диёри ў менамуданд, ҳамроҳ бо худ тўша намегирифтанд.

  • Тоҷикӣ

    Қаҳрамони ин бахши достон Абармардест, ки УМАЙР ИБНИ ВАҲБ ном дорад вай яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст. Умайр ибни Ваҳб дар маъракаи Бадр ҷон ба саломат бурд. Аммо фарзандаш Ваҳбро дар дасти мусалмонон асир гузошт. Умайр аз он бим дошт, ки мабодо мусалмонон писари ҷавонашро ба ҷурми падараш озор диҳанд ва ўро сахттарин азоб бичашонанд, чун падараш ҳазрати Расули Худо ва ёронашро азият медод ва онҳоро шиканҷа мекард. Ва дар ин бахш қиссаи чигуна ислом овардани ин абарманди торихро бароятон баён мекунем.

  • Тоҷикӣ

    Қаҳрамони ин бахши достон Абармардест, ки Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ном дорад вай яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст. Вай дар даврони ҷоҳилият яке аз афроди оддие буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди таваҷҷўҳи таърих қарор намегирифт. Вале дини зиндагисози Ислом ба вай чунон шахсият бахшид, ки таърих аз шахсияти вай ҳамеша бо бузурги ёд хоҳад кард, чунки вай бо ду тан аз императорони бузурги он вақт, Қайсар ва Кисро мулоқот намуда ва бо ҳар яке аз он ду достони шунидани дорад, ки ҷараёни онро барои хонандагон тақдим медорем.

  • Тоҷикӣ

    Чанде нагузашта буд, ки шахсиятҳои саршинос аз аҳли Ҳимс ба қасди дидор ва мулоқот бо халифа, равонаи Мадина гардиданд ва чун бо халифа дидорашон ҳосил гашт, барояшон гуфт: Номҳои ниёзмандон ва муҳтоҷонатонро ба ман бидиҳед, то ҳоҷаташонро бароварда созам. Ишон амри ўро ба ҷо оварда номҳои ишонро, ки дар он ҷумла номи Саъид ибни Омир низ дар он шомил буд, ба ў тақдим карданд. Халифа аз дидани номи Саъид дар номгўи фақирҳо дар ҳайрат афтод ва пурсид: - Саъид ибни Омир кист? Ишон дар ҷавоб гуфтанд: Амирамон. Халифа гуфт: Амиратон фақир аст? Гуфтанд: Бале. Қасам ба Худо, рўзҳо бар вай мегузарад ва дуд аз хонааш баланд намешавад.