Ҳукми мусофаҳа (дастфишорӣ дар салом) бо ду даст

Гузориши мухтасар:

Ҳукми бо ду даст салом кардан.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Ҳукми мусофаҳа (дастфишорӣ дар салом) бо ду даст

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Тарҷума ва таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2013 - 1435

    حكم المصافحة

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد وترجمة: محمد عزيز رجب

    2013 - 1435

    Ҳукми мусофаҳа (дастфишорӣ дар салом) бо ду даст

    Яке аз бародарон шикоят кард, ки дар масъалаи мусофаҳа байни аҳли масҷид ихтилоф мешавад, ки оё бо ду даст салом кардан машруъ ва ҷоиз аст ё не.

    Дар посухи ин бародари азиз, ва ҳамчунин ба хотири насиҳат ба он бародарон, мегӯям:

    Имом Бухорӣ дар саҳеҳи худ боберо бо номи: «Гирифтан (яъне доштан) бо ду даст» номгузорӣ кардааст.

    Ва таълиқан асаре ривоят мекунад:

    وَصَافَحَ حَمَّادُ بْنُ زَيْدٍ، ابْنَ المُبَارَكِ بِيَدَيْهِ

    «Ва мусофаҳа (дастфишорӣ) кард Ҳаммод ибни Зайд бо Абдуллоҳ ибни Муборак бо ду даст».

    Аз ин ривоят маълум аст, ки имом Бухорӣ салом кардан бо ду дастро ҷоиз медонад.

    Ва ҳамчунин инҷо фатвои аллома Абдулазиз Ибни Боз (раҳматуллоҳи алайҳ)-ро меорем:

    «Агар бо як дасти росташ салом кунад кифоя ҳаст, ва агар лозим шавад, ки зиёдатӣ дасташро ба дасташ гузорад, боке надорад. Масъалаи саҳлу осон аст…

    Боке надорад иншоаллоҳ, ба хотири эҳтиром ва вафодорӣ».

    http://www.binbaz.org.sa/mat/9342

    Пас чӣ тавре ки маълум аст, ба хотири изҳори эҳтиром ва муҳаббат боке надорад, ки бо ду даст мусофаҳа карда шавад.

    Ҳарчанд, ки зоҳири аҳодис далолат бар он мекунад, ки бо як дасти рост кифоя ҳаст ва суннат ҳамин будааст. Вале мусофаҳа бо ду даст низ боке надорад.

    Назари ту бароямон муҳим аст