Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми биступанҷум: Асоси аввал, кӯдакро ҳамроҳи худ ба ҷамъомадҳои бузургон бурдан

Гузориши мухтасар:

Мақола дар бораи Бинои иҷтимоии кӯдак ва Асоси аввал, кӯдакро ҳамроҳи худ ба ҷамъомадҳои бузургон бурдан, мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми биступанҷум:

    Асоси аввал, кӯдакро ҳамроҳи худ ба ҷамъомадҳои бузургон бурдан

    سلسلة تربية الأولاد, القسم الخامس و العشرون: عن بناء الطفل الاجتماعي, والأساس الأول: أخذ الولد إلى مجالس الكبار

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми биступанҷум:

    Асоси аввал, кӯдакро ҳамроҳи худ ба ҷамъомадҳои бузургон бурдан

    Пеш аз ҳама бояд гуфт, мақсуди мо аз бинои иҷти­моии кӯдак он аст, ки бо вуҷуди хурд будани синну сол ва ҳолати иҷтимоияш лозим аст, ки ҳа­меша бо бузургон ва дӯстону ошноён ва бо аф­роди ҳамсинну соли худ муошират дошта бошад, то фарде мусбату фаъол гардад. Ва ба таври куллӣ аз дарҳампе­чида­гӣ ва дарундорӣ ва аз хиҷолатзадагии аз ҳад зиёд дур бошад ва пайваста аз рӯи эҳтиром чизеро бигирад ё бибахшад ва одоби хариду фурӯш ва шеваи муоширати дурусту мантиқӣ бо дигаронро биомӯзад.

    Дар аҳодиси набавӣ ба хубӣ диққату тааммул намоем дар онҳо умуреро меёбем, ки Расули Худо (с) онҳоро махсус ба ҳасти бахшидани шахсияти иҷтимоии кӯдакон гардони­дааст, ки яке аз он умур ҳамон бурдани кӯдак ҳамроҳи худ ба маҷлисҳои бузургон аст. Чунонки дар садри Ислом кӯда­кон дар маҷлисҳои Паёмбари Акрам (с) ҳозир мешуданд ба тавре, ки падаронашон дасти ононро мегирифтанду ҳамро­ҳи худ ба маҷолиси поку беолоиш мебурданд. Ин Умар иб­ни Хаттоб (р) буд, ки ғолибан писари хеш Абдуллоҳро ҳам­роҳи худ ба маҷлиси Расули Худо (с) мебурд. Чунонки худи Абдуллоҳ ибни Умар (р) мегӯяд: «Дар ҳузури Расули Худо (с) будем, фармуданд:

    «Дарахтеро ба ман бигӯед, ки навъи он ба монанди фарди мусалмон бошад, ки бо иродаву хости Худо ҳар замоне меваи худро бидиҳад (ва пайваста муфиду сарсабз бошад) ва барг­ҳояш нарезанд?».[1]

    Ибни Умар мегӯяд: «Дар зеҳни худ гуфтам ҳатман он дарахт хурмо аст, аммо чун ман аз ҳама хурдтару хурдсол­тар будам, шарм доштам дар ҳузури эшон чизе бигӯям ва низ дидам, ки Абӯбакру падарам Умар чизе намегӯянд. Пас, вақте ки онон чизе нагуфтанд, Расули Худо (с) фармуданд: «Он да­рахт хурмо аст». Вақте ки ҳамроҳи падарам берун омадем, гуфтам: «Эй падар, дар он ҳангом ба зеҳнам расид, ки он да­рахт хурмо аст»! Умар (р) гуфт: «Чӣ чизе монеъ шуд, ки он­ро нагӯӣ? Агар ту онро мегуфтӣ, аз фалону фалон чиз назди ман маҳбубтару хушояндтар буд». Абдуллоҳ ибни Умар гуфт: «Эй падар! Чизе, ки монеъи ман шуд онро бигӯям, ин буд: Дидам, ки ту ва Абӯбакр чизе нагуфтед, аз ин рӯ ман низ аз рӯи шарм дӯст надоштам дар ҳузури шумо чизе бигӯям». Дар ривояти дигар омадааст, ки дар ҷавоби падараш гуфт: «Вақте ки ман дидам аз ҳама хурдтар мебошам, бинобар ҳа­мин чизе нагуфтам».

    Расули Худо (с) бо кӯдакон ҳамнишинӣ мекарданд ва Анас (р) гуфтааст: Расули Худо (с) бо мо муошират мекар­данд, ҳатто рӯзе назди мо омад ва ба бародари хурдам Ума­йр, дар ҳоле ки бо паррандае бозӣ мекард, ба унвони шӯхӣ ба ӯ фармуданд: «Эй Абоумайр! Ин паррандаи кучулу (хурд) чӣ кор мекунад?». Баъд Расули Худо (с) гилеми зери моро пок карданду рӯи он намоз хонданд ва мо низ пушти сари Расули Худо (с) саф баста, намоз хондем.[2]

    Табиист, бурдани кӯдак ба маҷолиси бузургон мӯҷиб мешавад, ки нуқсонҳои ахлоқию иҷтимоияш коставу барта­раф гардад ва сарпарасту мураббӣ метавонад ӯро ба хубӣ тарбияву раҳнамоӣ кунад ва ба сӯи тараққиву камол ҳидоят намояд ва ҳангоми матраҳ шудани савол ва дигар масоили иҷтимоию шахсӣ ӯро дар назди дигарон далеру шуҷоъ со­зад, ба гунае ки баъд аз касби иҷоза ва бо камоли одобу ма­тонат расидан, бо онон баҳс кунаду сухан бигӯяд ва ба ин васила ақлу фаҳмаш рушд кунад, нафсу замираш поку во­раста гардад ва ба суханони бузургон ошно шавад ва дар натиҷа кам-кам омодаи вуруд ба ҷомеъа шаваду ҳамин тавр ба тадриҷ тараққиву пешрафт намояд…

    Дар ривоят омадааст, ки Ибни Аббос (р) гуфт: «Умар ибни Хаттоб маро (ки ҳанӯз ба синни булуғ нарасида будам) ҳамроҳ бо бузургони ҷанги Бадр менишонид ва вориди маҷлис менамуд. Рӯзе Абдуллоҳ ибни Авф гуфт: «Чаро ин кӯдакро ба ин ҷо меорӣ, дар ҳоле ки мо писароне монанди ӯ дорем (ва ононро бо худ намеорем)»? Умар ибни Хаттоб гуфт: «Ин пи­сар ҷузъи касоне аст, ки ман эшонро аз лиҳози зирракиву ҳуш­мандӣ хуб шинохтаам. Бинобар ин, рӯзе Умар ибни Хаттоб ононро даъват намуд ва маро низ ба он маҷлис фаро хонд. Ман донистам, дар он рӯз маро ба ин хотир фаро хондааст, то ин ки маро ба эшон бишиносонад ва он чиро, ки дар бораи ман гуфта буд, ба исбот бирасонад. Пас, Умар ибни Хаттоб сураи «Изо ҷоа насрул-Лоҳи ва-л-фатҳ»-ро то охир хонду си­пас хитоб ба онон гуфт: «Назари шумо дар бораи ин сура чист»? Баъзе гуфтанд: «Мурод ин аст, ки ҳар гоҳ нусрату ёрии Худо фаро расид ва фатҳу пирӯзӣ насиби мо гардид, Ху­доро ҳамду ситоиш кунем ва аз ӯ талаби мағфират намоем». Бархе дигар гуфтанд: «Мо намедонем» ва иддае чизе нагуф­танд. Баъд Умар ибни Хаттоб рӯ ба ман карду гуфт: «Эй Ибни Аббос! Оё ту низ чунин мегӯӣ»? Гуфтам: «Не». Умар ибни Хаттоб гуфт: «Пас ту чӣ мегӯӣ»? Гуфтам: «Мурод аз «Изо ҷоа насруллоҳи валфатҳ» наздик шудани аҷали Расули Худо (с) мебошад ва Худованд онро ба ӯ ин тавр эълом фар­мудааст: «Вақте ки ёрии Худо ва фатҳи Макка фаро ме­расад (пас он нишонаи наздик шудани аҷали туст) ва мар­думонро мебинӣ, ки дар дини Худо гурӯҳ-гурӯҳ дохил ме­шаванд, пас ту (дар он мавқеъ) Парвардигори худро бо си­тоиш ба покӣ ёд кун ва аз Вай омӯрзиш (-и худ ва ёрони хешро) талаб кун. Ба дурустӣ ки Худо Тавбақабул­кунан­да аст». Сипас, Умар ибни Хаттоб гуфт: «Ман низ аз он қис­мати сура ҳамон чизеро дарк мекунам, ки ту дарк мекунӣ».[3]

    Дар ривоят омадааст, ки муҳоҷирон ба Умар ибни Хат­тоб гуфтанд: «Ҳамон тавре, ки Ибни Аббосро назди худ фаро мехонӣ, писарони моро низ фаро хон». Умар ибни Хаттоб гуфт: «Ибни Аббос аз лиҳози ҳушмандиву зиракӣ дар ҳадди афроди миёнсол мебошад, зеро ки дорои забоне гӯё, қалбе огоҳ ва фикре равшан мебошад».[4]

    Абуҷуҳайфа, ки яке аз кӯдакони саҳоба мебошад, гуф­тааст: «Рӯзе назди Расули Худо (с) будам, ба марде, ки пеши ӯ буд, фармуданд: «Ман ҳеҷ гоҳ дар ҳоли такя задан хӯрок намехӯрам».[5]

    Паёмбари Худо (с) ҳамроҳи кӯдакон дар беруни шаҳр роҳ мерафтанду бо онон савори чаҳорпо (аз қабили шутур, асп ва …) мешуданд, бидуни ин ки эшонро таҳқиру беарзиш бидоранд, балки бо камоли меҳру муҳаббат бо онон рафтор мекарданд. Он чӣ ин гуфтаи моро таъкид мекунад, ҳамон гуфтаи Ибни Аббос аст, ки мегӯяд: «Рӯзе пушти сари Расули Худо (с) будам, фармуданд: «Эй писар! Ин чанд ҷумларо ба ту ёд медиҳам…».[6]

    Паёмбари Акрам (с) дар бораи ҳузури худ дар маҷолиси бузургон ва иҷтимооти эшон (дар давраи Ҷоҳилият) мефар­моянд: «Дар ҳоле ки ман навҷавон будам, ҳамроҳи амакҳои бузургворам дар паймони «Ҳилфул-фузул» ширкат намудам. Дар ин ширкат чунон хушҳол будам, ки агар шутурҳои сурх­мӯйро ба ман медоданд, то он паймонро бишиканам ва аз он хориҷ шавам, барои чунин коре ҳозир намешудам».[7]

    Расули Худо (с) дар маҷлисе, ки кӯдакон дар он ҳозир мешуданд мардонро ёдоварӣ месохтанд, ба ин ки адабро риоя кунанд ва шууни фазои маҷлисро муроот намоянд, ме­фармуданд: «Касе миёни писараш ва марди дигар нанишинад (балки ӯро дар паҳлуи худ биншонад)».[8]

    Умар ибни Хаттоб (р) роҷеъ ба фоидаи омехтагии кӯда­кон бо бузургон ва ворид шуданашон ба маҷолиси эшон чу­нин мегӯяд: Падароне, ки кӯдакони хешро, новобаста аз писа­ру духтар ба маҷолиси бузургон мебаранд ин фоидаро дарбар дорад, ки ононро аз ҳамон овони кӯдакӣ ба арзиши шахсияти худ ошно месозанд ва эшонро нисбат ба ҳолати иҷтимоӣ ва эҳсоси масъулияти ояндаи худ омода мекунанд. Дар зимн, па­дарони ҳозир дар маҷлис фарзандони якдигарро мешиносанд ва ин шинохт мӯҷиб мешавад, ки яке аз онон алоқа ба духтари яке аз онон пайдо кунад ва ӯро дар оянда ба ақди издивоҷи пи­сари худ дароварад. Аз ин рӯ, пас аз ин ки писару духтар ба синни балоғат расиданд ва бузург шуданд, барои хостгории он духтар иқдом мекунад. Ҳамчунин дур нест, ки писар дар чунон маҷолисе он духтар дар дилаш ҷой гирад ва аз ҳамон даврони кӯдакию навҷавонӣ худро омода созад, то дар оянда бо он духтар издивоҷ кунад.

    Дар ривоят омадааст, ки Ибни Ҷурайҳ гуфт: «Иттилоъ ёфтам, ки Умар ибни Хаттоб (р) гуфтааст: «Духтареро, ки ба ҳадди булуғ нарасидааст (дар маҷолиси ақвом ва наз­ди­кони худ) ошкору намоён созед, шояд яке аз наздикон ва писа­ри амакҳояш ба ӯ алоқа пайдо кунад, ки баъд аз расидан ба синни булуғ бо ӯ издивоҷ кунад».[9]

    Яке аз роҳҳои дигари иҷтимоӣ шудани кӯдакон бо бу­зургон ин аст, ки бузургон бо кӯдакон бинишинанд, бо онон баҳс кунанд, эшонро насиҳат намоянд ва ба ҳар тариқи мумкин нисбат ба масоил ва ояндаи худ мутаваҷҷеҳ, иршод ва роҳнамоӣ созанд.

    Дар ривоят омадааст, ки Ибни Сирин гуфт: «Мо чанд нафар кӯдак даври ҳам ҷамъ шуда будем, марде омаду пеши мо нишаст ва гуфт: Умар ибни Хаттоб дар фалон замон дар номае барои мо навишт: «Фалон қавм муртакиби гуноҳ шу­данд, куфр варзиданд ва кафши нофармонӣ пӯшиданд, пас шу­мо дар зиндагии худ омодаву ҳушёр бошед, аз аёшиву танпар­варӣ бипарҳезед, аз пӯшидани кафшу либоси фахромези бего­нагон иҷтиноб кунед».[10]

    Ҳамчунин салафи солеҳ бо кӯдакон менишастанд, бо онон сӯҳбат мекарданд ва намунаҳое аз саргузашти муфиди худро барои онон ҳикоят мекарданд, то ин ки дар зиндагии ояндаи худ дорои шахсияти камназир бошанд…

    [1]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Ибни Умар (р).

    [2]. Ба ривояти Аҳмад.

    [3]. Ба ривояти Ибни Саъд, Ибни Ҷарир, Ибни Мунзир, Табаронӣ, Ибни Мурдавайҳи ва Абунаъим аз Ибни Аббос (р).

    [4]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 3.. – С. 540.

    [5]. Ба ривояти Бухорӣ, Аҳмад, Абудовуд, Ибни Моҷа, Тирмизӣ ва Абуяъло дар «Муснад». – Ҷ. 3.. – С. 186 бо санади саҳеҳ.

    [6]. Ҳадис нисбатан тӯлонӣ аст метавон ба «Тоҷу-л-усул». – Ҷ. 5.. – С. 212, чоп. 1406 ҳиҷ. муроҷиат кард.

    [7]. Ба ривояти Абуяъло бо санади саҳеҳ дар «Муснад». – Ҷ. 2.. – С. 157 ва ба ривояти Аҳмад дар «Муснад». – Ҷ. 1.. – С. 190.

    [8]. Ба ривояти Табаронӣ аз Саҳл ибни Саъд (р).

    [9]. Ба ривояти Абдурраззоқ дар «Муснад». – Ҷ. 6.. – С. 156, боби Иброзу-л-ҷавори ва-н-назар ъинда-н-никоҳ».

    [10]. Ба ривояти Абдурраззоқ дар «Муснад». – Ҷ. 11.. – С. 84.

    Назари ту бароямон муҳим аст