Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сивусеюм: Бинои тандурустии кӯдак

Гузориши мухтасар:

Мақола дар бораи Бинои тандурустии кӯдак, мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сивусеюм: Бинои тандурустии кӯдак

    سلسلة تربية الأولاد، القسم الثالث والثلاثون: عن البناء الصحي للأولاد

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Пешгуфтор

    Шакке нест, ки Ислом дар мавриди сиҳату танду­рустии инсон ба таври умумӣ ва ба саломативу тандурустии кӯдак ба сурати хусусӣ, эҳтимоми зиёд варзидааст. Дар бисёре аз раҳнамоиҳояш пайдост, ки бар кори табобат ва суръат бахшидан ба он таъкид наму­да­аст, зеро табобат барои таъмини сиҳату саломатии ҷисм, ки амонате аст дар пеши инсон, яке аз роҳҳои асосии беҳбудӣ мебошад. Аз ин рӯ, лозим аст пайваста дар нигаҳдорию му­ҳофизати ин амонат бикӯшад. Ислом табобатро ҳатто яке аз дастуроти Худованд қарор додааст, то бемориро, ки бо машияти Худованд бар инсон ворид шудаву ба он мубтало гардидааст, аз байн бибарад. Чунонки омадааст, Пайғамба­ри акрам (с) фармуданд:

    «Ҳар дарде давое дорад ва ҳар гоҳ дард маълум шуда, да­вои он мушаххас гардад ва ба он расад, ба изни Худованди му­таол бемор беҳбудӣ меёбад».[1]

    Дар ривоят омадааст, ки Усома ибни Шурайк гуфтааст: “Назди Расули Худо (с) будам, иддае аз аъроб аз ҷойҳои мух­талиф пеши Расули Худо (с) омада, гуфтанд: “Эй Расули Худо! Оё афроди бемори худро табобат кунем?” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ҳамдигарро табобат кунед, зеро Худованд ҳар дарде додааст, барои он давое низ қарор дода, ба ҷуз як дард ва он пирӣ аст, ки ҳеҷ давое надорад».[2]

    Дар ривояте омадааст, ки Абуҳурайра (р) гуфт: “Ба Ра­сули Худо (с) арз кардам: “Эй Расули Худо (с)! Оё бемориро ба василаи дуо ва ба доруву олоту абзоре табобат кунем? Оё ба ин васила чизе аз қазову қадари Худованд бармегардад?” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Инҳо низ ҷузъи қазову қадари Худо­ванд мебошанд, пас бо таваккал бар Худованд аз онҳо исти­фода кунед ва беморонро табобат намоед».[3]

    Тамоми ин аҳодис ва амсоли онҳо ба таври ошкор дало­лат бар эҳтимом варзидани Расули Худо (с) ба сиҳату сало­матии афроди мусалмон ва маҳфуз мондани онон аз бемо­риҳову дардҳо доранд. Расули Худо (с) мефармоянд: «Шах­си мӯъмини нерӯманд назди Худованд беҳтару маҳбубтар аз шахси заиф мебошад ва дар вуҷуди ҳар фарди мӯъмини қавию заиф хайру баракате ҳаст (аммо мӯъмини қавиҷисм ва қави­дил ба хотири хушҳол будан, шуҷоъ ва мусаммам буданаш дар ҷиҳод, дар амри ба маъруфу наҳйи аз мункар назди Худо­ванд маҳбубтар мебошад, чун барои Ислому муслимин му­фидтар аст)».[4]

    Вақте дар аҳодис ва сирати шарифи набавӣ ба хубӣ диқ­қат ва тааммул намоем, ба аркону асоси бинои тандурустӣ барои саломатии инсон пай мебарем, ки метавон ба василаи онҳо аз бемориҳои бисёре иҷтиноб намуд. Риоя намудану ба кор гирифтани онҳо низ мубтало шудани кӯдаконро ба бе­мориҳо ба ҳадди ақал мерасонад. Расули Худо (с) ба ҳашт рукну асоси тандурустӣ аҳамият фармудаанд, ки дар поён ҳар як аз он асосҳоро ба тафсил баён мекунем.

    Асоси аввали тандурустӣ, варзиши шиноварӣ, тирандозӣ, аспсаворӣ ва ғайра

    Ёдоварӣ мешавад, ки дар фасли ҳаштум дар робита бо бинои ҷисмӣ баён гардид, ки бояд фанни шиноварӣ ва ти­рандозӣ ба кӯдак омӯхта шавад. Тавзеҳ дода шуд, ки чӣ гу­на Умар ибни Хаттоб (р) ба сарпарастону мураббиён тавсия намуд, ки илова бар омӯхтани шинову тирандозӣ амри меҳ­мондориву паридан ба пушти асп ва ғайраро ба фарзандони худ биомӯзанд ва низ баён шуд, ки чӣ гуна Пайғамбари ак­рам (с) кӯдаконро таърифу тавсиф менамуданд ва дар миёни онон мусобиқаи давидан ташкил медоданд. Ҳамчунин шо­ҳиди гӯштин гирифтани он ду кӯдак, ки қабл аз фирис­то­да­ни онон ба ҷанги Уҳуд дар ҳузури он ҳазрат (с) анҷом доданд...

    Бинобар ин, варзиши баданӣ ба тавр куллӣ ҷисму бада­ни кӯдакро ба шакли қобили мулоҳиза қавию нерӯманд ме­созад, ба гунае ки зотан дар баробари бемориҳо нерӯманду муқовим мешавад ва баданаш дар муқобили ҳар навъ бемо­рӣ аз худ муқовимат нишон дода, онро намепазирад, магар ин ки хосту иродаи Худованд бошад ва он чизи дигаре аст.

    Оре, дар ин ҷо ҳеҷ ниёзе ба ин ки фоидаҳои варзишро баён кунем, нест, балки кофӣ аст пеши пизишкони мутахас­сиси ин фан нишаста, ба гуфторҳои онон гӯш дод, то ин ки яқину итминони комил ба сиҳату дурустии аҳодиси набавӣ дар ин робита ҳосил шавад.

    Дар ҳар сурат, кофӣ аст, инсон бидонад, варзиши ши­но­варӣ, ки рӯи он зиёд таъкид шудааст, тамоми пайвандҳои баданро ба ҳаракату фаъолият дармеоварад ва бадани шахсро дар баробари бисёре аз бемориҳо маҳфуз медорад. Ин чизе аст, ки акнун дар ин китоб фурсати баёни он нест, балки ҷои он дар китобҳои тиб ва навиштаҳои махсуси ин фан мебошад...

    Асоси дуюми тандурустӣ, одат додани кӯдак

    ба суннати мисвок

    Бар касе пӯшида нест, ки Пайғамбари акрам (с) ба мис­вок кардан ва назофати даҳону дандон таваҷҷӯҳи зиёд зо­ҳир намудаанд, то он ҷое ки мефармуданд:

    «Агар бими онро намедоштам, ки умматамро ба заҳмат меандозам, мисвок карданро ҳангоми адои ҳар намоз ба онон дастур медодам».[5]

    Бинобар ин, вақте кӯдак худро ба ин равиш одат диҳад, пайваста ва ба таври муназзаму мураттаб даҳону дандони худро бишӯяду пок кунад, мусалламан бисёре аз бемориҳое­ро, ки аҳёнан дар асари кирмхӯрдагии дандонҳо ва ё ба во­ситаи бадии лисаҳо ба вуҷуд омадаанд, аз байн мебарад. Аз ҷиҳати дигар, тибби нав собит кардааст, амали мисвок, ки бо маводи кимиёӣ ба даст омадааст, барои беҳбудии дан­донҳову тақвияти лисаҳо ба шакли фаъолу муассире муфид мебошад. Аммо таҳияи навъи чӯбии он осон ва бо баҳои ка­ме ба даст меояд ва дар нимҷазираи Арабистон бисёр аст.

    Имом Нававӣ дар шарҳе, ки бар Муслим навиштааст, изҳор медорад: “Чӯби арок, ки бо номи “мисвок” аз он исти­фода мешавад, метавон онро ба ҳар шакле табдил намуд ва ҳатто агар ҳеҷ василае барои пок намудану назиф нигоҳ дош­тани дандонҳо дар ихтиёри инсон набошад, метавонад ба ва­силаи ангуштони дасти худ ва ё ба василаи як пора матоъи дурушти назиф дандонҳои худро пок кунад, чун ҳадафи аслӣ дар ин кор он аст, ки кӯдак ба суннати мисвок задан одат на­мояд ва дандонҳои хешро бо ҳар василаву абзори мумкин поку назиф бидорад.

    Асоси сеюми тандурустӣ, мутаваҷҷеҳ намудани кӯдак ба тозагӣ ва гирифтани нохунҳо

    Назофат дарвоқеъ як рукни асосӣ аз арконе аст, ки Ис­лом мусалмононро ба риояи он фаро хондааст. Кӯдаке, ки мехоҳад намоз бихонад, бояд таҳорат кунад ва либосу мако­не, ки дар он намоз мегузорад, бояд пок бошад. Тамоми ин­ҳо барои адои фаризаи намозе аст, ки волидайн анҷоми он­ро дар ҳафтсолагӣ ба ӯ дастур медиҳанд ва дар синни даҳсо­лагӣ агар онро анҷом надод ва дастури падару модарашро иҷро накард, ӯро танбеҳ мекунанд.

    Аммо гирифтани нохунҳо низ яке аз суннатҳои фитрии панҷгонае аст, ки ҳадиси саҳеҳ онро бо сароҳат баён наму­дааст: «Панҷ чиз аз фитрату сиришти инсонҳо аст, ки яке аз онҳо кӯтоҳ кардани нохунҳо мебошад».

    Бинобар ин, кӯдаке, ки ба пайваста кӯтоҳ кардани но­хунҳояш одат мекунад, албатта дастҳояш аз чирку ифлосӣ, ки ғолибан дар зери нохунҳо ҷамъ мешавад, пок мебошад ва чун кӯдак аксаран ангуштони худро дар даҳонаш мегузо­рад, аз ин рӯ, ин амр мӯҷиби мубтало шудани ӯ ба бемориҳо мегардад...

    Асоси чоруми тандурустӣ, пайравӣ аз суннати набавӣ дар хӯрдану нӯшидан

    Дар фасли шашум боби “Одоби хӯрок хӯрдани кӯдак” ба таври муфассал баён гардида, ки лозим аст кӯдакро ба он одат дод, ки хӯрокро аз пеши худ бихӯрад ва даст ба атрофи зарф ва ба пеши дигарон накашад...

    Бинобар ин, вақте ки кӯдак аз суннату равиши Пайғам­бари акрам (с) пайравӣ намояд ва дар аснои хӯрокхӯрӣ ҳад­ду марзи худро шиносаду амри назофат ва соири умури ислом­писандро риоя намуда, ба онҳо одат кунад, ҳатман пайваста муваффақу комёб хоҳад шуд. Ҳамчунин дар баро­бари бисёре аз бемориҳои ботиниву зоҳирӣ маҳфуз хоҳад шуд.

    Аз Миқдом ибни Маъди Якруб ривоят шуда, ки гуфта­аст: “Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Одами­зод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад (ва қодир ба анҷоми вазифаҳои худ бошад) агар ночор ба хӯрдани беш­тар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан (ҳаво) ихтисос диҳад».[6]

    Дар бораи одат додани кӯдак дар нӯшиданӣ ба суннати Пайғамбари акрам (с) омадааст, ки Анас ибни Молик гуф­тааст: «Вақте Расули Худо (с) нӯшиданиеро менӯшиданд, он­ро бо се нафас (се мартаба) менӯшиданд».[7]

    Анас (р) мегӯяд: “Баъд аз ин ки дидам Расули Худо (с) нӯшиданиеро ба се нафас кашидан менӯшиданд, ман низ ҳар бор, ки нӯшидание менӯшидам, онро ба се мартаба менӯ­шидам”.

    Дар ривояти Абудовуд низ омадааст: “Вақте ки Пай­ғамбар (с) нӯшиданиеро менӯшиданд, онро бо се нафас менӯ­шиданд ва мефармуданд: «Ин гуна нӯшидан гуворотар, некӯ­тар ва беҳтар мебошад».

    Бояд кӯдакро аз пуф кардан дар зарфи ҳар навъ нӯши­данӣ дар аснои нӯшидан барҳазар дошт. Чунонки аз Қатода (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) наҳй кардаанд аз ин ки дар зарфи нӯшиданӣ пуф карда шавад».[8]

    Лозим аст обро дар ҳолати нишаста нӯшид, ба ҷуз оби Замзам, ки мустаҳаб аст онро истода ва рӯ ба қибла нӯшид. Чунонки аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Пай­ғамбар (с) фармуданд:

    «Ҳеҷ як аз шумо истода об нанӯшад, пас касе, ки фаро­мӯш кард, бояд онро хориҷ кунад (ва аз нӯшидани он дар ҳоли истода даст бикашад)».[9]

    Асоси панҷуми тандурустӣ, одат додани кӯдак

    ба хобидан бар паҳлӯи рост

    Хобидан бар паҳлӯи рост яке аз аркони асосии танду­рустӣ дар зиндагии инсон аст ва фоидаҳои саломативу тан­дурустии он бисёранд. Пайғамбари акрам (с) асҳоби худро ба риояи он тавсия мекарданд. Чунонки омадааст, Пайғам­бари акрам (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ(хостӣ) ба бистар хоб биравӣ, таҳорате ба монанди таҳорати намоз бикун. Сипас бар паҳлӯи рости худ бихоб ва бигӯ: “Худоё нафси хешро фармонбардори Ту намудам, амри хешро ба Ту вогузор кар­дам, ба Ту таваккал ва пушт бастам, ба хотири бим ва та­заррӯъ ба сӯи Ту паноҳ овардам, ҳеҷ гурезгоҳу роҳи наҷоте намеёбам, ҷуз аз ҷониби Ту. Худоё! Ба китобе, ки нозил фар­мудаӣ ва ба Пайғамбаре, ки ба сӯи ҷаҳониён фиристодаӣ, имон овардам. Худоё! Агар дар ин шаб маро мирондӣ, пас бар дини поку устувори Ислом маро бимирон. Ва инҳоро охирин гуфтори худ бигардон...».[10]

    Асоси шашуми тандурустӣ, омӯхтани

    муолиҷаи табиӣ ба кӯдак

    Шакке нест, инсон дар тамоми даврони зиндагияш ниёз­манд ба молиши азалот мебошад ва кӯдак дар ҳоли рушду нумӯ дар молиш додани азалоти волидайнаш ба василаи ир­шоду роҳнамоии онон таҷриба пайдо мекунад ва дар ин бо­ра маҳорату шинохти хубе касб менамояд, ки ин кор дар оянда ҷузъи огоҳии муфиде барои ӯ мешавад.

    Оё инро шунидаӣ, ки Пайғамбари акрам (с) ба кӯдаке, ки узвҳои ҷисми муборакашро молиш медоданд, шеваи мо­лидани онҳоро ба ӯ меомӯхтанд? Пас агар нашунидаӣ, биё бо ҳам онро дар ривояти зер бишунавем:

    Табаронӣ, Баззор, Ибни Синнӣ, Абунаъим ва Саиб иб­ни Мансур аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: “Назди Пайғамбари акрам (с)рафтам, дидам, ки ғуломи ҳабашӣ пушти Пайғамбари акрам (с)-ромолиш меди­ҳад. Ман гуфтам: “Эй Расули Худо (с)! Оё баданатон дард мекунад?” Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Дишаб шутур маро бар замин партофт».[11]

    Асоси ҳафтуми тандурустӣ, одат додани кӯдак

    ба зуд хобидан ва субҳ зуд бедор шудан

    Табиист, одат додани кӯдак ба зуд бедор шудан барои адои намози субҳ, вақте муяссар мешавад, ки шаб зуд хоби­да бошад ва дар сурате саҳархезӣ мӯҷиби тандурустиву ни­шоти ӯ мешавад, ки танбалии хоб надошта бошад ва аз ҳад­ди ақал, замоне, ки барои хобидани кӯдакон лозиму зарурӣ аст, сер шуда бошад.

    Умар ибни Хаттоб (р) вақте ки барои адои намози хуф­тан назди Пайғамбари акрам (с) мерафт, кӯдакони худро хобонида буд, то ин ки ба хаёли роҳат намози хуфтанро ҳамроҳи Пайғамбари акрам (с) бо ҷамоат бихонад. Чунон­ки аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбари ак­рам (с) намози хуфтанро ба (сеяк ё нисфи шаб) ақиб ан­дохтанд. Умар ибни Хаттоб (р) рафта гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Намози хуфтанро акнун бихонем, дар ҳоле ки занону кӯ­дакони мо хобидаанд?” Пайғамбари акрам (с), дар ҳоле ки пе­ши сарашонро масҳ мекарданд, фармуданд: «Агар бими онро намедоштам, ки умматамро ба заҳмату машаққат меандо­зам, ба эшон дастур медодам, ки намоз (хуфтан)-ро дар ҳа­мин вақт бихонанд».[12]

    Илова бар он тардиде нест, ки кӯдаки мусалмон (бар асари одат кардан ба зуд хобидан ва субҳ зуд бедор шудан) ба воситаи анҷом додани фароизи динӣ тандурустии комил­ро касб менамояд ва дар натиҷа ҷисму рӯҳаш қавӣ мегар­дад, зеро аз он ҷое ки гази (озон), ки аз таркиби се атом аз оксиген ташкил шудааст, ҳангоми саҳар дар ҳаво пахш ме­шавад. Собит шудааст, ки ин газ дар он вақт ба силулҳои зиндаи бадан нишоту фаъолияти хоссе мебахшад. Бинобар ин, ба василаи истиншоқи он ҷисми кӯдак қавӣ мегардад ва худи ӯ дар ҳоле ки фаризаи намозро ба ҷой меорад, онро дарк намекунад.

    Дар ривоят омадааст, ки Расули худо (с) фармуданд: «Баъд аз гузашти посе аз шаб, ки мардум аз омаду рафт боз истоданд, аз торикии шаб бипарҳез, зеро шумо намедонед Худованд чӣ чизеро пеш хоҳад овард».[13]

    Равшан аст, ки аз дидгоҳи Ислом дину дунё ба ҳам му­раттаб мебошанд ва аз ҳам ҷудо нестанд. Касе, ки мехоҳад кӯдакони худро мутобиқи дастуроти динӣ тарбияву парва­риш кунад, мусалламан дунё бо ҳолати рукӯъу фурӯтанӣ ба истиқболи ӯ меояд...

    Бояд донист, саҳархезиву субҳ зуд бедор шудан, илова бар доро будани фоидаҳои зикршуда, фоидаи дигаре низ дорад ва он иборат аст аз фузунии ризқу рӯзии шахс. Чу­нонки дар ривоят омадааст: “Ибни Аббос вақте ки писари худро дид, ки дар хоби ширини субҳ фурӯ рафтааст, ба ӯ гуфт: “Эй писарам, бархез! Оё ту дар соате мехобӣ, ки дар он ризқу рӯзӣ тақсим мешавад?” [14]

    Дар ривояте омадааст: “Пайғамбари акрам (с) субҳ зуд назди Фотима (р) омаданд, диданд хобидааст, ӯро бедор карда гуфтанд:

    «Бархез ва шоҳиди ризқу рӯзии Парвардигорат бош».[15]

    Асоси ҳаштуми тандурустӣ, ҳифзи кӯдакон аз бемориҳои гузаранда

    Пайғамбари акрам (с) як қоидаи умумӣ барои тамоми мардум, чи бузургу чи хурд, вазъ фармудаанд ва он иборат аст аз ин ки набояд гузошт фарди беморе, ки мубтало ба бе­мории гузаранда аст, ба миёни мардум биравад ва дар ҷам­ъомадҳои онон ширкат варзад. Ҳамчунин то замоне, ки беҳ­будӣ меёбад, набояд ба ӯ иҷозат дод, ки ба дидани касе би­равад ва ё шахси дигар бидуни риояи эҳтиёт ба назди ӯ ра­вад ва ба вай даст расонад.

    Табиист, бемориҳои гузаранда бисёранд ва бояд падару модар фарзанди худро дар даврони кӯдакӣ аз бурдан ба ди­дани хешовандону дӯстоне, ки фарди мубтало ба чунин бе­морӣ доранд, худдорӣ кунанд ва баръакс, набояд волидайн фарзанди мубтало ба бемории гузарандаро ба чунин хона­водае бибаранд, то замоне ки беҳбудӣ меёбад.

    Оре, дар ин бора қоидаҳои бисёр муфиду боарзиши на­бавӣ барои сиҳату тандурустӣ вуҷуд доранд. Чунонки дар Саҳеҳайн аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Пайғам­ба­ри акрам (с) фармуданд: «Набояд фарди беморе (ки мубтало ба бемории сирояткунанда аст) ба дидани шахси солим бира­вад (то ӯ низ бемор нагардад)».[16]

    Ҳамчунин лозим аст волидайн дигар кӯдакони худро аз кӯдаки бемораш то замоне, ки беҳбудӣ ёбад, дур нигоҳ до­ранд, то ин ки инҳо низ ба бемории ӯ мубтало нагарданд. Албатта ба хотири ин ки кӯдаки бемор дучори афсурдагии равонӣ нашавад, ҳеҷ монеъе надорад, ки волидайнаш ӯро ба василаи ин гуна аҳодиси набавӣ насиҳат карда, раҳнамоияш намоянд, то ба хубӣ дарёбад, ки ин дастуре аст аз ҷониби Расули Худо (с) ва табиист, ки кӯдаки мусалмон Пайғам­ба­ри худро дӯст медорад ва аз дастуроти ӯ пайравӣ карда, бо тамоми вуҷуд нидои ӯро иҷобат менамояд...

    Асоси нӯҳуми тандурустӣ, дур нигоҳ доштани кӯдак ба ҳар василаи мумкин аз чашми шахси бадхоҳ

    Бояд донист, ин гуна роҳи чораандешӣ барои ҳифзи кӯ­дакон маҳдуд ба тибби набавӣ аст ва яке аз роҳҳои назорату муҳофизат аз кӯдакон мебошад. Дар ин маврид Имом На­ва­вӣ дар китоби «Ал-Азкор» мегӯяд: “Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) ба Ҳа­сану Ҳусайн хитоб карда мефармуданд:

    «Шуморо ба калимоти тамому камоли Худованд месупо­рам, то аз ҳар шайтоне, мавҷудоти сумдори кушандае ва аз нигоҳи бади ҳар чашме маҳфуз бидорад».[17]

    Сипас, ба онон мефармуданд: «Бегумон, Иброҳими халил (а) ба василаи ин калимоти томмаи Худованд барои ду фар­зандаш Исмоил ва Исҳоқ дуо мекард ва ононро ба Ӯ ме­супурд».

    Дар ривоят омадааст, ки Асмо духтари Умайш назди Расули Худо (с) омаду гуфт: “Эй Расули Худо! Фарзандони Ҷаъфар мавриди чашми бад қарор мегиранд, оё барои онон бо­зубанд бинависам? Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, бинавис, зеро агар чизе мебуд, ки бар қазову қадар пешӣ гирад, чашми бад бар он пешӣ мегирифт».[18]

    Дар ривояти дигар омадааст: “Расули Худо (с) вориди манзили Уммисалама шуданд ва диданд дар хонаи ӯ кӯдаке гиря мекунад. Афроди ҳозири дар он ҷо гуфтанд: “Ин кӯдак мавриди чашми бад воқеъ шудааст”. Расули Худо (с) фар­му­данд: «Чаро таъвизи чашмзахм барои ӯ наменависед?».[19]

    Ривоят шуда, ки Оиша (р) гуфтааст: “Пайғамбар (с) во­рид шуданд ва садои кӯдакеро шуниданд, ки гиря мекунад, фармуданд: «Чӣ чиз боис шуда, ки ин кӯдак гиря кунад? Чаро барои ӯ таъвиз нанавиштед».[20]

    Мегӯянд Амр ибни Ос (р) муаввизоту руқяҳое мена­вишт ва онҳоро дар зери болишти кӯдак мегузошт. Албатта бояд донист, ки чунин равише барои маҳфуз нигоҳ доштани кӯ­дак аз бемориҳову газандҳо фақат мӯъминони содиқ ба он бовар доранд, ки ин равиш мунҳасир ба фардро аз Пайғам­бари худ дида ё шунидаанд.

    Муҳимтарин муолиҷаҳои асосӣ

    аз дидгоҳи Пайғамбар (с)

    Агар пурсиданд, вақте кӯдак бемор шавад, оё роҳи ило­ҷи он аз дидгоҳи Пайғамбари Ислом (с) чист? Дар ҷавоб бо­яд гуфт, “дастуроти набавӣ дар ин робита иборатанд аз:

    1. Бояд кӯдаки беморро фавран ба назди табиб бурд

    Шакке дар ин нест, ки вақте кӯдак бемор шавад, бояд қабл аз ҳар чиз ӯро бардошта, ба назди табиби мутахассис бурд. Чун кӯдакро фавран ба табиб расонидан дар беҳбудии ӯ нақши босазоеро дорад, ҳатто аз ҳар роҳи дигаре дар беҳ­будияш таъсиррасон мебошад. Аммо мутаассифона, сабаби бисёре аз бемориҳо ва идомаёбии онҳо ҳамон саҳлангориву бетаваҷҷӯҳии падарону модарон аст дар ин ки ба маҳзи бе­мор шудани кӯдак фавран ӯро ба назди пизишки мутахассис намебаранд, (балки аз роҳҳои дигар ба муолиҷаву табобати ӯ мепардозанд) дар сурате ки Пайғамбари акрам (с) ба мо таъкид менамоянд, ки дар муолиҷа намудани кӯдаки бемор шитоб кунем ва фавран ӯро ба назди табиби мутахассис би­расонем. Чунончи аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шуда, ки гуфт: “Усома пешпо хӯрду афтод ва сараш ба дар хӯрду пе­шонияш захмӣ шуд ва аз он хун ҷорӣ гардид. Пайғамбар (с) ба Оиша (р) фармуданд: «Хуни ӯро пок кун». Аммо Оиша он­ро нопок донисту пок накард. Дар натиҷа, худи Пайғамбар (с) хунро аз чеҳраву даҳони ӯ ба хубӣ пок карда, фармуданд: «Агар ба ҷои Усома духтарбаччае ҳам мебуд, ӯро пок ме­кар­дам ва либос мепӯшондамаш ва нафақаву хароҷоташро таъ­мин менамудам».[21]

    Воқидӣ ва Ибни Асокир аз Ато ибни Ясор ривоят кар­даанд, ки Усома ибни Зайд вақте аввалин бор вориди Ма­дина шуд, ба бемории обила (ҷударӣ) гирифтор шуд ва дар он ҳангом кӯдак буду оби бинияш бар рӯи даҳону лабҳояш ҷорӣ мешуд. Ҳазрати Оиша (р) аз ӯ дурӣ мекард ва танаф­фур ме­кард. Расули Худо (с) омаданду ба шустани рӯву бӯ­сидани ӯ шурӯъ карданд. Оиша (р) мегӯяд: “Қасам ба Худо, аз он баъд ҳаргиз ӯро аз худ дур намекардам”.[22]

    Оре, Расули Худо (р) ҳамчунонки рӯи Усомаро мешус­танду ӯро мебӯсиданд, соири кӯдаконро низ бо ду дасти му­бораки худ муолиҷа ва табобат мекарданд ва аз онон дурӣ намекарданд...

    2. Аёдат аз кӯдаки бемор ба хотири тақвияти

    рӯҳияи ӯ

    Равшан аст, ки аёдат аз кӯдаки бемор дарвоқеъ як навъ муолиҷаи равонӣ барои кӯдаки бемор ба ҳисоб меояд, зеро вақте кӯдак мебинад, афроди бузургу атрофиёнаш ба дида­ни ӯ омадаанд, бидуни тардид дар баробари беморияш тақ­вияти рӯҳӣ пайдо мекунад ва оҳиста-оҳиста шурӯъ ба ҳара­кат кардану сухан гуфтан бо меҳмонон менамояд. Ва агар он маҷлис ва ин беморбиниву ҷамъшавӣ ҳамроҳ бо зикри Худову дуои хайр барои кӯдак бошад, бидуни шак хайру баракати бисёр дорад ва нур болои нур мешавад. Ин гуна муолиҷа барои кӯдакон дарвоқеъ як равиши хосси Пайғам­бар (с) буд. Чунонки аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Кӯдаки навҷавони яҳудӣ ба Пайғамбари акрам (с) хидмат мекард. Боре он кӯдак бемор шуд ва Пайғамбари акрам (с) ба аёдати ӯ рафта, бар болинаш нишастанд ва ба ӯ гуфтанд: «Мусалмон шав». Он писар ба падараш, ки дар канори ӯ ни­шаста буд, нигоҳ кард ва падараш низ гуфт: “Эй писарам, аз Абулқосим Муҳаммад (с) итоат кун!” Пас, он писар мусал­мон шуд, сипас Пайғамбар (с) аз он ҷо рафтанд, дар ҳоле ки мефармуданд: «Ҳамду сипос Худоеро, ки он писарро (ба васи­лаи ман) аз оташи дӯзах наҷот дод».[23]

    Ҳамчунин Пайғамбари акрам (с) ба аёдати кӯдакони мусалмон ва ғайримусалмон мерафтанд. Бар ин кор бисёр ҳарису алоқаманд буданд ва ин амал фақат ба хотири иноя­ту таваҷҷӯҳи хоссе буд, ки он ҳазрат (с) нисбат ба кӯдакон доштанд.

    3. Табобат ба василаи доруву давоҳои моеъ

    Дар ривоят омадааст, ки Уммиқайс духтари Миҳсан, хо­ҳари Укоша гуфтааст: “Писарам бар асари чирки гулӯяш ду­чори дарди гулӯи шадид шуда буд, ба гунае ки наметавонист хӯрок бихӯрад. Ман лавзаҳои ӯро бо даст боз мекардам ва гу­лӯяшро мефишурдам, то ин ки рӯзе ӯро назди Пайғамбар (с) бурдам ва он ҳазрат (с) ӯро дар оғӯши худ шинонданд ва кӯ­дак рӯи либосашон бавл кард. Он ҳазрат (с) об хоста, рӯи бавли ӯ пошиданд ва баъд фармуданд: «Бар чӣ асосе бо боз кардани лавзаҳову фишурдани гулӯи фарзандонатон (бо ин равиши зишт) ононро табобат мекунед? (Чунин накунед, балки:) Бар шумо лозим аст, ки гулӯи ононро бо доруи нарму мулоими ҳиндӣ табобат намоед, зеро ин дору ҳафт дардро шифо мебахшад, аз ҷумла гулӯдард ва бемории шушро».[24]

    Аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки зане писаре дошт, лавза­ҳояш (гулӯзиндонак) чирку варам карда буданд, ӯро пеши Пайғамбар (с) оварду гуфт: “Мехоҳам варами лавзаҳояшро бишикофам”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Варами гулӯи фар­зандонатонро аз тариқи дору бихушконеду табобат кунед, ба ин сурат, ки доруи ҳиндиро бардоред ва онро дар гулӯи фар­занди худ бичаконед, ба ин васила ӯро табобат намоед».[25]

    Боз аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Кӯдакеро назди уммулмӯъминин Оиша (р) оварда буданд, ки аз ду сӯро­хи биниаш хун мечакид. Расули Худо (с) ворид шуда фарму­данд: «Ин кӯдакро чӣ шудааст?». Оиша (р) гуфт: Лазаҳояш варам намуда, дарди гулӯ дорад. Ҳазрат (с) фармуданд: «Вой бар шумо эй ҷамоати занон! Фарзандони худро макушед ва ҳар зане, ки фарзандаш дучори дарди гулӯ ва ё сардард шуд, бояд ӯро ба василаи қисти ҳиндӣ (навъе дор мудово кунад (ва онро дар гулӯву сӯрохи биниаш бичаконад)».[26] Ҷобир (р) мегӯяд: “Пайғамбар (с) ба Оиша (р) дастур доданд, ки он кӯдакро табобат ку­над, пас ӯ он кӯдакро мудово намуд ва шифо ёфт”.

    Дар ривояти Аҳмад бо санади саҳеҳ омадааст, ки Пай­ғамбар (с) фармуданд: «Қисти ҳиндиро баргир ва онро бо об омехта кун, сипас дар гулӯву бинии ӯ бирез».[27]

    4. Табобат ба василаи хунгирӣ ва доруи мусҳил

    Икрима гуфтааст “Ибни Аббос (р) се хидматгори ҳиҷо­матгар дошт, ки ду нафар аз онон дигаронро ба василаи ҳи­ҷомат дармон мекарданд ва аз ин тариқ касби даромад мена­муданд. Дигаре низ Ибни Аббос ва хонаводаашро ҳиҷомат ме­кард”. Ибни Аббос мегӯяд: “Пайғамбар (с) фармуданд: «Бан­даи ҳиҷоматгар хуб бандае аст, хуни (фосид ва зёдатиро) аз бадани ашхос берун меоварад ва аз байн мебарад, рагҳоро бо­зу пуштро сабук месозад ва тирагии чашмро аз байн бурда, онро равшану бино менамояд».[28]

    Бояд донист, ки беҳтарин рӯзҳо барои ҳиҷомат гириф­тан рӯзи ҳабдаҳ, нуздаҳ ва бистуякуми моҳ мебошанд. Ома­дааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Беҳтарин чизе, ки ба василаи он бемориҳоро муолиҷаву мудово мекунед, доруе аст, ки бо чаконидани он дар бинӣ масраф мешавад, доруе ки дар даҳон рехта ва аз он тариқ ба кор бурда мешавад. Равиши ҳиҷомат ҳамчунин пиёдаравӣ(ба таври куллӣ барои бисёре аз бемориҳову норасоиҳои дохилӣ) муфид мебошад».[29]

    Дар ривояте омадааст, ки Оиша (р) аз Расули Худо (с) иҷозат хост, ки ҳиҷомат кунад. Расули Худо (с) низ ба Абӯ­таййиба, ки бародари разоии ҳазрати Оиша (р) буд ва бино­бар қавле ба синни булуғ нарасида буд, дастур доданд ҳи­ҷомати ӯро бигирад.[30]

    5. Табобат ба василаи дуои хайр

    Ҳамид ибни Қайси Маккӣ гуфтааст: “Ду писари Ҷаъфар ибни Абутолибро назди Расули Худо (с) бурданд. Он ҳазрат (с) ба дояву сарпарасти онон фармуданд: «Чист, ки ононро заифу лоғар мебинам?». Дояе, ки эшонро парвариш менамуд, гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ин ду писар зуд мавриди чашми бад қарор мегиранд, оё ишколе надорад ва бо раъйи шумо му­вофиқ мебошад, ки барои эшон дуои захми чашм бинависам? Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Барои онон захми чашм бинависед, шакке нест, ки агар чизе бар муқаддар сабқат ме­гирифт, ҳатман чашм бар он пешӣ мегирифт».[31]

    Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Зане фарзанди худро пеши Пайғамбари акрам (с) оварду гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Писарам дучори як навъ ҷунун шудааст. Махсусан ҳангоме ки сари дастурхони таом менишинем, чунон ҳолате ба ӯ даст медиҳад ва ғӯрокро бар сари мо рехта, онро табоҳ ме­кунад ва аз байн мебарад”. Пайғамбари акрам (с) даст бар синаву шиками ӯ кашиданду барояш дуои хайр карданд. Дар натиҷа қай кард ва он чӣ дар шикамаш буд ба монанди санги сиёҳ берун рехт ва шифо ёфт”.[32]

    Соиб ибни Язид (р) гуфтааст: “Холаам маро назди Расу­ли Худо (с) бурду гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ин хоҳарзо­да­амро сараш дард мекунад”. Расули Худо (с) даст бар сари ман кашиданду бароям дуои хайр карданд”.[33]

    Ҷуъайд (р) гуфтааст: “Соиб ибни Язид (р)-ро дидам, ки синнаш ба наваду чор расида буд ва ҳанӯз пӯсту бадани муно­сибу мӯътадил дошт ва мегуфт: “Бадану гӯшу чашми соли­ме, ки дорам, аз натиҷаи дуои хайри Расули Худо (с) аст, ки барои ман карданд”.

    Дар ривоят омадааст, ки шахсе ба номи Алвозеъ писаре ва бинобар қавле, хоҳарзодаи девона дошт ва ӯро назди Расули Худо (с) бурд. Вақте ки дар Мадина ба хидмати Ра­сули Худо (с) расид гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ин писарам (ё бинобар қавле хоҳарзодаам), ки ҳамроҳи худ овардаам, девона аст. Ӯро ба хидмати Шумо овардаам, то дар пешгоҳи Худованди ғолибу тавоно барои ӯ дуои хайр кунед, ки беҳбудӣ ёбад”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ӯро биёр». Ман низ раф­там ва ӯро аз болои шутур поён овардам, либоси сафарро аз танаш берун кардам, ду либоси хубу покиза бар ӯ пӯшондам, дасташро гиритфам, то ин ки ба хидмати Расули Худо (с) расидам, фармуданд: «Ӯро ба ман наздиктар гардон ва пуш­ташро ба тарафи ман қарор деҳ». Сипас либосашро ҷамъ кар­да, боло бурданд ва ба оромӣ ба зарба задану даст молидан бар пушти ӯ шурӯъ карданд ва мефармуданд: «Ухруҷ адувал­лоҳ... Ухруҷ адуваллоҳ...» Он кӯдак ба монанди шахси солим менигарист ва он нигоҳи қаблиро надошт. Сипас, Расули Ху­до (с) ӯро болои дасти худ шинониданд ва даст бар сару рӯ­яш молида, барояш дуо карданд, беҳбудӣ ёфт. Баъд аз он ки Расули Худо (с) барои ӯ дуо карданд, дар миёни ҳамсолони худ касе бар ӯ фазлу бартарӣ намеёфт”.[34]

    Дар поёни ин қисмати панҷум баъзе аз дуоҳои мустаҳаб­ро ба умеди шинохтан ва дар ҳолати пеш омадани зарурат ба кор бурдани онҳо барои хонандагони мӯҳтарам баён мекунем,:

    Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Пайғамбари акрам (с) дуои таб ва соири дардҳоро ба дигарон меомӯхтанд,[35] аз он ҷумла: «Бисмиллоҳил кабир аъузу биллоҳил азим мин ъирқи наъъор ва мин шарри ҳаррин-нор. --Ба номи Худованди бузург, паноҳ ме­барам ба Худои азимуш-шаън аз фаврон кардани хун аз раг ва аз шарри ҳарорати ношӣ аз ихтилоли узви бемор».

    Дар ривоят омадааст, ки Оиша (р) гуфт: “Ҳар гоҳ иддае аз мардум ба назди Пайғамбар (с) меомаданд, аз дарди чизе, ё аз нороҳатии чирк ва ё захме шикоят ва бетобӣ мекарданд, он ҳазрат ба унвони табобат кардан ангушти худро тар ме­карданду рӯи замин мегузориданд ва баъд баланд мекарданду бар маҳалли дард кашида мефармуданд: «Ба номи Худованд! Хоки замини мо бо оби даҳони иддае аз мо бо изни Худованд ба афроди бемори мо шифову беҳбудӣ мебахшад».[36]

    Дар ривояте омадааст, ки ҳар гоҳ Пайғамбари акрам (с) назди беморе мерафтанд ва ё бемореро пеши Ҳазрат (с) мео­варданд, мефармуданд: «Азҳибил баъса Раббан-нос, ишфи анта-ш-шофӣ, ло шифоа илло шифоука шифоан ло юғодиру суқман.--Эй Парвардигори инсонҳо! Ранҷу аламро бартараф кун, ба беморон шифову беҳбудӣ ато бифармо, ба ростӣ тан­ҳо Туӣ шифодиҳанда, ҳеҷ шифое ҷуз шифои Ту нест, шифое ато бифармо, ки шомили ҳамаи беморон шавад ва ҳатто як нафар беморро тарк накунад».[37]

    Уммулмӯъминин Оиша (р) гуфтааст: “Вақте Пайғамбар (с)-ро таб мегирифту бемор мешуданд, ду сураи «Қул аъузу бираббил-фалақ» ва «Қул аъузу бираббин-нос»-ро мехонданд, баъд дасти хешро ҳамроҳ бо пуф кардан бар худ мекашиданд. Вақте дар беморие, ки бо он беморӣ он ҳазрат (с) вафот карданд, дардашон шиддат гирифт, ман он ду сураро бар он ҳазрат (с) мехондам ва дасти росташонро бар баданашон мекашидам, ба умеди баракати бештар”.[38]

    Дар поён дуоеро, ки Ҷибриил (а) барои Пайғамбари ак­рам (с) хонд, баён мекунем: Ҷибриил (а) назди Пайғамбар (с) омад ва гуфт: “Эй Муҳаммад! Оё бемор ва нороҳат ҳас­тӣ?” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, нороҳатам ва дард до­рам». Ҷибриил (а) гуфт: “Туро ба Худо паноҳ медиҳам, то аз ҳар чизе, ки ба ту азияту осеб мерасонад, маҳфуз бидорад ва туро аз шарри ҳар касе ва ё аз чашми бад дур бидорад. Ху­дованд ба василаи зикри номи Худ ба ту шифо ато бифар­мо­яд. (Чун фақат ӯст холиқи ҳар чиз ва қодир ба пешгирӣ аз ҳар зарару зиёне).[39]

    Оре, ба ҳамин хотир аст, ки Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Расули Худо (с) бар хондани ду сураи «Қул аъузу бирабби-л-фалақ» ва «Қул аъузу бирабби-н-нос» таъкид фармуда­анд”. Чунончи дар ривояте омадааст, ки Расули Худо (с) фар­му­данд: «Ҳар кӯдаке, ки ба дунё меояд (шайтони васвасагар) бар қалби ӯ васваса меандозад, пас агар номи Худо бурда ша­вад (шайтон) шикаст мехӯрад ва агар аз номи Худо ғофил монад, шайтон ӯро васваса мекунад. Ин ҳамон мафҳуми фар­мудаи Худованд аст, ки мефармояд: «Аз шарри васвасагаре, ки вопас меравад ва шикаст мехӯрад».[40]

    6. Овезон кардани ҳар чизе бар кӯдак, ба ҷуз мафоҳими Қуръон ва аҳодиси набавӣ ҳаром аст

    Дар поёни ин фасл лозим аст ин нуктаро ёдоварӣ намо­ем, ки овезон кардани ҳар чизе бар андоми кӯдак ба унвони ҳофизу нигоҳдорандаи ӯ ва дар гулӯву банди дасти ӯ мӯҳраи чашмӣ бастан ба ин эътиқод, ки он кӯдакро аз чашми баду аз ҳар навъ зарар ҳифз мекунад, ҳаром мебошад ва аз ҷум­лаи корҳое аст, ки афроди ноогоҳ ҳамчун аҳкоми шариати Ислом онро анҷом медиҳанд! Бояд донист, ки ин кор ҷузъи аъмоле аст, ки агар баъд аз гӯшзад намудан ва баёни табо­ҳии он ба анҷомдиҳандаи онҳо боз бар ин амали худ исрор варзад, Расули Худо (с) онҳоро ширк донистаанд ва бояд пеши онро гирифт.

    Аз Амр ибни Ҳорис (р) ривоят шуда, ки Букайр ба ӯ гуфта, ки модараш бародари ӯро ба номи Махрама назди уммулмӯъминин Оиша (р) фиристод, то ин ки захми ӯро, ки ғолибан кӯдакон ба он мубтало мешаванд, табобат кунад. Баъд аз ин ки Оиша (р) ӯро табобат кард ва аз он фориғ шуд, ногаҳон дар пои Махрама ду халхоли (ҳалқаи филизӣ, ки занон дар банди по кунанд) тоза дид. Оиша (р) гуфт: “Оё гумон бурдед, ки ин ду халхол чизеро, ки Худованд муқаддар фармудааст, аз ӯ дафъ менамояд? Агар ман қаблан онҳоро медидам, ҳаргиз захми ӯро табобат намекардам ва даст ба он намезадам, чаро ки ба ҷони худам қасам, халхоли нуқрагин аз ин ду поктару беҳтар мебошад”.[41]

    Оре, ба ҳамин хотир аст, ки Расули Худо (с) мусалмо­нонро аз аъмоли ҷоҳилият ва боварҳои онҳо ба василаи ове­зон кардани чизҳое бар синаи кӯдакон, аз тарси ҳасад вар­зидани ҳосидон, сахт барҳазар дошта, аз ин гуна аъмоли ху­рофотӣ манъ кардаанд. Бинобар ин, мо бояд ба раҳнамо­и­ҳои инсонсози Расули Худо (с) гӯш кунем ва бо тамоми ву­ҷуд аз онҳо пайравӣ намоем ва аз ҳар навъ бидъати саййиа худдорӣ кунем.

    Абдурраззоқ дар «Мусаннаф»-и худ аз Абуқалоба нақл намудааст, ки гуфта: “Расули Худо (с) гарданбандеро, ки ба­рои дафъи чашми бад бар гардани Фазл ибни Аббос (р) баста буданд, бардошта, нагузоштанд бар гарданаш баста шавад”.[42]

    [1]. Ба ривояти Муслим ва Аҳмад аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р).

    [2]. Ба ривояти Имом Аҳмад ва Насоӣ аз Усома ибни Шурайк (р).

    [3]. Ба ривояти Имом Аҳмад ва Тирмизӣ аз Абуҳурайра (р).

    [4]. Ривоят аз Абуҳурайра (р).

    [5]. Ба ривояти Аҳмад, Бухорӣ, Муслим, Тирмизӣ, Молик ва Ибни Моҷа.

    [6]. Ба ривояти Имом Аҳмад ва Тирмизӣ аз Миқдом ибни Маъдиякруб (р).

    [7]. Ба ривояти Бухорӣ, Муслим ва Тирмизӣ аз Анас (р).

    [8]. Ба ривояти Саҳеҳайн» аз Абуқатода (р).

    [9]. Ба ривояти Муслим аз Абуҳурайра (р).

    [10]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

    [11]. Нақл аз «Канзул-уммол». – Ҷ. 4.. – С. 44.

    [12]. Ба ривояти Бухорӣ, Муслим ва Насоӣ аз Ибни Аббос (р).

    [13]. Ба ривояти Ҳоким ва Заҳабӣ ба таври марфӯъ, ба силсилаи Алаҳодису-с-саҳеҳа, шумораи ҳадиси 1752 муроҷиат шавад.

    [14]. «Зодул-маъод, Ибни Қаййим. – Ҷ. 2.. – С. 169.

    [15]. Ба ривояти Байҳақӣ.

    [16]. Ба ривояти Аҳмад, Абудовуд ва Насоӣ.

    [17]. Имом Нававӣ мегӯяд: Уламо гуфтаанд: Калимаи ҳомматин» бо ташдиди мим иборат аст аз ҳар мавҷуде, ки заҳри кушандадошта бошад, монанди мор ва амсоли он. Аммо «айнин ломматин» бо ташдиди мим дар ин ҳадис, яъне ҳар чашме, ки бо назари бад ба чизе бингарад, дар он коргар воқеъ мешавад ва ба он зиён мерасонад. (Нақл аз китоби Ал-Азкор» боби Мо юаввазу биҳи-с-сибёну ва ғайруҳум».. – С. 131_Дору-л-фикр).

    [18]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Убайд ибни Рафоаи Зарқӣ.

    [19]. Ба ривояти Молик дар «Ал-Муваттаъ» аз Урва ибни Зубайр (р).

    [20]. Ба ривояти Аҳмад аз Оиша (р).

    [21]. Нақл аз «Ҳаёту-с-саҳобати». – Ҷ. 2.. – С. 446, чопи Миср.

    [22]. Боз нақл аз «Ҳаётус-саҳобати». – Ҷ. 2.. – С. 446.

    [23]. Ба ривояти Бухорӣ аз Анас (р).

    [24]. Ба ривояти Имом Аҳмад, Шайхон, Абудовуд ва Ибни Моҷа аз Уммиқайс (р).

    [25]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 4.. – С. 206.

    [26]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 4.. – С. 5.

    [27]. Ба ривояти Абуяъло ва Баззор.

    [28]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р).

    [29]. Ба ривояти Тирмизӣ ва ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 4.. – С. 209 ва гуфтааст ин ҳадис саҳеҳул-иснод аст.

    [30]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 4.. – С. 210.

    [31]. Ба ривояти Имом Молик дар «ал-Муваттаъ» аз Ҳамид ибни Қайси Маккӣ (р).

    [32]. Ба ривояти Имом Аҳмад ва Табаронӣ аз Ибни Аббос (р).

    [33]. Ба ривояти Бухорӣ, Муслим ва Тирмизӣ аз Соиб ибни Язид (р).

    [34]. Ба ривояти Табаронӣ аз Уммиабон духтари Алвозеъ, аз падараш.

    [35]. Ба ривояти Бухорӣ.

    [36]. Ба ривояти Бухорӣ, Муслим ва Абудовуд.

    [37]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Алӣ ибни Абутолиб (р).

    [38]. Ба ривояти Бухорӣ, Муслим, Абудовуд ва Тирмизӣ.

    [39]. Ба ривояти Муслим ва Тирмизӣ аз Абусаъиди Худрӣ (р).

    [40]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 2.. – С. 541.

    [41]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 4.. – С. 218.

    [42]. Нақл аз «Мусаннаф». – Ҷ. 11.. – С. 208.

    Назари ту бароямон муҳим аст