Пайрави аз Паёмбар (с) ва тарки ҳаво ва ҳавас

Нависанда : Абдураҳмони. А

Гузориши мухтасар:

Имони инсон пурра намегардад магар инки тарки ҳаво ва ҳавас карда аз паёмбари худо пайрави намояд.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Пайрави аз Паёмбар (с) ва тарки ҳаво ва ҳавас

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Абдураҳмони. А

    2015 - 1436

    اتباع النبي صلى الله عليه و سلم و ترك الأهواء

    «باللغة الطاجيكية»

    أ. عبد الرحمن

    2015 - 1436

    Пайрави аз паёмбар(с) ва тарки ҳаво ва ҳавас

    Абдуллоҳ писари Амр писари Ъос (р) ривоят карда аст, ки Паёмбари Худо фармуд:

    عن عبد الله بن عمرو بن العاص – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -: "لا يؤمن أحدكم حتى يكون هواه تبعا لما جئت به". روي في كتاب الحجة بإسناد صحيح .

    "Ҳеч яке аз шумо имонаш комил намегардад то инки нафс ва ҳавасаш пайрав бошад аз он чи ки ман овардаам". Ин ҳадис дар китоби "Алҳуҷҷа" бо санади саҳеҳ ривоят шуда аст.

    Бинобар ин бояд ҳаво ва ҳаваси инсон ҳамеша пайрави фармонҳои Паёмбари Худо (с) дар дин ва тақво бошад, то инки имонаш комил ва пурра гардад, ва ҳар кас ки аслан (дар асли имонаш) пайрави фармони Паёмбари Худо набошад кофир аст, аммо агар дар асли имонаш пайрави Паёмбари Худо бошад ва дар ғайри он пайрав набошад фосиқ аст, ва агар касе дар зоҳир пайрав бошад ва дар ботин пайрави накунад мунофиқ аст. Яъне худро дар назди мардум пайрави Паёмбари Худо (с) нишон диҳад ва дар ботин аз ӯ пайрави накунад.

    Аллоҳ таъоло дар сураи нисо мефармояд:

    ﴿فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا يَجِدُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَرَجٗا مِّمَّا قَضَيۡتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسۡلِيمٗا ٦٥﴾ [النساء : ٦٥]

    “На, қасам ба парвардигорат, ки имон намеоваранд, магар вақто ки дар мушкилот ва хилофоте ки миёнашон мешавад туро ҳоким ва довар бидонанд, онгоҳ дар қабули доварии ту ҳеҷгуна нороҳати дар дили худ наёбанд ва комилан дар баробари ҳукми ту таслим шаванд”.

    Сураи Нисо 65

    Дар ин оят имон оварданашонро қабул нафармуд, магар пас аз қабул кардани доварии Паёмбар (с), ва онгоҳ ба бовари кардани доварии Паёмбар (с) иктифо нафармуд ва афзуд, ки бояд дар баробари фармони Паёмбар (с) эҳсоси ҳеҷгуна нороҳати накунанд ва бозҳам афзуд, ки дар баробари довари ва ҳукму фармони Паёмбар (с) комилан таслим шаванд.

    Дар ҳадиси дигаре ки ҳазрати Анас (р) аз Паёмбари Худо (с) онро ривоят карда аст, Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    عن أنس قال: قال النبي صلى الله عليه وسلم: ((لا يؤمن أحدكم حتى أكون أحب إليه من والده وولده والناس أجمعين)) متفق عليه.

    Расули Худо (с) фармуд: “Имон надорад яке аз шумо, то ин ки ман дар назди вай аз падару фарзанд ва аз тамоми мардум маҳбубтар набошам". (Бухорӣ ва Муслим)

    Вақто имони шумо комилтар мешавад, ки маро ки Паёмбари Худо ҳастам бар худаш ва фарзандаш ва бар падару модараш ва ҳамсараш ва ҳамаи мардум маҳбубтар бидонад.

    Муҳаббат ва дӯстдори се гуна аст: Муҳаббати таъзим ва бузургдори, монанди муҳаббати падару модар ва устод, ва муҳаббати шафқат, монанди муҳаббати фарзандон, ва муҳаббати писандидан ва зебо ба назар омадан, монанди муҳаббати дигар мардум.

    Ва аз ҳадиси гузашта чунон мефаҳмем ки муҳаббати Паёмбари Худо бояд аз муҳаббати падару модар, зану фарзанд ва дигар ҳама мардум болотар бошад, чун Паёмбари Худо сабаби халосии ҳамаи мо аз азоби Аллоҳ таъоло шуд, ва сабаби ба даст овардани хушбахтии дунё ва охират барои ҳамаи мусалмонон буд.

    Албатта муҳаббати Паёмбари Худо (с) барои Аллоҳ таъоло аст ва барои ҳар як мусалмон лозим аст ончиро ки Аллоҳ таъоло дӯст медорад дӯст доранд ва ончиро ки дӯст намедорад дӯст надорад ва аз он дури кунад.

    Ва сабаби ҳамаи гуноҳони мо пайрави аз нафс ва дури кардан аз пайравии Паёмбари Худо аст.

    Аллоҳ таъоло мефармояд:

    ﴿فَإِن لَّمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَكَ فَٱعۡلَمۡ أَنَّمَا يَتَّبِعُونَ أَهۡوَآءَهُمۡۚ وَمَنۡ أَضَلُّ مِمَّنِ ٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ بِغَيۡرِ هُدٗى مِّنَ ٱللَّهِۚ ٥٠﴾ [القصص: ٥٠]

    “Пас агар ба фармони ту иҷобат накарданд, яқин бидон ки ҳаво ва нафси худро пайрави мекунанд, ва кадом касе гумроҳтар аст аз касе ки пайрави нафс ва ҳавои худ бошад, бидуни инки роҳнамое аз Аллоҳ таъоло ҳамроҳ дошта бошад?”.

    Сураи Қасас 50

    Албатта пайрави кардан аз нафс ва тарк кардани роҳнамоии Аллоҳ таъоло ва расулаш, сабаби расидан ба гумроҳтарин роҳҳост. Ҳамаи гуноҳон ва бидъатҳо ба сабаби пайрави кардан аз нафс ва дур шудан аз дастури Аллоҳ таъоло ва паёмбараш мебошад.

    Назари ту бароямон муҳим аст