Мисбоҳиддини Ҳомид - Мақолаҳо
Теъдоди матолиб: 41
- Тоҷикӣ Нависанда : Муҳаммад Зариф Абдулмаҷид Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Баъд аз анҷоми ҳар тоату ибодате чӣ рӯзаву намоз, ҳаҷҷу умра, садақа ё амали солеҳи дигаре ҳамаи мо сухани Алӣ (р)-ро такрор менамоем, ки фармуд: "Эй кош, қабул мегашту табрикаш мегуфтем ва ба маҳрумгашта таъзият мефиристодем". Инчунин баъд аз ҳар ибодате гуфтаи Ибни Масъуд (р)-ро ба кор мебарем, ки мефармояд.
- Тоҷикӣ Нависанда : Муҳсин Рамазони Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Дини Ислом ба унвони бузургтарин дини ахлоқ аст, ки тамоми ҳолоти мусулмононро аз бузургу кӯчак дар назар мегирад ва ба тамоми ҷанбаҳои фардӣ ва иҷтимоӣ эҳтимом меварзад. Расули Акрам (саллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: "Ҳамоно ман мабъус шудам, то тамомкунандаи беҳтарин ахлоқро бошам". (Имом Аҳмад).
- Тоҷикӣ Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Чипта: Танҳо ба як самт (чиптаи бозгашт нест). Нарх: Ройгон (бепул). Ҷойи махсус: Ҷудо ва тасдиқ шудааст. Маълумоте дар бораи мусофир. Ном. Насаб. Номи падар: Ҳама фарзандони Одам (а). Таркибаш: Хок. Суроға: Сайёраи Замин. ШАРТҲОИ САФАР Нуқтаи равонашавӣ: Ҳаёти дунявӣ. Нуқтаи охирин: Ҳаёти беохир. Транзит: Меҳмонхона - 2 метр зери замин (танҳо барои як шахс). Муддати парвоз: Номаълум.
- Тоҷикӣ Нависанда : Мисбоҳиддини Ҳомид
Яке аз вазнинтарин мусибатҳое ки сари уммати исломи омад, ин буд ки ваҳй илоҳи бо вафоти Паёмбар (с.в) қатъ гардид. Вақто ки Паёмбар (с.в) амонаташро ба ҷо овард ва умматашро насиҳат кард, нишонаҳои падруд гуфтанаш ин дунёро дар суханҳову амалҳояш намоён гардид.
- Тоҷикӣ Нависанда : Мавлави Абу Асмо Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Бо фарорасидани иди навруз мехостам барои хонандагони гироми пешвоз гирифтани ин рузро аз нигоҳи шариъати исломи пешкаш кунам. Ва ҷоиз набудани ин идро бо баъзе аз суханҳои Паёмбар (с.в) ва баъзе аз суханони олимони мазҳаби Ҳанафи барои шумо пешкаш мекунам.
- Тоҷикӣ Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу. Як савол: Як ҳадиси Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки рости гап, маънояшро медонам, лекин матнашро ба тоҷикӣ ифода карда наметавонам. Яъне маънои ҳадис ҳамин мебошад, ки инсоне ки мурда аст дар қабр хобида ҳаст ва ба сабаби ин ки касе барои ӯ гиряву доду фарёд мезанад, ҳамон марди мурда ба азоб дучор ҳаст. Ҳамин ҳадис оё саҳеҳ мебошад? Барои он ки ҳазрати Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ин ҳадисро қабул намекунад ва такя бар ояти Анъом; 164 ҳаст ба фикрам) мекунад.: Бигӯ: «Оё ҷуз Аллоҳ Парвардигоре ҷӯям?» Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва ӯ шуморо ба он чизҳое ки дар он ихтилоф меварзидед, огоҳ мекунад. Фикри шумо дар бораи ин ҳадис чист ва агар санадҳояшро меовардед, хуб мешуд.
- Тоҷикӣ Нависанда : С. Юсуфӣ Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Маълуму маъруф аст, ки дар дини мубини Ислом ҳамагӣ ду ид вуҷуд дорад: Рамазону Қурбон ва ё бо номҳои дигар иди саиди Фитр ва иди Азҳо. Инро ҳама медонанд ҳатто ғайри мусулмонҳо ҳам. Родию ва телевизёнҳои гуногуну мухталифи ҷаҳон аз рафту ҷараёни ин ду ид дар кишварҳои мухталифи мусалмоннишин гузоришҳои ҷолибу диданӣ пахш мекунанд.
- Тоҷикӣ Нависанда : Мисбоҳиддини Ҳомид
Аввал: Таърихи пайдоиши иди занон Аз ҷумлаи идҳое ки аксари мардуми ҷаҳон барои пешвоз гирифтанаш эҳтимоми хосе медиҳанд (Рузи модарон ё ин ки иди модарон) мебошад, бо вуҷуди он ки дар рузи пешвоз гирифтанаш миёни мардуми ҷаҳон ихтилоф аст, магар ин ки дар пешвоз гирифтанаш бо шакли ом иттифоқ аст..... Чуноне, ки дар боло зикр кардем ин ид ҳеч робитае ба дин яъне ба Қурон ва ба суннати Паёмбари ислом надорад, балки чуноне ки маълум шуд ин ид аксаран аз ҷиҳати мардуми ғарб баъди роҳпаймоиҳову эътирозҳо ба расмият шинохтаву пайдо шудааст, ва дур аз ҳамаи ашколи таъолим ва тарбияи динии муҷтамаъи исломи мебошад.
- Тоҷикӣ Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Бошарафтарин зани асри хеш Хадиҷа бинти Хувайлид дар оилаи миёнаҳол дар Маккаи Мукаррама таваллуд ёфтааст. Номи падараш Хувайлид ибни Асад ва номи модараш Фотима бинти Зоида будааст. Пеш аз биъсати набави мулаққаб ба Тоҳира буд. Ҳазрати Хадиҷа дар замони ҷоҳилият зани поку шарифа буда дар байни мардум ба неки ёдовар мешуд. У (р.з) аз зумраи тоҷирони машҳур ба шумор рафта дар молаш савдогарони зиёде тиҷорат мекарданд.
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдусаттори Ҳақназар Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Хоҳари диндор: Нафсу хонаводаи хешро аз ширки зоҳириву ботини нигоҳ медорад. Хоҳари диндор: Ҳоҷати хешро танҳо аз Худо талаб карда танҳо назди Парвардигори хеш сар фуруд меорад. Хоҳари диндор: Хоҳари диндор аз ғайбату масхара ва таҳқири дигарон дури меҷуяд.
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдусаттори Ҳақназар Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Рамла духтари Абу Суфён писари Сахр мебошад. Модараш Сафия духтари Абил-Ос писари Умайя амакии Усмон писари Аффон аст. У бо кунияаш –Умми Ҳабиба- дар байни мардум шинохта мешуд ва аз зумраи мусалмонҳои аввал ба шумор меравад. У бо ҳамроҳии шавҳараш –Убайдулло писари Чаҳш- дар Маккаи Мукаррама исломи хешро эълон намуд. Онҳо монанди дигар мусалмонҳои Макка аз шиканчаҳои пай дар пайи мушрикон эмин наёфтанд.
- Тоҷикӣ Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Аз дидгоҳи эътиқод имоматии Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз имоматии халифаҳояш аз чанд ҷиҳат фарқ мекунад: Касе ба имоматии Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам имону эътиқод надошта бошад ва ё онро инкор намояд кофир мешавад. Аммо агар касе ба имоматии халифаҳояш имон наорад ва ё онро инкор кунад кофир намешавад, балки гунаҳгор дониста мешавад.
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдуссамад Аҳтамхон Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Шароб модари бадиҳо буда, инсонро аз тамоми сармояи иззат, шарофат, номи накӯ ва ифтихорот маҳрум месозад. Дар ҳар дину оин риояти панҷ чиз зарурӣ буда, мӯҳтарам шумурда шудааст: Дин, ақл, нафс, мол ва номус. Афроди майпараст бо васвасаҳо ва фиребҳои Шайтон ин панҷ чизро барбод дода, фақиру бенаво, беобрӯ ва масхараи кӯдакон мешаванд.
- Тоҷикӣ Нависанда : Мисбоҳиддини Ҳомид
Ва рузаи моҳи шарифи Рамазон яке аз он тоату ибодатҳоест ки нафси инсонро пок месозаду тоҳир мегардонад, руза доштани шаш рузи моҳи Шаввол низ фурсатест аз фурсатҳои поксозии нафс, чунки вақто ки мусалмон аз рузадории моҳи Рамазон фориғ мешавад дар ру ба руяш боз ибодатеро мебинад, ки агар уро ба ҷо биёрад, бозҳам нафсаш поктару тоҳир тар мегардардад. Паёмбар (с) уматонашро аз фазли рузадории шаш рузи моҳи Шаввол хабардор карда онҳоро шавқманд месозад ки уро ба ҷо биёранд.
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдусатори Ҳақназарзода Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Оё медонед заноне ки зинати худро нишон медиҳанд ва худнамои мекунанд ва бад ҳиҷоб ҳастанд чи гуноҳе доранд? Нависанда дар ин мақолааш чигуна занҳо метавонанд аз азоби дузах худро наҷот бидиҳанд суҳбат мекунад.
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдусатори Ҳақназарзода Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Дар ҳадисе ки имом Аҳмад ривоят кардааст, Анас ибни Молик мегуяд: Рузе назди Паёмбари Худо нишаста будем, он ҳазрат фармуд :" Акнун аз ин ноҳия марде аз аҳли биҳишт меояд" Нависанда дар бораи амалҳое суҳбат мекунад ки дар назди мардум назарнорасанд локин ин амалҳо сабаби дохилшавии чаннат мебошанд
- Тоҷикӣ
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдусатори Ҳақназарзода Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Дар ин мақола нависанда дар бораи чигуна насиҳат кардан ва яке аз ҳадисҳои Паёмбари исломро ки дар бораи насиҳат аст ба мо шарҳ медиҳад
- Тоҷикӣ Нависанда : Абдусатори Ҳақназарзода Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Дар ин мақола нависанда қиссаи чигуна дусту бародар кардан миёни Муҳочирон ва Ансорро бо баъзе аз оятҳо ва ҳадисҳое ки далолат ба дусти ва бародари мекунад баён мекунад.
- Тоҷикӣ Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид
Нависандаи ин мақола дар бораи чи гуна бояд салому чавоб додан ва саломро бо лафзаш баён мекунад.