معلومات المواد باللغة العربية

Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷӣ, Рабва – шаҳри Риёз - Мақолаҳо

Теъдоди матолиб: 102

  • Тоҷикӣ

    Яке аз ҳодисаҳои муҳимтарине, ки аркони хонадони нубуватро ба ларза даровард, ҳодисаи ифк буд, ки модари муъминон ҳазрати Оишаро аз руи туҳмату буҳтон итиҳом ба фоҳишагари намуданд, ин ҳодиса на танҳо хонадони нубуватро ба ларза даровард.

  • Тоҷикӣ

    Дар дини мубини ислом чанд навъе аз рӯза ҳаст: Рӯзаи фарзӣ Рӯзаи воҷиб Рӯзаҳои нафли Рӯзаҳои макруҳ Рӯзаҳои ҳаром.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Абдулмалик Ал-Қосим Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Чӣ бисёранд касоне ки аз амалҳои фоҳиша ва зулму ситам дуранд, вале забонашон олудаи туҳмат ба номусу обурӯи мурдагону зиндагон аст, ва ин барояшон ҳеҷ аҳамияте надорад.

  • Тоҷикӣ

    Худованд инсонро замоне, ки офарид, дурусташ намуд, дар ў аз руҳи хеш дамид, барояш гўшу бинию дил бахшид, сураташ дод ва сураташро зебо намуд, дар зеботарин низом ва накўтарин сурат ўро офарид, малоикаҳоро барои ба ў саҷда кардан фармон дод, ўро ба намудҳои зиёди илму маърифат, ки тавасути он саодати дунё ва охиратро меёбад, роҳнамои намуд. Барояш ақлу идроку забону тамиз бахшид, барояш неъматҳои бешумору бебаҳо дод, барояш тамоми ашёи осмону заминро мусаххар сохт, ўро халифаи хеш дар рўи замин таъин кард, то онро обод намояд ва бо ин ҳама вайро хеле такрим кардааст.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Худованд барои бандагонаш роҳҳоеро муяссар кардааст, то инки барои худ аҷру савоб ҷамъовари намоянд, пас инсон бояд аз ин роҳҳо истифода барад.

  • Тоҷикӣ

    Расули Худо (с) фармуданд: " Оё Намехоҳед шуморо аз чизе огоҳ намоям, ки тавассути он хатоҳои шумо маҳв гашта дараҷоти шумо боло равад? Гуфтанд: Бале, эй Расули Худо. Фармуданд: Таҳорат намудан бо ҳама сахтиҳо, бисёр қадам задан ба тарафи масҷидҳо, ва баъди анҷоми намоз, намози дигарро интизор шудан, ин аст рибот, ин аст рибот, ин аст рибот".

  • Тоҷикӣ

    Худоро сипос мегўем, ки дар ин замони пурфитна ва фасод, замоне, ки побандӣ ба дин, монанди чанг задан ба шарораҳои оташ аст, теъдоде аз хоҳарони мусалмон мўътақид ба усул ва мабодианд ва алоқа доранд то ҳиҷоби шаръиро, ки қалъаи мўҳкам дар баробари фасоди ҷомеаи исломӣ аст, ҳифз намоянд. Бале, дастаҳои палиди истеъморгарони Ғарб ва пайравони онҳо даст ба кор шудааст, то бо равишҳои мухталиф, ҷомеаи исломиро ба фасод ва фаҳшо бикашанд. Яке аз ин равишҳо, бардоштани ҳиҷоб аст, ки душманон дар ин қарни ахир барои бардоштани ҳиҷоб аз ҳеч кушише дареғ нанамудааст.

  • Тоҷикӣ

    Бародарону хоҳарони гироми! Сахтиҳои даврон ва мусибатҳои шабу рӯз ва ҳар озмоишу балоҳое ки бар сари инсон меояд, дар воқеъ далолат бар имони муъминон ва балоест барои бесаброн, чуноне ки Худованд мефармояд: «Ва албата шуморо меозмоем то ки муҷоҳидон ва собиронро бозшиносонем ва хабарҳои (марбут бар) шуморо расидаги кунем» (Муҳаммад 31).

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Абдулмалик Ал-Қосим Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Падарҷон! Иди қурбон аҷаб иди зебое аст, дур аз писарбачаҳо бо духтаракон бози мекунем, доира мезанем ва овозхони мекунем. Падарҷон куртаи наву зебоямро пушида сарамро бо рӯймол мепушонам ва ҳамроҳи шумо намози идро мехонам. Падарҷон дар ин ид рӯймоли калон мепушам, ман акнун калон шудаам.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Касоне, ки рӯзаи моҳи Рамазонро бо имон ва қасди савоб бигиранд тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Аз Абӯҳурайра (р.з) ривоят аст, ки Расули акрам (с) (фазилат ва қадру манзалати рӯзаро баён карда), фармуданд: «Савоби ҳар амали одамӣ аз даҳ баробар то ҳафтсад баробар афзуда мешавад».

  • Тоҷикӣ

    Мавзуъҳои ин мақола иборатанд аз: Маънои руза. Вақти руза. Моҳи рамазон бар ки фарз аст? Шартҳои фарзи руза чаҳорто мебошанд. Шартҳои қабули руза. Суннатҳои руза шашто мебошанд. Амалҳое ки рузаро ботил месозад. Рузаҳои мустаҳаб. Рузҳое ки руза доштанашон ҳаром аст. Хусусиятҳои моҳи рамазон. Насиҳатҳо. Закоти фитр.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Ҷуз ин нест, ки садақот ба фақирон ихтисос дорад. Фақир касест, ки чизе надорад. Зиёд ибни Ҳарс (р) мегӯяд: «Марде назди Расули Худо (с) омаду гуфт: Аз амволи закот ба ман бидиҳед! Расули Худо (с) фармуданд: Бидон, ки Худои азза ва ҷалла ба ҳукми Паёмбар ё каси дигаре дар боби садақот (амволи закот) розӣ нашуда, балки худаш дар бораи он файсала намуда ва онро ба ҳашт қисмат тақсим карда, пас агар ту ҳам аз он гурӯҳ ҳастӣ, инак ба ту низ аз он медиҳам.».

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Оёте аз Қуръони карим, баёнкунандаи фарзияти рӯза ва баъзе аз аҳкоми рӯза.

  • Тоҷикӣ

    Инҳо чанд суханони муфиде ҳастанд барои касоне ки мехоҳанд дар ҳолу зиндагии худ тағйрот бидароранд, то ки парвардигори хешро хушнуд созанд, ҷамъовари намудам. Аз Худованд умед дорам ки хонанда аз ин суханҳо истифода барад.

  • Тоҷикӣ

    Моҳи шарифи Рамазон бо Қуръон иртиботи хоссе дорад, чунки Қуръон дар ин моҳ нозил шудааст, чуноне ки Худованд мефармояд: "Моҳи Рамазон, ки дар он Қуръони нозил шудааст" (Бақара 185).

  • Тоҷикӣ

    Барои ҳар як мусулмон лозим аст ки дар мавсимҳои тоату ибодат бепарвои накунад, ва мебояд дар пешвоз гирифтани чунин мавсимҳо кушиш кунад, ки аз пешқадамон гардад, чуноне ки Худованд мефармояд: "Ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд"(Мутафифин 26) Моҳи шарифи рамазонро ингуна пешвоз бигиред:

  • Тоҷикӣ

    Номаи бародарона, баъзе аз васиятҳо ва насиҳатҳои муҳиме ки шахси мусалмон ба он эҳтиёҷ дорад, дар бар мегирад, аз ҷумла дар бораи намоз, руза, закот, ва дигар одобу ахлоқи исломи.

  • Тоҷикӣ

    Яке аз вазнинтарин мусибатҳое ки сари уммати исломи омад, ин буд ки ваҳй илоҳи бо вафоти Паёмбар (с.в) қатъ гардид. Вақто ки Паёмбар (с.в) амонаташро ба ҷо овард ва умматашро насиҳат кард, нишонаҳои падруд гуфтанаш ин дунёро дар суханҳову амалҳояш намоён гардид.

  • Тоҷикӣ

    Шароб модари бадиҳо буда, инсонро аз тамоми сармояи иззат, шарофат, номи накӯ ва ифтихорот маҳрум месозад. Дар ҳар дину оин риояти панҷ чиз зарурӣ буда, мӯҳтарам шумурда шудааст: Дин, ақл, нафс, мол ва номус. Афроди майпараст бо васвасаҳо ва фиребҳои Шайтон ин панҷ чизро барбод дода, фақиру бенаво, беобрӯ ва масхараи кӯдакон мешаванд.