Василаҳои муфид барои зиндагии саодатманд

Гузориши мухтасар:

Муаллиф дар рисолаи худ барои расидан ба ҳадафи олӣ ва саодату хушбахти, ки ҳар инсон дар талоши расидан ба он аст, васоил ва роҳҳои муҳимро зикр мекунад, ки сабаби расидан ба зиндагии саодатманд мебошанд.

Download

Васфи комил

 Василаҳои муфид барои зиндагии саодатманд

Таълиф: Шайх аллома Абдурраҳмон ибни Носир Ас-Саъдӣ



  Муқаддима

Ҳамди Худованди якто ва дуруду салом бар охирин Паёмбарон ва бар олу асҳоб ва пайравонаш то рӯзи қиёмат.

Аммо баъд:

Ин рисолаи муборак “Василаҳои муфид барои зиндагии саодатманд” мафҳуми ҳақиқии саодат ва хушбахтиро баён мекунад, ки дар зиндагии ҳар як инсон ба ҳайси як ҳадафи олӣ ва арзишманд ба ҳисоб меравад. Ва фикрҳои гуногуне дар мавриди мафҳуми ҳақиқии он ва чи гуна ҳосил ва бадаст овардани он вуҷуд дорад.

Гурӯҳе аз мардум чунин мепиндоранд, ки саодат ва хушбахтӣ бо ҷамъ кардани пулу мол бадаст меояд.

Ва гурӯҳе онро дар саломатӣ ва сиҳҳатии ҷисм ва дар амну амон дар кишварҳо мебинанд.

Ва гурӯҳи дигаре онро дар ризқи ҳалол ва ҳосил намудани илми муфид ва бо самар меҷуянд.

Ва бархе онро дар имони содиқ ва амали неку ва пойдор мондан дар он мебинанд.

Вале мафҳуми саодат ва хушбахтӣ дар сурате, ки бо усул ва асосиёти шаръи мувофиқати дошта бошад, метавонад ҳамаи ин умурро дар бар гирад.

Саодат ва хушбахтӣ ба шакли умум ба ду навъ тақсим мегардад:

1-      Саодати дунявӣ: Муваққат буда, ва дар ҳудуди зиндагии кӯтоҳ ва зудгузари инсон мебошад.

2-      Содати ухравӣ (он дунё): Ҷовидона буда, ва хотима наёбанда ва ғайри маҳдуд аст.

Ва ин қисмҳои дугонаи саодатманди боҳам омехтаанд, ва бо якдигар лозим ва малзум мебошанд. Саодати дунявӣ аз саодати ухравӣ ҷудо нест, ва саодати ухравӣ барои мусулмонони парҳезгор марбут ба ризоияти Худованди якто аст.

Чуноне, ки Худованд мефармояд:

﴿مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةٗ طَيِّبَةٗۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ٩٧﴾ [النحل: ٩٧]

“Ҳар марду зане, ки коре некӯ анҷом диҳад, агар имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае ба ӯ хоҳем дод ва савобе беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард”.

Сураи Наҳл, ояти 97

Бародари гиромӣ! Оё медони, ки саодат чиро мегуянд? Ва чигуна ба даст меояд? Ва бадбахти чист? Ва чигуна метавонем, ки аз он дар амон бошем?

Саодатманди дар итоат ва пайрвии Худованд ва Паёмбари Ӯ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нуҳуфта (пинҳон шуда) аст, чуноне, ки шақоват ва бадбахти дар нофармонии Худованди (Аззаваҷал) ва Паёмбари Ӯ нуҳуфтааст.

Худованди мутаъол мефармояд:

﴿وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَقَدۡ فَازَ فَوۡزًا عَظِيمًا ٧١﴾ [الاحزاب : ٧١]

«Ва ҳар ки ба Худову паёмбараш итоъат кунад, ба комёбии (зафари) бузурге даст ёфтааст».

Сураи Аҳзоб, ояти 71

Ва инчунин мефармояд:

﴿وَمَن يَعۡصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَقَدۡ ضَلَّ ضَلَٰلٗا مُّبِينٗا ٣٦﴾ [الاحزاب : ٣٦]

«Ҳар ки ба Худову паёмбараш нофармонӣ кунад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст».

Сураи Аҳзоб, ояти 36

Ва ин китоб “Василаҳои муфид барои зиндагии саодатманд”, ки пеши рӯи мо қарор дорад, таълифи шайх Абдурраҳмон ибни Носир Ас-Саъдӣ (раҳмати Худо бар ӯ бод) мебошад, ки шомили ҳашт фасл буда ва дар ин муаллиф: Сабабҳо, василаҳо ва роҳҳои бадаст овардани саодати ҳақиқиро бо далелҳои равшан аз Қуръон ва суннат баён намудааст, то битавонад шеваи зиндагии саодатманди ҳақиқиро муайян намояд, ки орзуи ҳар мусалмон аст. Ва то ин ки як ҷомиъаи исломӣ битавонад барои танзими барномаи хеш дар равшании он ҳаракат намояд.

Ва вазорати Шуъуни Исломӣ ва авқоф ва даъвату иршод, барои саҳмгузори дар роҳнамоии мардум ба роҳи рост, ва васоили муфиду бо самар, ин китобро зимни силсилаи нашриёти муфиди худ ихтиёр намудааст, то барои мусалмонон дар мушкилоти зиндагиашон ба ҳайси як роҳнамо бошад.

Аз Худованди мутаъол талаб дорам, ки муаллифро ва касоне, ки дар чопу нашр ва тартиби ин китоб ҳамкори намудаанд аҷру савоб ато намояд.

Валлоҳу-л-муваффақ ва-л-ҳоди ило савоис-сабил, ва Ҳува ҳасбуно ва неъма л-вакил, ва дуруду саломи Аллоҳ бар Паёмбар ва хонадону ёронаш бод.

Доктор\ Абдуллоҳ ибни Аҳмад аз-Зайд

Масъули чоп ва нашриёт дар вазорат


 Муқаддимаи муаллиф

الحمد لله الذي له الحمد كله، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله، صلى الله عليه وعلى آله وأصحابه وسلم.

أما بعد:

Осоиш ва саъодати дил ва дури аз ғаму андуҳ хостаи ҳар як инсон аст, ки ба воситаи он зиндагии бо саодат ба даст меояд, ва хушию хушбахтӣ ҳосил мегардад, барои, ин кор: Сабабҳои динӣ, табиъӣ ва амалӣ вуҷуд дорад, ки он сабабҳо ба ҷуз муъминон ба касе дигаре муҳайё нест.

Ва агар баъзе аз он ба дигарон ҳам муҳайё гардад вале инсонҳои оқил ва донишманд онро бо сахти ва машаққат ба даст меоранд, ва бо васфи он аз бисёр сабабҳо ва шеваҳо маҳрум мемонанд, ки дар зиндагии ҳозира ва ояндаи инсон муфид ва муассир мебошад.

Ва ман дар рисолаи худ барои расидан ба ин ҳадафи олӣ, ки ҳар инсон дар талоши расидан ба он аст, васоил ва роҳҳоеро зикр мекунам, ки феълан дар ёдам аст.

Барои бархе аз инсонҳо бисёри ин сабабҳо муҳайё гардида ва хушгузаронии хуб, ва зиндагии саодатманд насибашон шудааст.

Ва бархе дигар аз он маҳрум мондаанд, ва шақовату бадбахти дар зиндаги насибашон шудааст.

Ва гуруҳи дигар ба он қадар ки тавфиқ насибашон буд дар байни ин ду қарор гирифтанд.

Ва Худованди таъоло танҳо дафъ кунандаи ҳамаи бадиҳо ва муваффақ кунандаи ҳамаи хайрҳо ва хубиҳо мебошад.


 Фасли

  Васоил ва роҳҳои муфид барои бадаст овардани зиндагии саодатманд

1-  Яке аз бузургтарин ва асоситарини ин роҳҳо ва василаҳо: Имон ва амали солеҳ мебошад. Худованди мутаъол мефармояд:

﴿مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةٗ طَيِّبَةٗۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٩٧﴾ [النحل: ٩٧]

“Ҳар марду зане, ки коре некӯ анҷом диҳад, агар имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае ба ӯ хоҳем дод ва савобе беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард”[1].

Пас Худованд ба ононе, ки соҳиби имони саҳеҳ ва амали солеҳ ҳастанд ваъда додааст, ки дар ин дунё саодатро насибашон мегардонад, ва дар дунё ва охират савоб ва подоши нек ба онҳо ато мекунад.

Ва сабаби ин возеҳ ва ошкор аст: Зеро касоне, ки ба Худованд имон оварданд ва имони онҳо саҳеҳ аст, боис ва сабаби корҳои хуб, ва амали нек мегарданд, ва ин амали нек дилҳо, ахлоқ ва дунёву охираташонро барояшон муфид ва солеҳ мегардонад. Ва дар назди онҳо чунин усул ва равишҳое мебошад, ки барояшон асбоби саодат ва хушбахти ва асбоби ғаму андуҳро ошкор мегардонад ва бо онҳо таомули дуруст карда метавонанд.

Дар ҳолате, ки хушӣ ва саодат барояшон муяссар гардад ба он ризогии худро нишон дода ва шукри онро ба ҷой меоваранд, ва аз он дар корҳои муфид ва судманд истифода менамоянд. Ҳар гоҳе, ки онон бо ин тавр амал кардан хушҳол мешаванд, умед ба бақои он ва подоши шукри он ба дасташон меояд, ки хубиҳо ва баракатҳои он аз ин хушбахтиҳо ба маротиб бузург ва азим мебошад.

Ва вақто, ки ғаму парешони барояш бирасад, то ҳадди имкон ва тавонои коре мекунад ки онро бо кулли аз худ дур кунад ё инки имкони кам кардани он бошад онро кам кунад, Ва агар имкони манъ карданаш набошад онро таҳаммул карда, дар муқобилаш аз сабр ва шикебои истифода барад, ки дар натиҷа муқовимати муфид, ва бардошти сахтиҳо, ва ба даст овардани таҷрибаҳои гуногун, ва сабр кардан дар баробари мушкилот, ва умед доштан ба аҷру савоби Илоҳӣ, чунин корҳои нек ва натоиҷи муфид ва самаранок ба даст меояд, ки бо вуҷуди он тамоми ранҷу машаққатҳо аз байн рафта ҳал мегардад, ва ба хушӣ ва орзуҳои нек ва умед доштан ба аҷру савоби Худованд мубаддал мегардад.

Чунон чи Пайғамбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз чунин ҳолат дар ҳадисаш фармудааст:

«عَجَباً لأَمْرِ الْمُؤْمِنِ، إِنْ أَمْرَهُ كُلَّهُ خَيْرٌ، إِنْ أَصَابَتْهُ سَرَّاءُ شَكَرَ، فَكَانَ خَيْراً لَهُ، وَإِنْ أَصَابَتْهُ ضَرَّاءُ صَبَرَ؛ فَكَانَ خَيْراً لَهُ، وَلَيْسَ ذلِكَ لأَحَدٍ إِلا لِلْمُؤْمِنِ». [مسلم الزهد و الرقائق (2999), أحمد (6/16), الدارمي الرقاق (2777)]

“Кори муъмин қобили тааҷуб аст, ҳама корҳояш неку аст, агар хушбахтие барояш ҳосил гардад шукри онро баҷо меорад, ва ин дар ҳаққаш хайр аст, ва агар ранҷ ва машаққате барояш рух диҳад сабру шикебоиро пешаи худ қарор медиҳад, ва ин низ дар ҳаққаш хайр аст, ва ҷуз муъмин ба дигарон чунон (хислате) нест”[2].

Пас Пайғамбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин амрро баён кард, ки хуши ва парешонии муъмин дар ҳарду ҳолат сабаби зиёдати аҷру подоши амалҳояш мегардад.

Агар ба ду нафаре, ки хайр ё шар (хушӣ ё ранҷу машаққат) барояшон ҳосил гардидааст нигоҳ куни мебини ки ин ҳар ду дар аксуламали он чи ки барояшон расидааст аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ва ин тафовут дар асоси имон ва амали солеҳи ин ду нафар вобастаги дорад.

Ва он шахсе, ки имон ва амали солеҳ дорад, хайр ва шарро (хушӣ ё ранҷу машаққат) бо шукру шикебои қабул менамояд, Ва аз инҷост ки барояш хушӣ ва шодмони насиб мегардад ва ғаму андуҳ ва парешониву нороҳати ва тангдилию бадбахти аз ӯ дур мегардад, ва дар натиҷаи ин зиндагии хубу саодатманд дар дунё насибаш мешавад.

Ва касе соҳиби имон ва амали солеҳ набошад, ӯ барои ба даст овардани хушӣ ва саодат ғуруру такаббур нишон дода ва ахлоқаш бад мегардад, ва монанди чорпоён ҳарисона бо неъматҳо бархӯрд менамояд ва бо вуҷуди инҳам ороми ва роҳати дил барояш муяссар намегардад, Ва ба ташвишҳои гуногун мубтало мегардад, чи аз ҷиҳати аз даст додани неъматҳо ва ё аз ҷиҳати рӯ ба рӯ шудан бо машаққатҳо, ва аз ҷиҳати хоҳишоти нафсонии инсон, ки ҳеҷ ҳадду андоза надошта, ва ҳамеша дар талош барои бадаст овардани неъматҳои ҳар чи бештар мебошад, ки мумкин аст барояш муяссар гардад ва ё нагардад. Ва агар онро низ ба даст биёварад, бозҳам ба сабабҳои – дар боло зикршуда - аз ташвиш ва парешони холи набуда ва ҳамеша аз рӯ ба рӯ шудан бо машаққатҳо ва ранҷҳо дар бетобӣ ва ҳаросу нооромӣ мебошад, Пас аз бадбахтии зиндагиаш пурсон макун, ки камтар аз он бадбахтии маризиҳои фикри ва асабӣ ва тарсу ҳаросе аст ки бо ӯ рух медиҳад, ва ӯро бо бадтарин ҳолат ва фикрҳо мубтало месозад. Ва сабаби ин ҳама он аст, ки ӯ бо ҳеҷ навъ аҷру подоши ухравӣ (аҷру подоши рӯзи қиёмат) бовар надошта ва на тавони чунон сабру шикебоиро дорад, ки ин ҳама андуҳ ва мусибатро бар вай осон созад ва ӯро тасалли диҳад.

Ва ин ҳама ҳолатҳое мебошанд, ки бо таври таҷриба дида шудааст. Ва агар дар бораи яке аз инҳо андеша куни ва ҳолатҳои мардумро бар он қиёс намои, хоҳи дид ки муслмоне, ки мутобиқи имонаш амали нек мекунад бо он шахсе, ки чунин нест фарқ ва тафовут дорад. Ва ин фарқу тафовут аз онҷост, ки ислом ҳамеша тавсия намудааст ки бояд ба он чи ки Худованд байни бандагонаш тақсим кардааст ва он неъматҳои гуногуне, ки аз фазлу карами Худ ба бандагонаш арзони намудааст, қаноат дошта бошанд.

Ва муъмин ҳангоме, ки ба касали, камбағали ва дигар таклифҳо ё машаққатҳое, ки ҳар инсон ба он рӯ ба рӯ мешавад, мубтало гардад, аз сабаби назар ба имон ва ризоят ва қаноаташ ба тақсими Илоҳӣ, ӯро ҳамеша хурсанд ва мутмаин мебини, Орзуи ончизеро, ки дар қисматаш нест намекунад, ва ба касе нигоҳ мекунад, ки сатҳи зиндагиаш аз ӯ камтар ва поинтар бошад ва ба касе ки зиндагиаш аз ӯ хубтар ва беҳтар бошад нигоҳ намекунад, Ва шояд ҳам хушҳоли ва роҳати қалби ӯ бисёртар аз касоне ки ҳама хоҳишоти дунёро ҳосил кардаанд бошад, вале қаноат надоранд.

Ва он касе, ки амалаш мутобиқ бо имонаш набошад, ҳангоме ки бо фақру қамбағали ва бечораги мубтало мешавад ва ё бархе аз хоҳишоташ иҷро (таҳаққуқ) нашавад, беандоза парешон ва ғамгин мебошад.

Мисоли дигар: Ҳангоме ки инсон бо тарсу парешони ва ноқарорие рӯ ба рӯ шавад, шахси бо имон ва қалби мутмаин дошта аз худ нишон дода ва дар танзими корҳо ва санҷиши чораҳое барои парешоние ки пешомадааст бо оромиш ва иродаи қавӣ мувофиқи тавоноии худ фикр ва амал менамояд, Ва худро барои таҳаммули ончи пешомадаст омода месозад, Ва ингуна инсон бо роҳат ва дилаш орому устувор мебошад.

Аммо касе, ки аз имон баҳраманд набошад, ӯ бар хилофи мисолҳои дар боло зикр шуда бо парешони ва тарс рӯ ба рӯ мегардад, Қалбаш ноқарор ва асабаш нороҳат ва фикраш парешон буда эҳсоси тарсу ҳарос менамояд, ва бар ӯ тарсу ҳароси беруни мусаллат мешавад ва аз дохил чунон парешониеро ҳис мекунад, ки таъбири он душвор аст.

Ва бо ин навъ шахсҳо агар баъзе сабабҳои табиъие, ки эҳтиёҷ ба тамрин ва машқи кофи зарурат дорад, муҳайё нагардад, ӯ тавоноии худро аз даст дода ва асабҳояш парешон шуда онро аз даст медиҳад. Ин ҳама ба сабаби набудани имон аст, ки ба инсон тавонои, сабр ва шикебоиро медиҳад, Хусусан дар вақти парешониҳо ва душвориҳову машаққатҳо.

Пас шахси некӯкор ва бадкор, ва мусалмону кофир барои бадаст овардани шуҷоат ихтиёри касби доранд, Ва дар ғаризае ки тарсу парешониро аз инсон кам менамояд ҳарду боҳам яксонанд. Вале мусалмон бо қуввати имонаш, ва бо сабру шикебоии худ ва таваккал намудан бар Худованд ва умед доштан ба аҷру подоши рӯзи қиёмат бартари ва вижагии хоссе дорад, ки шуҷоаташро қуввае мебахшад ва таъсири парешониро аз ӯ кам намуда мушкилотро бар вай осон месозад.

Чуноне, ки Худованди мутаъол мефармояд:

﴿إِن تَكُونُواْ تَأۡلَمُونَ فَإِنَّهُمۡ يَأۡلَمُونَ كَمَا تَأۡلَمُونَۖ وَتَرۡجُونَ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا يَرۡجُونَۗ١٠٤﴾ [النساء : ١٠٤]

“Агар шумо озор мебинед, онҳо низ чун шумо озор мебинанд, вале шумо аз Худо чизеро умед доред, ки онон умед надоранд”[3].

Ва мадади хосси Илоҳӣ бар эшон мерасад, ки тамоми парешониҳо ва тарсро аз онҳо дур месозад.

Ва Худованд мефармояд:

﴿وَٱصۡبِرُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلصَّٰبِرِينَ ٤٦﴾ [الانفال: ٤٦]

“...Сабр пеша кунед, ки Худо ҳамроҳи сабркунандагон аст!...”[4]

2-  Ва аз ҷумлаи асбоб ва василаҳое, ки ғаму андуҳ ва парешониро дур месозад неки кардан ба мардум бо забон ва муомилаи хуб мебошад, ки ҳамаи навъҳои он аз ҷумлаи хайру эҳсон ба шумор меравад. Ва ба сабаби он Худованди мутаъол аз некӯкор ва бадкор бо андозаи некиаш бо мардум аз ӯ ғаму парешониашро дур месозад. Вале фарди муъмин аз он насиби фаровоне дорад ва хусусияти муъмин он аст, ки неки карданаш бо мардум бо ихлос ва бо умеди аҷру подоши рӯзи қиёмат мебошад. Ва бо ин сабаб Худованд кори некро бар ӯ осон сохта ва бо сабаби ихлосу умедаш ба аҷру савоби рӯзи қиёмат бадиҳоро аз ӯ дур месозад.

Худованди мутаъол мефармояд:

﴿لَّا خَيۡرَ فِي كَثِيرٖ مِّن نَّجۡوَىٰهُمۡ إِلَّا مَنۡ أَمَرَ بِصَدَقَةٍ أَوۡ مَعۡرُوفٍ أَوۡ إِصۡلَٰحِۢ بَيۡنَ ٱلنَّاسِۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ ٱبۡتِغَآءَ مَرۡضَاتِ ٱللَّهِ فَسَوۡفَ نُؤۡتِيهِ أَجۡرًا عَظِيمٗا ١١٤﴾ [النساء : ١١٤]

“Дар бисёре аз машваратҳои пинҳониашон фоидае нест, ғайри суханони онон, ки ба садақа додан ё некӣ кардан ва ё оштиҷӯӣ фармон медиҳанд. Ва он касеро, ки барои хушнудии Худо чунин кунад, музди бузурге хоҳем дод”[5].

Пас Худованди мутаъол ин амрро баён намуд, ки ҳамаи ин корҳо аз ҷумлаи некӯи шуморида мешаванд, ва кори хуб, кори хуби дигареро ҷалб мекунад ва шарру бадиро дур мекунад. Ва мусалмоне, ки бо умеди аҷру савоб ва подош кори хайрро анҷом медиҳад Худованд барояш подоши бузург ато мефармояд, ва аз ҷумлаи он подоши бузург аз ӯ ғаму андуҳ ва парешониро дур мекунад.

 Фасли

  Ба даст овардани амали муфид ва илми бо самар

3-  Аз ҷумлаи сабабҳо ва василаҳои дур намудани ташвиш ва андуҳ, ки ба сабаби вайронии асаб ва парокандагии қалб ба вуҷуд меояд:  Ба кори муфид ва илми самаранок машғул шуданаст. Зеро ин кор таваҷҷуҳашро аз он чи ки сабаби парешониаш шудааст, мегардонад. Ва шояд ба сабаби он, чизеро ки сабаби ғаму андуҳаш гардидааст фаромуш кунад, Ва аз ин ҷиҳат қалбаш ором ва хушҳол шаваду фаъолияту кораш зиёд гардад, Ва ин хусусият дар миёни мусалмон ва кофир муштарак ва яксон аст. Вале муъмин хоссияти хоссе дорад, ки соҳиби имон буда ва бо ихлос ва умеди аҷру савоб илму донишро аз худ мекунад ва ё онро ба дигарон меомӯзад, ва дар асоси дониши хеш амали некро анҷом медиҳад, Агар ин кори ӯ ибодат бошад, пас подоши ибодат ба вай дода хоҳад шуд, Ва агар аз ҷумлаи урфу одатҳо бошад, шахси муъмин онро бо нияти нек низ анҷом медиҳад, ки Худованд онро сабаби тавфиқ ва тавонои барои ибодаташ мегардонад. Пас ин ҳама барои аз байн бурдани ғаму андуҳ ва парешони таъсири қавӣ ва васеъе дорад.

Чиқадар шахсони бисёре дучори андуҳу парешони гардидаанд ва ба касалиҳои гуногун мубтало шудаанд, вале табобат ва илоҷи муваффақона ин аст, ки сабаби аслии ин парешониҳоро фаромуш карда ба кори дигаре худро машғул ва масруф бисозад.

Ва бояд кореро анҷом диҳад, ки қалбаш бо он ором ва итмиънонро пайдо кунад ва ба он шавқ дошта бошад, Зеро бо ин роҳ метавонад бо осони ба мақсади неки худ ноил гардад, ва Худованд донотар аст.

4-  Ва аз ҷумлаи сабабҳое, ки ташвиш ва парешониро аз байн мебарад инаст, ки тамоми фикру андешаи худро мутаваҷҷиҳи кори имрузааш бикунад, ва дар мавриди оянда фикр накунад, Ва дар бораи гузашта изҳори пушаймони нанамояд, Ва аз ҳамин сабаб аст, ки Пайғамбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз “Ҳам” (ғам) ва “Ҳузн”[6] паноҳ талабидааст. Ҳузн онро мегуянд, ки дар бораи чизи гузашта ки қобил ва имкони баргашташ нест андуҳгин гардад, ва “Ҳам” онаст, ки аз машаққатҳои оянда ӯро парешон ва ғамгин созад, Пас инсон бояд марди имрӯзаи худ бошад ва тамоми кушиш ва тавоноияшро барои ислоҳи кори имрӯз ва ҳамон вақта сарф кунад. Зеро сарф ва равона кардани тамоми таваҷҷуҳро ба корҳои ҳозира ва имрӯза сабаби анҷом ёфтани он мегардад. Ва банда ба сабаби он аз ғаму андуҳ ва парешони дар амон мебошад.

Вақто, ки Пайғамбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дуо мекард, ва ё умматашро ба он роҳнамои мекард, ба онҳо тавсия мекард, ки аз Худованд барои талош ва комёби ва таҳқиқи он чи ки мехоҳанд онро бадаст биёранд талаби кӯмак кунанд, Ва ба дури ҷустан аз он чизе, ки сабаби дафъ ва нест кардани он мебошад ташвиқ мекард. Зеро дуо бояд бо амал ҳамроҳ бошад, аз инҷост, ки банда бояд дар бораи коре кушиш кунад, ки дар дунёву охират барояш фоиданок бошад. Ва аз Худованд қомёбии мақсади худро талаб кунад ва аз Ӯ дар ин бора мадад бихоҳад.

Чуноне, ки Пайғамбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«اِحْرِصْ عَلَى مَا يَنْفَعُكَ، وَاسْتَعِنْ بِاللهِ، وَلا تَعْجَزْ، وَإِذَا أَصَابَكَ شَيْءٌ فَلا تَقُلْ: لَوْ أَنـِّي فَعَلْتُ كَذَا كَانَ كَذَا وَكَذَا، وَلَكِنْ قُلْ: قَدَّرَ اللهُ وَمَا شَاءَ فَعَل؛ فَإِنَّ لَوْ تَفْتَحُ عَمَلَ الشَّيْطَانِ» [مسلم القدر (2664), ابن ماجه المقدمة (79), أحمد (2/370)]

«Бар он чи бар ту нафъ мерасонад, ҳарис бош ва аз Аллоҳи мутаъол кӯмаку истиъонат биҷӯй, агар ба мушкилие бархурди, нагӯ: агар чунин мекардам, чунин мешуд, балки бигӯ: Аллоҳи мутаъол чунин хоста ва муқаддар фармуда ва Ӯ ҳар чи бихоҳад мекунад, зеро калимаи (агар) дарвозаи шайтонро ба рӯят боз мекунад»[7].

Пас Пайғамбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин ҳадис матлаби ҳамеша ҳарис будан дар корҳои муфид ва аз Худованд кӯмак хостан ва тан надодан ба нотавоноие, ки сабаби танбалии зарарнок мешавад ва инчунин матлаби таслим шудан ба қазо ва қадари Худованд дар чизҳои гузашта ва қазо ва қадари Илоҳиро мушоҳада карданро баён кардааст.

Пайғамбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) корҳоро ба ду қисм тақсим кардааст:

Қисми якум: корҳое мебошад, ки инсон комилан ва ё то ҳадди имкон онро анҷом дода метавонад ва ё корҳое (бадиҳо ё мушкилот), ки онро комилан аз худ дур ва ё то ҳадди имкон зарари онро кам карда метавонад, Дар чунин корҳо банда метавонад саъю кушиш намояд ва дар баробари саъю кушишаш аз Парвардигори худ дар он кӯмак талаб намояд.

Қисми дигари он аст, ки инсон кореро анҷом дода наметавонад ва аз қудрату тавоноии ӯ хориҷ аст, Ва он аз қисми аввал тамоман фарқ мекунад, Пас дар чунин ҳолат бояд бандаи мусалмон ором бошад ва ба қазову қадари Худованд таслим ва рози шавад.

Ва шакке нест, ки риоят кардани ин асл ва қоида муҷиби хушҳоли ва хушбахти ва сабаби аз байн рафтани ғаму андуҳ ва парешони мегардад.

 Фасл

  Бузургтарин сабабҳои итминон ва оромиши қалб

5-  Аз ҷумлаи бузургтарин асбоби итминон ва оромиши қалб зикри бисёр ва ёд кардани Худованд мебошад, зеро ки Худованди мутаъол мефармояд:

﴿أَلَا بِذِكۡرِ ٱللَّهِ تَطۡمَئِنُّ ٱلۡقُلُوبُ ٢٨﴾ [الرعد: ٢٨]

“...огоҳ бошед, ки дилҳо ба ёди Худо оромиш меёбад!”[8].

Пас ёд кардани Худованд ба он хусусияте, ки дорад ва умед доштан ба савоб ва подоши Илоҳӣ, барои таҳаққуқ ёфтани ин мақсад таъсири бузурге дорад.

6-  Зикру суҳбат кардан дар бораи неъматҳои зоҳири (ошкор) ва ботинии (пинҳон) Худованд (аз сабабҳои  итминон ва оромиши қалб низ) мебошад. Зеро шинохти неъматҳои Худованд ва зикри онҳо ғаму парешониро дур намуда ва бандаро ба шукри неъмат водор менамояд, ки ин худ аз ҷумлаи мартабаҳои бузурги некиҳо ба шумор меравад. Ҳарчанде, ки банда дучори фақру камбағали ва ё маразе бошад, ва ё мушкилоти дигаре дошта бошад, агар неъматҳои Худовандро, ки ба ӯ арзони намудааст бишуморад, ва ё байни ин неъматҳо ва он бадиҳо ва машаққате, ки дучори он шудааст, муқоиса намояд, хоҳад дид, ки ин машаққатҳо ва ё бадиҳо дар баробари неъматҳои Худованд ба ҳеҷ ваҷҳ қобили зикр нест. Балки агар банда дар баробари мусибатҳое, ки аз ҷониби Худованд ба ӯ расидааст сабр намояд ва ба он рози ва таслим шавад, он бар вай осон хоҳад гардид ва аз таклифаш коста хоҳад шуд.

Ва дар натиҷаи тааммул ва фикри банда дар савоб ва подоши ин кор ва парастиши Худованди муттаъол, ва сабр кардан бар он ва аз он рози будан, ин ҳама корҳои талхро ширин месозад, ва подоши шириниаш талхии сабрро аз ӯ фаромуш месозад.

7-  Ва дар мавриди муфидтарин корҳо ҳамон аст, ки Пайғамбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси саҳеҳ ба он роҳнамои намудааст ва мусалмононро ба он ташвиқ карда фармудааст:

«اُنظُرُوا إِلَى مَنْ هُوَ أَسْفَلَ مِنْكُمْ، وَلا تَنْظُرُوا إِلَى مَنْ هُوَ فَوْقَكُمْ؛ فَإِنَّهُ أَجْدَرُ أَنْ لا تَزْدَرُوا نِعْمَةَ اللهِ عَلَيْكُمْ». [البخاري الرقاق (6125), مسلم الزهد و الرقائق (2963), أحمد (2/314, 2/482)]

“Ба касоне назар кунед, ки аз шумо поёнтар бошанд, ва ба касоне, ки аз шумо болотар аст назар макунед, Ва ин рафтор сазовор аст то неъматҳоеро, ки Худованд ба шумо додааст кам нашуморед (Яъне ин амали шумо сабаби он мешавад, ки аз неъматҳои Худованд қадрдони кунед ва онҳоро кам нашуморед)[9].

Ва агар банда ин аслу рафторро мадди назар дошта бошад, хоҳад дид, ки дар ҳар ҳолате, ки бошад бозҳам нисбат ба адади зиёде аз мардум дар доштани офият ва саодат бартари дорад, Ва ризқу рӯзиаш аз дигарон бештар аст, Ва ин сабаб аст, ки ғаму андуҳ ва парешониаш аз байн меравад ва хушию шодмониаш ба хотири неъматҳое, ки Худованд насибаш кардааст ва аз дигарон бартари дорад афзун мегардад.

Ва ҳар чанде, ки банда дар бораи неъматҳои зоҳири (ошкор) ва ботини (пинҳон), дини ва дунявӣ бештар андеша ва тааммул кунад, хоҳад дид, ки Худованд мутаъол хубиҳои зиёдеро насибаш кардааст, ва бадиҳои зиёдеро аз вай дафъ намудааст, ки бешакку шубҳа ин (андеша ва тааммул) парешониҳо ва ғамҳои зиёдеро аз ӯ дур хоҳад кард, ва хушиҳову хушбахтиҳои фаровонеро барояш ато хоҳад кард.

 Фасл

 Сабабҳои ҷалбкунандаи хушҳоли ва аз байн бурдани ғаму парешониҳо

8-  Яке аз сабабҳои ҷалбкунандаи хушҳоли ва аз байн бурдани ғаму парешониҳо ин аст, ки дар маҳву нобуд кардани сабабҳое, ки парешониҳо ва ғамҳоро эҷод мекунад саъю кушиш карда дар баробари он кушиш намояд чизҳое, ки сабаби хушҳоли мебошанд ба даст биёрад. Ва ин кор сабаб мешавад, ки бадиҳои гузаштаро фаромуш намояд ва сарф кардани фикру андеша дар онҳо кори беҳуда, аҳмақона ва девонаги аст, барои ҳамин кушиш кунад, ки дил ва зеҳнашро аз фикр кардан дар чунин корҳо наҷот бахшад. Ва аз тарси ин ки дар оянда: фақр, парешонӣ ва машаққатҳои дигаре ки фикр мекунад, ки рух медиҳад, зеҳни зудро аз он дур созад.

Пас банда ба ин натиҷа мерасад, ки хайру шар (хубу бад) ва орзуҳое, ки дар оянда рух медиҳад, номаълум буда ва дар дасти Худованди соҳиби иззату ҳикмат қарор дорад, Ва чизе аз онҳо дар дасти бандаҳо нест;  фақат он ки дар ҳосил кардани хайрҳо ва дур кардани зарарҳо базлу кушиш намояд. Ва ба ин натиҷа мерасад, ки ҳар гоҳе, ки инсон фикру зеҳни худро аз парешони дар бораи оянда дур сохт ва фақат дар бораи ислоҳи корҳо аз Худованд мадад ва кумак хост, ва ба он итминон ҳосил кард, сабаби роҳати қалбаш ва кушоиши корҳояш гардида ва ғаму андуҳаш дур мешавад.

9-  Муфидтарин чора ва тадбир дар корҳои оянда хондани дуое ҳаст, ки Пайғамбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба он дуо мекард:

«الَّلهُمَّ أَصْلِحْ لِي دِينِي الَّذِي هُوَ عِصْمَةُ أَمْرِي، وَأَصْلِحْ لِي دُنْيَايَ الَّتِي فِيهَا مَعَاشِي، وَأَصْلِحْ لِي آخِرَتِي الَّتِي إِلَيْهَا مَعَادِي، وَاجْعَلِ الْحَيَاةَ زِيَادَةً لِّي فِي كُلِّ خَيْرٍ، وَالْمَوْتَ رَاحَةً لِي مِنْ ُكلِّ شَرّ» [مسلم الذكر و الدعاء و التوبة و الاستغفار 2720]

“Парвардигоро! Дини манро бароям ислоҳ кун, ки он муҷиби дурусти ва устувории кори ман аст, ва дунёямро бароям ислоҳ кун, ки дар он зиндагии ман аст, ва охиратамро ислоҳ кун, ки ба суи он бозгашти ман аст, ва ҳаётамро сабаби афзоиши корҳои хайр бароям бигардон, ва маргро сабаби роҳат аз ҳамаи корҳои бад (шар) гардон”[10].

Ва ҳамчунон ин дуоро:

«الَّلهُمَّ رَحْمَتَكَ أَرْجُو؛ فَلا تَكِلْنِي إِلَى نَفْسِي طَرْفَةَ عَيْنٍ، وَأَصْلِحْ لِي شَأْنِي كُلَّهُ، لا إِلَهَ إِلا أَنْتَ» [أبو داود الأدب (5090), أحمد (5/42)]

“Илоҳо! Раҳмати туро хоҳонам, пас маро бар нафасам – ба паймонаи (андозаи) як ҳаракати миҷгони чашмам- магузор, ва ҳамаи корҳоямро бароям ислоҳ ва дуруст кун, ҷуз Ту маъбуди (сазовор ва муҷиби парастиш) барҳаққе нест”[11].

Вақто, ки инсон дуоҳои зикршударо, ки дар он хубии дин ва ояндаи дунёии вай мебошад, бо дили ҳозир ва нияти дуруст бихонад ва дар таҳқиқ ва иҷрои он саъю кушиш намояд, Худованди (Аззаваҷал) ончиро ки хост ва орзу намуд ва бахотири он кор кардааст барояш муяссар мегардонад, ва ғаму андуҳашро ба хушиву хурсанди табдил месозад.

 Фасл

 Муфидтарин сабабҳо барои дур сохтани ғаму парешониҳо дар вақти рӯ ба рӯ шудани банда бо мусибатҳо

10-            Аз муфидтарин сабабҳо барои дур сохтани ғаму парешониҳо дар вақти рӯ ба рӯ шудани банда бо мусибатҳо  он аст, ки дар кам намудани таъсири мусибатҳо бояд кушиш кунад, Ва бояд бадтар аз ин ҳолатро дар назар дошта бошад, Ва барои рӯ ба рӯ ва муқовимат тайёр бошад. Сипас қадре, ки мумкин ва иститоъат дорад, барои кам кардани он кушиш намояд. Пас ба сабаби ин кушиш ва муқовимат парешониҳояш аз байн хоҳад рафт ва дар ивази он дар ҷалби хайр ва дафъ бади (шар) ва зарар ҳар қадаре, ки барояш муяссар бошад, кушиш кунад.

Вақто, ки ба ҳолатҳои тарс, касали ва камбағали гирифтор шавад, ва ё мехоҳад, ки ҳар навъ чизҳои шоистаро ба даст орад, аммо бар он қодир нашавад, Пас бояд ин ҳамаро бо бовари ва оромии қалб бипазирад, Балки худро барои бардошти гирифториҳои бузургтар аз ин муҳайё созад. Зеро омодаги барои бардошти чунин гирифториҳо зарарҳоро барои инсон осонтар ва мушкилотҳоро низ камтар месозад. Хусусан, агар ба андозаи қудрати хеш дар муқобили он худро омода созад, онгоҳ оромии қалб барояш бештар ҳосил мегардад. Ва ба корҳои муфиде, ки ӯро аз фикр кардан дар бораи мусибатҳо машғул месохт наҷот медиҳад ва ба он масруф мешавад. Ва ӯро дар муқовимат бо мушкилот ва гирифториҳо қудрати нав мебахшад. Ва бо вуҷуди ин ҳама, бояд таваккал ва бовариаш бар Худованди (Аззаваҷал) бошад.

Пас ҳеҷ шакке нест, ки бузургтарин фоидаи чунин корҳо сабаби хурсанди, хушнуди ва дилхуши мебошад. Илова бар он савоб ва аҷре, ки банда дар дунё ва охират умед ва тамаъи ӯро дорад, дарёфт мекунад. Ва ин ба таҷруба собит шудааст ва касоне, ки инро таҷриба кардаанд бисёранд.

 Фасл

 Аз васоили муҳими илоҷи маризиҳо, душвориҳои қалб ва бемориҳои бадан

11-            Яке аз василаҳои муҳим илоҷи бемориҳо, душвориҳои қалб, ва инчунин бемориҳои бадан аст: Дили қави доштан ва мутаасир нашудан ба фикрҳои беҳуда ва ғайри ҳақиқие, ки фикрҳои бад онро эҷод мекунад. Зеро агар инсон ба хаёлҳои худ таслим шавад ва дилаш аз тарсидан ва мубтало шудан ба касалиҳои монанди: қаҳру ғазаб, ҳолатҳои дарднок, рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоту мусибатҳо, ва парешони барои аз даст додани чизҳои маҳбубаш мутассир шавад, Пас ӯ ба ғаму андуҳ ва касалиҳои руҳи ва бадани  ва аз даст додани асаб гирифтор хоҳад шуд, ки асари бади он ба ҳамаи мардум ошкор ва маълум аст.

12-            Вақто, ки инсон бар Худованд такя ва эътимоду таваккал намояд, ва ба фикрҳои беҷо ва хаёлҳои фосид таслим нашавад, ва эътимод ба Худованд карда, умедвори раҳмат ва фазли Ӯ бошад, ғаму андуҳ аз ӯ дур хоҳад шуд, Ва аз бисёри бемориҳои бадани ва қалби наҷот хоҳад ёфт, Ва чунон қуввати қалб ва оромиш ва хушҳолие барояш пайдо хоҳад шуд, ки таъбир кардани он душвор аст.

Чи қадар шифохонаҳо аз беморони ваҳмию ғайри ҳақиқи ва парешону хаёлҳои фосид бисёр аст, Чи қадар одамҳое, ки дорои дилҳои қавӣ ҳастанд қурбонии чунин ҳолатҳо шудаанд, ва аз одамоне, ки дилҳои заиф доранд пурсон макун!! Ва чи теъдоде аз мардум ба сабаби ин ҳолатҳо ба девонаги ва равонии ақли гирифтор шудаанд?

Ва марди солим он аст, ки Худованди (Аззаваҷал) ӯро сиҳат ва тандурусти додааст, ва тавфиқи инро барояш ато фармуда, ки сабабҳое, ки қалбро қувват медиҳад ба даст орад, ки аз ӯ парешони ва андешаҳои бадро дур кунад.

Худованди (Аззаваҷал) мефармояд:

﴿وَمَن يَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِ فَهُوَ حَسۡبُهُۥٓۚ ٣﴾ [الطلاق : ٣]

“Ва ҳар кӣ бар Худо таваккал кунад, Худо ӯро кофист”[12].

Яъне (Худованди Аззаваҷал инсонро) анҷом додани ҳамаи корҳои дунё ва охират басанда ва кофист.

Пас касе, ки ба Худованд таваккал кунад, соҳиби қалби қавие мебошад, ки фикрҳои беҳуда барои ӯ ҳаргиз таъсир намекунад, ва на шунидани ҳодисаҳо ӯро парешон месозад, Зеро ӯ медонад, ки дар чунин корҳо ташвиш ва парешон шудан аломати заъифии қалб ва тарсе, ки ҳақиқат надорад, мебошад. Ва бо вуҷуди ин яқин дорад, ки Худованди (Аззаваҷал) барои касе кофист, ки ба Ӯ эътимод ва таваккал дорад. Пас ба Худованди якто эътимод карда ба ваъдаи Ӯ мутмаин мебошад, Аз ҳамин сабаб ғаму парешони аз байн рафта, ва мушкилоташ ба осони ва роҳат, ва парешониҳояш ба хуши, ва тарсаш ба нотарсӣ ва ҷасурӣ табдил мегардад.

Пас аз Худованд талаб мекунем, ки моро ба фазли хеш офият, ва қуввати қалб, ва устуворӣ ва таваккали комил диҳад. Ба ҳамонгунае, ки дорандагони чунин сифатҳоро ба атои ҳамаи хайр ва дур кардани ҳамаи шарру бадиҳо ваъда кардааст.

 Фасл

 Пайғамбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: “Марди муъмин зани муъминро бад напиндорад, Агар хислате аз хислатҳои ӯро написандад, хислати дигари ӯ мавриди писандаш қарор хоҳад гирифт”

13-            Пайғамбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«لا يَفْرُكْ مُؤْمِنٌ مُؤْمِنَةً، إِنْ كَرِهَ مِنْهَا خُلُقاً رَضِيَ مِنْهَا خُلُقاً آخَرَ». [مسلم الرضاع (1469), أحمد (2/329)]

“Нафрати (дилтангӣ ва кароҳат) бад накунад марди муъмин зани муъминро, агар чи баъзе хислатҳои ӯро написандад, хислати дигари ӯ мавриди писандаш қарор хоҳад гирифт”[13].

Дар ин ду фоида аст:

Фоидаи аввал: Роҳнамоии чигуна муомила кардан бо зан, бо наздикон, бо дӯстон ва бо касоне, ки бо онҳо шарики дорад, ва бо ҳар он касе, ки миёни ту ва ӯ ҳар гуна иртибот ва алоқа вуҷуд дорад, Бояд ба ин қаноъат дод, ки албатта агар дар шахсе айб ва нуқсон ва мизоҷи нописандидае бошад, вақто ки бо чизе аз ин қабил мутаваҷҷиҳ шудед, пас бо муҳаббат ва бар асоси робита ва алоқамандие, ки бар ӯст, бояд онро қави донед ва онро муқоиса кунед, ва сифатҳои писандида ва мақсадҳои неки хоссу омме, ки дорад ба ёд оред. Тавре ки аз айбҳо чашмпуши шавад ва сифатҳои неки хоссу омм дар назар гирифта шавад, Ва бо ин роҳ рафоқат ва иртибот ҳамеша барқарор мемонад ва роҳату итминон ҳосил мешавад.

Фоидаи дуввум: Маҳв ва нобуд шудани ғам ва парешони, ва бақои самимият ва сафо ва ҳамеша ба ҷо овардани ҳуқуқе, ки фарз ва ё мустаҳаб аст, ва ба даст овардани итминон дар байни ҳар ду ҷониб.

Ва ҳар ки ба ин иршод ва роҳнамоии Пайғамбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амал накард, ва ба хилофи он амал кард, яъне аз сифатҳои накуи шахс чашм пушад ва ба айбҳояш назар кард, Ӯ ночор ва нороҳат мегардад ва муҳаббате, ки дар байни онҳо вуҷуд дорад ва ҳамчунон дар паҳлуи ин бисёре аз ҳуқуқе – ки баҷо овардани он болои ҳар ду лозим аст - зоеъ ва аз байн хоҳад рафт.

Бисёре аз мардони бо ҳиммат дар вақти вуқуъи мусибат худро ба сабр ва ороми водор мекунанд, аммо ба сабаби баъзе корҳои содда ва осон ташвиш ва парешон мешаванд, ва сафои қалбашонро аз даст медиҳанд, Зеро онҳо худро муқобили корҳои бузург машғул сохтанд ва ба корҳои кучак ва майда таваҷҷуҳ ва эътино накарданд. Ин кор онҳоро зарар расонд ва роҳати эшонро аз байн бурд.

Пас шахсоне, ки азму иродаи маҳкам доранд дар муқобили корҳои хурду калон худро омода сохта, ва аз Худованд (Аззаваҷал) хоҳони кумак ва ёри мебошанд. Ва аз Ӯ дархост мекунанд, ки онҳоро як лаҳза ҳам ба нафсҳояшон нагузорад.

Ба ин васила корҳои хурдмонанд барояшон осон шуда монанди корҳои калон ва ҳамеша хотирашон ҷамъ ва қалбашон ором мебошад.

 Фасл

  Шахси хирадманд медонад, ки зиндагии бо саодат ва роҳат ягона зиндагии ҳақиқи мебошад, Ва он ҳам бисёр кутоҳ аст

14-            Шахси хирадманд медонад, ки зиндагии бо саодат ва роҳат ягона зиндагии ҳақиқи мебошад, ва он ҳам бисёр кутоҳ аст. Пас набояд ба ғаму андеша онро кутоҳтар созад, Зеро ингуна амал мухолифи мафҳуми зиндагии солим мебошад ва барои ҳамин бояд кушиш кард, ки қисмати бисёри зиндаги дар нороҳати ва парешони нагузарад. Дар ин мавзуъ марди неку ва фосид мусови ва яксон ҳастанд, магар ин ки муъминро дар таҳқиқи ингуна амал ҳиссаи бузург ва насиби некуи ва фоидаҳои дунё ва охират мебошад.

15-            Ҳангоме, ки инсонро бади мерасад, ё аз расидани он меҳаросад, дар байни чунин бадиҳое, ки ба ӯ расидааст ва неъматҳои дунявӣ ва диние, ки аз он баҳраманд аст, муқоиса бояд кард, Пас мебинад, ки теъдоди неъматҳо бисёр ва бадиҳое, ки ба ӯ расидааст дар муқобили он неъматҳо ҳеҷ аст.

Ҳамчунон агар эҳтимоли вуқуъи зарар вуҷуд дошта бошад, Ва аз рӯ ба рӯ шудан ба он меҳаросад, Ва агар роҳҳое барои сари роҳи он зарарро гирифтан бошад, бояд дар байни эҳтимоли заифии вуқуъи зарар ва эҳтимолҳои бисёри саломати аз он фикр кунад. Ва ҳардуро бо ҳам муқоиса намуда ҳаргиз иҷозат надиҳад, ки як эҳтимоли заиф болои эҳтимолҳои қави ва боқувват ғолиб гардад, Ва ба ҳамин сабаб ғаму андуҳаш дур мешавад. Ва пеш аз вуқуъи мусибат бояд эҳтимоли вуқуъи мусибати бузургро дар назар гирифта шавад, ва худро барои он тайёр созад ва агар воқеъ шавад аз худ дифоъ кунад ва ё зарари онро кам кунад. Ва он чи ки ба вуқуъ наомадааст вале эҳтимоли вуқуъаш ҳаст бояд барои дур ва нобуд кардани он кушиш кунад.

16-            Ва яке аз корҳои муфид ва муассир ин аст: Зарари бади мардум, ки ба ту мекунанд, монанди гапҳои баду ношоиста, Дар ҳақиқат ин зарар ба худи онҳост, ва барои ту ҳеҷ зараре намерасад, магар инки зеҳну фикратро дар он масруф куни, ва иҷозат диҳи ки эҳсосотатро ба даст орад. Пас агар чунин куни, чигунае, ки ба соҳибонаш зарар аст, барои туҳам зарар мерасонад.

17-            Бидон, ки зиндагиат пайрав ва тобеъи фикру андешаҳоят мебошад, Агар дар бораи корҳое, ки дар дин ва дунё фоиданок аст фикр куни, зиндагии хубу хурсандро ноил мешавӣ ва магар инки натиҷааш акси ин бошад.

18-            Аз василаҳои муассир барои дур кардани ғаму парешони ин мебошад, ки нафсатро қаноат бидеҳ, ки танҳо бояд аз Худованд умедвори шукру савоб буда, ҳангоме, ки ба касе неки кардӣ –  қатъи назар аз ин ки болои ту ҳақ дорад ё надорад - бидон, ки ин дар ҳақиқат неки кардан бо Худованди (Аззаваҷал) аст, пас аз он инсон умеди шукргузори макун. Чигунае, ки Худованд дар бораи бандагони хосси хеш мефармояд:

﴿إِنَّمَا نُطۡعِمُكُمۡ لِوَجۡهِ ٱللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمۡ جَزَآءٗ وَلَا شُكُورًا ٩﴾ [الانسان: ٩]

“Шуморо фақат барои Худо таъом медиҳем ва аз шумо на музде мехоҳем ва на шукре ”[14].

Ва ин равиш хусусан муомила кардан бо аҳлу оила ва ё касе, ки бо он алоқаи қави бошад муҳимтар аст, Вақто, ки аз онҳо як шар ва бадиро дур бисози онҳо ҳам дар роҳат мебошанд ва ту низ ором ва мутмаин мебошӣ.

Ва яке аз сабабҳои ҳосил кардани ороми низ ин аст, ки амалҳои некро аз самими дил ва бо шавқу рағбат бояд анҷом дод, на ба таклифе, ки сабаби ташвиш мегардад ва туро аз хайр бебаҳра мегардонад, Зеро, ки роҳи каҷро интихоб намуди. Ва ин кор ҳикмат аст, ки аз корҳои олуда корҳои хуб эҷод намои. Ва бо ин роҳ шириниҳо бисёр мешавад ва кудуратҳо аз байн меравад.

19-            Корҳои муфидро ҳадаф қарор диҳед ва барои ба даст овардани он саъю кушиш намоед, Ва ба корҳои зараровар назар накунед то ки аз сабабҳои ғаму парешониҳо дур бошед. Ва аз ороми ва итминони дилҳои худ истифода кунед то, ки корҳои сахтро осон кунад.

20-            Яке аз корҳои муфид ин аст, ки корҳоро дар вақташ иҷро кунед ва барои корҳои оянда худро холи намоед, Зеро агар корҳо дар вақташ иҷро нашаванд, ва ҳамаи корҳои гузашта (боқимонда) ва ҳозира боҳам ҷамъ шаванд, он вақт анҷом додани онҳо бисёр душвор хоҳад буд. Ва агар ҳар як кор дар вақташ иҷро шавад, анҷом додани корҳои оянда бо қуввату фикри дуруст ва дар вақти муносиб бароятон муяссар мегардад.

21-            Ва беҳтару хубтар аст, ки аз байни корҳои муфид бояд аз ҳама муҳимашро интихоб кард ва инчунин он ҷолибу писандида бошад, Вагарна бохастагӣ ва пушаймони ва дилтангӣ рӯ ба рӯ хоҳед шуд. Чунин корҳоро бо фикри солим ва машварат анҷом диҳед, зеро вақто, ки аз дигарон машварат мегиред пушаймон намешавед.

Дар бораи корҳое, ки мехоҳед анҷом диҳед бо диққат фикр кунед ва агар дар он маслиҳат ва фоидае бошад ва барои инҷом доданаш азму ирода кардед, пас ба Худованд таваккал намоед, бешак Худованд таваккалкунандагонро дӯст медорад.

والحمد لله رب العالمين، وصلى الله على سيدنا محمد وعلى آله وصحبه وسلم.



[1] - Сураи Наҳл, ояти 97.

[2] - Саҳеҳ Муслим (2999), Аҳмад (6/16), Ад-Доримӣ, Рақоиқ (2777).

[3] - Сураи Нисо, ояти 104.

[4] - Сураи Анфол, ояти 46.

[5] - Сураи Нисо, ояти 114.

[6] - Дар ҳадисе, ки Имом Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.

[7] - Муслим, ал-Қадар (2664), Ибни Моҷа, Муқаддима (79), Аҳмад (2/370).

[8] - Сураи Раъд, ояти 28

[9] - Бухорӣ, Ар-Риқоқ (6125), Муслим, аз-Зуҳд ва ар-Рақоиқ (2963), Аҳмад (2/314, 2/482).

[10] - Муслим, аз-Зикр, ад-Дуо, Тавба ва Истиғфор (2720).

[11] - Абу Довуд, ал-Адаб (5090), Аҳмад (5/42).

[12] - Сураи Талоқ, ояти 3

[13] - Ривояти Муслим, ар-Ризоъ (1469), Аҳмад (2/329).

[14] - Сураи Инсон, ояти 9

Назари ту бароямон муҳим аст