Маънои бидъат ва зобити он

Гузориши мухтасар:

Маънои бидъат чист ва зобити он (қоъида барои фаҳму дарки он) чист, ва оё бидъати ҳасана вуҷуд дорад?

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Маънои бидъат ва зобити он

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Тарҷума ва таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2014 - 1435

    معنى البدعة وضابطها

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد وترجمة: محمد عزيز رجب

    2014 - 1435

    Маънои бидъат ва зобити он

    Маънои бидъат чист ва зобити он (қоъида барои фаҳму дарки он) чист, ва оё бидъати ҳасана вуҷуд дорад?

    Суол: Маънои бидъат чист ва зобити он чист, ва оё бидъати ҳасана вуҷуд дорад? Ва маънои ин сухани Паёмбар чист: «Ҳар кас, ки дар Ислом суннате ҳасана асос гузорад (ҷорӣ кунад)…»?.

    "من سن في الإسلام سنة حسنة".

    Ҷавоб:

    Бидъат дар истилоҳи шаръӣ зобиташ чунин аст: «Ибодат кардани Аллоҳ бо он чизе, ки Аллоҳ амр накардааст», ва агар хостӣ бигӯ: «Ибодат ва парастиши Аллоҳ бо он чизе ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва хулафои рошиди ӯ бар он набудаанд».

    Таърифи аввал, аз ин қавли илоҳӣ гирифта шудааст:

    ﴿أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَٰٓؤُاْ شَرَعُواْ لَهُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا لَمۡ يَأۡذَنۢ بِهِ ٱللَّهُۚ ٢١﴾ [الشورى: ٢١]

    «Оё онҳо барои худ шарикҳое (маъбудҳое ғайри Аллоҳ) доранд, ки барояшон динеро падид овардаанд, ки Аллоҳ ба он иҷоза надодааст…?!».

    Сураи Шуро, 21

    Ва таърифи дуввум аз ин қавли Паёмбар гирифта шудааст:

    "عليكم بسنتي وسنة الخلفاء الراشدين المهديين من بعدي، تمسكوا بها وعضوا عليها بالنواجذ وإياكم ومحدثات الأمور".

    «Бар шумо бод суннати ман (роҳу равиши ман) ва суннати халифаҳои рошид ва ҳидоятёфтаву ҳидоятгар баъди ман, ба он чанг бизанед ва онро маҳкам бидоред (ба мисли онки бо дандонҳои курсии худ чизеро сахт медоред), ва барҳазар бошед аз умури навпайдо».

    Пас ҳар шахсе, ки Аллоҳро парастиш (таъаббуд) мекунад бо чизе ки Аллоҳ амр накардааст, ва ё он чизе ки Паёмбар ва ҷонишинҳои рошидаш бар он набудаанд, пас он шахс мубтадиъ (бидъаткор) мебошад.

    Хоҳ он таъаббуд (парастиш) мутаъаллиқ ба асмо ва сифоти Аллоҳ бошад, ва хоҳ инки мутаъаллиқ ба аҳком ва шариъат бошад.

    Аммо умури оддӣ, ки ба одот ва урфи мардум вобаста ҳаст, пас он бидъат дар дин нест, агарчанде дар луғат бидъат (навигарӣ) гуфта шавад. Лекин бидъат дар дин нест, ва он чизе нест, ки Паёмбар барҳазар дошта бошад!

    Ва ҳеҷ гоҳ дар дин бидъати ҳасана вуҷуд надорад, ва аммо суннати ҳасана оне ҳаст, ки мувофиқи шаръ (фармудаҳои Аллоҳ) мебошад.

    Ва ин суннати ҳасана дар бар мегирад он инсонеро ки суннатро оғоз кардааст, яъне амал кардан бо суннатеро оғоз кардааст, ва ё инки баъди фаромӯш шуданаш зиндааш кардааст. Ва ҳамчунин дар бар мегирад ҳар чизеро ки асос гузоштааст, ки он чиз васила барои амали машруъе мешавад.

    Пас се навъ мебошад:

    Аввал: Истифода бурдани калимаи суннат мутлақан бар касе, ки кореро оғоз кардааст. Ва далели ин навъ, сабаби ҳадис аст, ки Паёмбар бар қавме муҳтоҷу фақир, ки ба наздаш омада буданд, ба садақа намудан ташвиқ кард ва марде аз ансор бо кисае аз нуқра садақа овард, ки вазнинии он нуқраҳо бар дасташ зоҳир буд (яъне дасташро кашол карда буд), ва онро ба домани Паёмбар гузошт (то ба он қавми фақиру муҳтоҷ садақа намояд), Паёмбар инҷо фармуд:

    "من سن في الإسلام سنة حسنة فله أجرها و أجر من عمل بها".

    «Ҳар шахс, ки дар Ислом суннати ҳасанаеро (кори некеро) асос гузорад, пас аҷри он кори нек ва аҷри амалкунанда ба он, барои он шахс аст».

    Пас ин мард асос гузоштааст амалеро (суннатеро), ба маънои оғоз кардан, на ба маънои онки шаръро (фармудаҳои шариъатро) оғоз карда бошад (ва пайдо карда бошад, зеро ки фармудаҳои шариъат аз ҷониби соҳиби худи шариъат оғоз мешавад)!

    Дуввум: Ҳамон суннате ки мардум таркаш кардаанд, ва сипас касе омадаву онро зинда гардонид, ба он гуфта мешавад: Ҷорӣ кард (асос гузошт), ба маънои зинда кардан. Ҳарчанде ки ӯ он суннатро аз ҷониби худаш пайдо накардааст ва асос нагузоштааст.

    Саввум: Инки кореро анҷом диҳад, ҳамчун васила барои амали машруъ ва ҷоизе, мисли бинои мадрасаҳо ва табъу нашри китобҳо, зеро ки феъли ин гуна чизҳо ба зоти худаш таъаббуд ва парастиш нест, ва лекин васила ҳаст барои чизи дигаре.

    Пас ҳамаи ин чизҳо (яъне ин се навъ) дохил аст дар ин фармудаи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод):

    "من سنَّ في الإسلام سُنة حسنة فله أجرها وأجر من عمل بها".

    «Ҳар шахс, ки дар Ислом суннати ҳасанаеро (кори некеро) асос гузорад, пас аҷри он кори нек ва аҷри амалкунанда ба он, барои он шахс аст».

    Валлоҳу аълам.

    Маҷмӯъи фатово ва расоили Шайх Муҳаммад Солиҳ ал-Усаймин, ҷ. 11, «Боби бидъатҳо».

    Назари ту бароямон муҳим аст