معلومات المواد باللغة العربية

Мусъаби Ҳамза - Мақолаҳо

Теъдоди матолиб: 76

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Рузе аз рузҳо марде ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш бо мошини шахсии худ ба сафар баромад, сафари дуру дарозе.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Калимаи мухтасаре дар бораи одоб ва аҳкоми рузи иди қурбон, мисли такбир гуфтан, ва намози идро адо намудан, ва қурбони кардан ва дигар одоби ин рузи муборак.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Рўйи зан зебогии аслии ў ба ҳисоб меравад, зеро ҳама зебогии зан тақрибан дар рўяш намоён аст ва барои ҳамин ҳар касе хоҳад оиладор шавад, аввалин коре ки мекунад, хоҳиши дидани рўйи занро мекунад. Агар зан рўйи зебо дошта бошад, дигар чизҳои марбут ба занро аҳамият намедиҳанд. Яъне мешавад, ки ғолибан рўйи зан барои издивоҷ роли ҳалкунандаро бозад. Бо вуҷуди ин ки инсон бояд ҷонибҳои дигарро низ аҳамият диҳад, мисли диндории зан, ахлоқи неку рафтори хуб ва ғайра. Абрўвонро чидан ё кўтоҳ кардан дар ислом ҳаром аст. Таҳрими пайванди мўй ва холкўбӣ ва кушод кардани миёни дандонаҳо.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Аввали пайдоиши иди 8-уми март, иди модар, иди занон, ва ҳукми пешвозгири ва тақдими туҳфа дар ин ид.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Чигунае ки мебинем ва медонем баъд аз чанд рӯз соли нави милодӣ шуруъ мешавад. Ин маросим ки аслан мазҳари дини дорад вале бисёри аз мардуми мусулмон аз ин бохабар нестанд, ва онҳо ҳам мисли масеҳиён ин идро пешвоз гирифта хушҳоли мекунанд, ва дастархон ороста ҳамдигарро бо фарорасии ин ид табрику таҳният мегуянд. Ва барои ҳамдигар туҳфаҳо харида тақдим мекунанд. Пас оё барои мусулмонон ҷоиз аст ки ин рӯзро пешвоз гирифта дар ин рӯз хушҳоли кунанд? Оё ҷоиз аст ки дастархон ороста дустон ва хешу таборро даъват намоянд? Оё ҷоиз аст ки ширини ва туҳфаҳо тақдим намоянд? Ва дигар саволҳо ки мехоҳам дар ин мақолаи мухтасар ҷавоби худро ёбанд.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Суол: Ҳукми табрик кардани кофирон дар иди Кресмес (иди соли нави милодӣ) чист? Ва чигуна ҷавоб диҳем онҳоро вақто бо ин ид моро табрик карданд? Оё ба ҷойҳое ки ин гуна муносибатҳо аст, рафтан ҷоиз аст? Оё агар ин кор аз тарафи инсоне ғайри ихтиёри сурат гирад гунаҳгор мешавад? ва рафтанаш шояд аз шарм ё муҷомала ё барои худро дар назди онҳо ноҳинҷор ҳис накардан сурат гирифта бошад, ва ё бо дигар сабабҳо? Ва оё ба онҳо ташаббуҳ ва ё монанди кардан ҷоиз аст?

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Фазоили моҳи муҳаррам ва рӯзи ошуро. Моҳи муҳаррам моҳи бузург ва мубораке аст ва он моҳи аввали солшумории ҳиҷрӣ ва яке аз моҳҳои ҳаром мебошад. Фазлу бузургии бисёр рӯза гирифтан дар моҳи муҳаррам. Ошуро аз нигоҳи таърих. Кадом рӯз ошуро аст? Рӯзаи рӯзи ошуро сабаби бахшиши кадом гуноҳон аст? Ва савобу аҷри рӯза мағрур нашавем. Ин мақола ҳамин мавзуъҳоро дар бар мегирад.

  • Тоҷикӣ

    Вақто ки Мусо (а) ва ҳамроҳонаш бо амри Худованд ба тарафи соҳили дар (дарёи Нил) равона шуданд, Фиръавнҳам бо лашкараш аз дунболи онҳо равона шуд. Ҳангоме ки Мусо (а) бо бани исроил ба лаби дарё расид онҷо киштие ё василае барои гузаштан аз дарё вучуд надошт. Дар рубаруяшон дарё ва дар пушташон Фиръавн бо лашкараш буд, ва онҳо ғайр аз ду роҳ дигар роҳе надоштанд……. Рузи ошуроро бо руза гирифтан бояд гузаронид Вақте ки расули Худо (с) аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кард, дид ки яҳудиҳои Мадина рузи ошуроро руза мегиранд, гуфт: "Барои чи имрузро руза мегирен?".

  • Тоҷикӣ

    Дар ин китоб муаллиф дар мавзуи шикор кардани муҳрим ва ҷазои онро бо истинод бар аҳодиси набави зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    Дар ин китоб муаллиф воҷиб будани ҳаҷ ва чигуна ба ҷой овардан, ва фазилатҳои ҳаҷро бо истинод бар аҳодиси набави зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    Дар ин китоб муаллиф эњсор ва љазои шикор кардан дар ҳоли бо иҳром буданро бо зикри аҳодиси ворид шударо дар ин мавзуъро зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    Дар ин китоб муаллиф воҷиб будани умра ва чигуна ба ҷой овардан, ва фазилатҳои умраро бо истинод бар аҳодиси набави зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    Дар ин китоб муаллиф воҷиб будани ҳаҷ ва чи гуна ба ҷой овардан, ва фазилатҳои ҳаҷро бо истинод бар аҳодиси набави зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Рамазон чист? Рамазон яке аз 12 моҳи ҳиҷрӣ мебошад, ки бисёр моҳи бузурге дар Ислом ба ҳисоб меравад ва аз дигар моҳҳои ҳиҷрӣ бо иддае аз фазоил ва хусусиятҳо фарқ мекунад. Аз ҷумлаи ин фазилат ва хусусиятҳо: 1. Худованд рузаи ин моҳро чаҳорумин рукни Ислом гардонидааст. 2. Худованд Қуръонро дар ин моҳ фиристод. 3. Худованд шаби Қадрро дар ин моҳ гардонидааст. 4. Худованд бо имон ва холисона руза доштан ва намоз гузоштани ин моҳро сабаби мағфират ва бахшиши гуноҳон гардонидааст. 5. Худованд дар моҳи рамазон дарҳои биҳиштро мекушояд ва дарҳои дўзахро мебанданд ва шайтонҳоро мебанданд. 6. Барои Худованд дар ҳар як шаби рамазон наҷотёфтагони аз дўзах аст. 7. Рўзаи моҳи рамазон сабаби аз байн рафтани гуноҳоне аст. 8. Рузаи моҳи рамазон баробар ба руза доштани даҳ моҳ ҳаст. 9. Касе ки намози таровеҳро то охираш ҳамроҳи имом ба ҷой орад, барои ў қиёми ҳамаи шаб навишта шавад. 10. Умра кардан (хонаи Худоро зиёрат карданд) дар рамазон баробар ҳаҷ аст. 11. Дар моҳи рамазон эъикоф нишастан суннат аст. 12. Дар рамазон мустаҳаби таъкидӣ аст, ки Қуръон омўхта ва зиёд тиловат карда шавад. 13. Аз ҷумлаи корҳои хубу мустаҳаб дар рамазон ифтор додани рузадор аст.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Фаро расидани иди саиди фитрро аз самими қалб барои ҳама бародарон ва хоҳарони мусулмон табрик ва таҳният мегўям ва умедворам, ки худованди бузург тоат ва ибодати мо ва шумо азизонро қабул намуда, подош ва савоби бузургро насибамон гардонад. Аз Анас (р.з) ривоят аст, ки ҳангоме ки расули Худо (Дуову дуруд бар У бод) ба Мадина омаданад, мардум ду рўзро доштанд, ки ба бозию саргармӣ машғул мешуданд ва ҷашн мегирифтанд. Паёмбари Худо фармуд: «Худованд ба ҷойи онҳо барои шумо ду рўзи беҳтаре қарор додаст, рўзи фитр (иди рамазон), рўзи иди қурбон». (ривояти Насоӣ ва ибни Ҳиббон дар саҳеҳаш). Ин мақола ин мавзухоро дар бар мегирад: Закоти фитр Одоб ва суннатҳои ид Лафзҳои такбир Аҳамияти намози ид ва таъкиди рафтан ба намози ид Намози ид ду ракат аст, ки ингуна хонда мешавад Табрик ва таҳният гуфтан ба якдигар Баъзе аз мункароте, ки дар рўзи ид анҷом мегирад ва бояд аз он парҳез кард.

  • Тоҷикӣ

    Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Аз он ҷо ки яке аз ҳадафҳои давлати исломи нигаҳбони аз каёни дини ислом буд, Умари Форуқ аҳамияти хоссае ба поя ва асоси дин ки иборат аз тавҳид ва ақидаи саҳиҳи исломи аст, қоил буд ва саъю кушиш мекард ки мардумро бар ҳамон ақидаи дурусте собит ва устувор нигаҳдорад ки Расули Худо оварда буд. Ва бо шубҳаҳое ки мунҳарифон ва душманони ислом бо тарвиҷи ақоиди фосид ва хурофот ва дар пайи равоҷи он буданд, мубориза намуд. Ва дар ин чанд сатри оянда баъзе аз мавзеъгириҳои эшонро ёдовар мешавем.