102 - At-Takaathur ()

|

(1) Зиёдахоҳӣ шуморо ба худ машғул [ва аз ёди Парвардигор ғофил] сохт

(2) То [поёни] коратон ба гуристон расид

(3) Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ба зудӣ хоҳед донист

(4) Боз [ҳам] чунин нест; ба зудӣ хоҳед донист

(5) Чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; агар ба дониши яқинӣ [ва тардиднопазир ҳақиқати қиёматро] медонистед, [аз зиёдахоҳӣ ва ифтихор ба амволу фарзандонатон даст бармедоштед]

(6) Савганд, ки дузахро хоҳед дид

(7) Боз ҳам савганд, ки онро бо чашми яқин хоҳед дид

(8) Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд