51 - Adh-Dhaariyat ()

|

(1) Савганд ба бодҳои хокафшон

(2) Ва савганд ба абрҳои сангинбор

(3) Ва савганд ба киштиҳои сабуксайр

(4) Ва савганд ба фариштагон, ки умури илоҳиро [миёни мардум] тақсим мекунанд

(5) Ки он чӣ ба шумо [дар мавриди подош ва азоб] ваъда дода шуда, ҳақиқат дорад

(6) Ва [рӯзи] ҷазо, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад

(7) Савганд ба осмон, ки [бо ситорагон ороста шуда ва гӯӣ] дорои роҳҳост

(8) Ки шумо [дар мавриди Паёмбару Қуръон] ихтилофи назар доред

(9) Ҳар ки [аз роҳи ҳақ] бозгардонда шавад, аз [имон ба] Паёмбар ва Қуръон низ бозгардонда хоҳад шуд

(10) Марг [ва лаънат] бар дурӯғгӯён!

(11) Ҳамон касоне, ки дар вартаи ҷаҳл ғофиланд

(12) Онон [пайваста ва аз рӯйи инкор] мепурсанд: «Рӯзи ҷазо чи замоне аст?»

(13) Ҳамон рӯзе аст, ки ба оташ муҷозот мешаванд

(14) [Ва ба онон гуфта мешавад:] «Азоби худро бичашед; ин ҳамон оташест, ки ба шитоб мехостед»

(15) [Дар рӯзи қиёмат] Мусалламан, парҳезкорон дар боғҳое [аз биҳишт] ва [канори] чашмасорҳо ба сар мебаранд

(16) Он чи Парвардигорашон ба онон ато кардааст, дарёфт медоранд; зеро дар [зиндагии] гузашта накукор будаанд

(17) Онон андаке аз шабро мехуфтанд [ва бақияро ба намоз ва ниёиш машғул буданд]

(18) Ва саҳаргоҳон омурзиш мехостанд

(19) Ва дар амволашон барои соил ва маҳрум ҳаққе [муайян аз садақа ва закот] буд

(20) Дар замин нишонаҳо [-и қудрати илоҳӣ] барои аҳли яқин падидор аст

(21) ва дар вуҷуди худатон; оё намебинед?

(22) Ва ризқу рӯзиатон ва он чӣ [аз кайфару подош ва хайру шар, ки] ба шумо ваъда дода мешавад, дар осмон аст

(23) Пас савганд ба Парвардигори осмону замин, ки ваъда [-и қиёмат ва подош ва азоб] ҳамчун сухан гуфтанатон ҳақиқӣ ва қатъӣ аст

(24) [Эй Паёмбар] Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?

(25) Чун бар ӯ ворид шуданд ва салом гуфтанд, ӯ гуфт: «Салом» [ва зери лаб гуфт:] «Гурӯҳе ношиносанд»

(26) Он гоҳ назди хонаводаи худ рафт ва [гӯшти бирёни] гӯсолаи фарбеҳе [барои пазироӣ] овард

(27) [Ӯ ғизоро] Назди онон гузошт ва [чанд лаҳза баъд] гуфт: «Оё намехӯред?»

(28) [Пас, чун даст ба ғизо назаданд] Аз онон эҳсоси тарс кард; гуфтанд: «Натарс [мо фариштаем]; ва ӯро ба [таваллуди] писари доно башорат доданд

(29) Ҳамсараш бо фарёд [-у шигифтӣ] пеш омад ва дар ҳоле ки ба рӯйи худ мезад, гуфт: «Пиразани нозо [фарзанд мезояд]?

(30) [Фариштагон] гуфтанд: «Парвардигорат чунин фармудааст; ва бе гумон, Ӯ ҳакиму доност»

(31) [Иброҳим] Гуфт: «Эй фариштагон [-и Аллоҳ таоло], кору маъмурияти шумо чист?»

(32) [Фариштагон] Гуфтанд: «Мо барои [муҷозоти] қавме муҷрим [ва гунаҳкор] фиристода шудаем

(33) То сангҳое аз гил [-и сахтшуда] бар сарашон фуру борем

(34) [Сангҳое] Ки назди Парвардигорат барои исрофкорон нишон гузошта шудааст

(35) Пас, муъминонеро, ки дар он [шаҳрҳои қавми Лут] буданд, [пеш аз нузули азоб] берун овардем

(36) Вале фақат як хонаводаро ёфтем, ки [нисбат ба авомири илоҳӣ] таслим буданд

(37) Ва дар он [шаҳрҳо] барои мардуме, ки аз азоби дарднок [-и илоҳӣ] тарс доранд, нишонае равшан бар ҷой гузоштем

(38) Дар [достони] Мӯсо [низ нишона ва ибратест]; он гоҳ ки ӯро бо далеле равшан назди Фиръавн фиристодем

(39) Вале [Фиръавн] бо такя бар қудраташ [ҳақро] напазируфт ва гуфт: [«Ин мард ё] Ҷодугар аст ё девона»

(40) Ӯро ҳамроҳ бо сипоҳиёнаш гирифтем ва ба дарё афкандем [ва ҳалок кардем]; дар ҳоле ки [дар лаҳзаи марг худро ба хотири нофармонӣ ва куфраш] сарзаниш мекард

(41) Дар [достони қавми] Од [низ дарси ибратест]; он гоҳ ки тундбоде бе хайру баракат бар онон фиристодем

(42) [Тундбоде] Ки бар ҳар чиз вазид, хоку хошокаш кард

(43) Дар [достони қавми] Самуд [низ дарси ибрате аст] он гоҳ ки [тавассути паёмбарашон Солеҳ] ба онон гуфта шуд: «Андаке [аз лаззатҳои зиндагӣ] баҳраманд шавед [ки танҳо се рӯз фурсат доред]»

(44) Онон аз фармони Парвардигорашон сарпечӣ карданд; пас, дар ҳоле ки [ба чашми худ азобро] медиданд, соиқа ононро фаро гирифт

(45) [Чунон бар замин афтоданд, ки] На тавони бархостан [ва гурез] доштанд ва на ёрои дифоъ

(46) Пеш аз он қавми Нуҳро, ки гурӯҳе нофармон буданд [ҳалок кардем]

(47) Мо осмонро ба тавон [-и худ] бино ниҳодем ва ҳамвора онро вусъат мебахшем

(48) Ва заминро [барои зиндагӣ] густурдем ва чи нек густуронандае ҳастем!

(49) Ва ҳама чизро ба сурати завҷ [ҷуфт] офаридем; бошад, ки [таваҷҷуҳ кунед ва] панд гиред

(50) [Эй Паёмбар, ба мардум бигӯ:] «Пас, ба сӯйи Аллоҳ таоло биштобед, ки ман аз ҷониби Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам

(51) Ва дар канори Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор надиҳед, яқинан, ман аз [ҷониби] Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам»

(52) Ҳар паёмбаре, ки бар пешиниёнашон мабъус шуд, ҳамин гуна гуфтанд: «[Ӯ ё] Ҷодугар аст ё девона»

(53) Оё якдигарро ба ин [куфру такзиб] супориш карда буданд? На, балки мардуме саркаш буданд

(54) Пас, [эй паёмбар] аз онон рӯй бигардон, ки ту [ба хотири куфри онон] ҳаргиз сазовори сарзаниш нестӣ

(55) Ва [пайваста ба онон] тазаккур бидеҳ, ки, ҳатман, тазаккур барои муъминон судбахш аст

(56) Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]

(57) На аз онон рӯзӣ мехоҳам, на ин ки Маро хӯрок диҳанд

(58) [Зеро] Аллоҳ таоло аст, ки рӯзирасони неруманд ва барқарор аст

(59) Ситамгорон [-и мушрик низ] ҳамчун ёрон [-и гузашта]-и хеш саҳме аз азоб доранд; пас, ба шитоб [онро] аз Ман нахоҳанд

(60) Пас, вой бар кофирон аз [азоби] рӯзи мавъудашон!