79 - An-Naazi'aat ()

|

(1) Савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и кофирон]-ро ба шиддат берун мекашанд

(2) Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и муъминон]-ро ба нармӣ ва осонӣ мегиранд

(3) Ва савганд ба фариштагоне, ки [ба амри Аллоҳ таоло аз осмон ба сӯйи замин] шиноваранд

(4) Ва савганд ба фариштагоне, ки [дар иҷрои авомири илоҳӣ] бар якдигар сабқат мегиранд

(5) Ва савганд ба фариштагоне [ки ба амри илоҳӣ] корҳоро тадбир мекунанд

(6) Рӯзе, ки [пас аз аввалин дамидан дар сур] замин [ва кӯҳҳо ва ҳама чиз] ба ларза дарояд

(7) [Ва] Дар пайи он [дамидани дувуми ҳашр] биёяд

(8) Дар он рӯз дилҳое сахт музтариб [ва тарсон] аст

(9) Ва чашмҳои онон [аз тарсу шармсорӣ] фуру афтодааст

(10) [Кофирон дар дунё] Мегӯянд: «Оё мо [пас аз марг дубора] ба ҳоли аввали худ бозгардонда мешавем?

(11) Оё ҳангоме ки устухонҳои пӯсида шудем [ва ба хок табдил гаштем, боз ҳам зинда мешавем]

(12) Гӯянд: «[Агар чунин ваъдае дуруст бошад] он гоҳ он бозгаште зиёнбор аст»

(13) Пас он [бозгашт] танҳо бо як бонги боҳайбат аст

(14) Ва ногаҳон ҳамагӣ бар арсаи замин [-и маҳшар] зоҳир] мешаванд

(15) [Эй Паёмбар] Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?

(16) Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар сарзамини муқаддаси «Туво» нидо дод [ва фармуд]

(17) «Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ туғён кардааст

(18) Ва ба ӯ бигӯ: «Оё мехоҳӣ [аз куфру гуноҳ] пок шавӣ?

(19) Ва ман туро ба сӯйи Парвардигорат ҳидоят кунам, то [аз Ӯ] битарсӣ [ва фармонбардор шавӣ]?

(20) Пас, [Мӯсо] муъҷизаи бузургро ба ӯ нишон дод

(21) Аммо ӯ такзибу саркашӣ кард

(22) Сипас пушт кард ва ба кӯшишу талош [алайҳи ӯ] пардохт

(23) Пас, [қавмашро] ҷамъ карду нидо дод

(24) Ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам»

(25) Пас, Аллоҳ таоло ӯро ба азоби охират ва дунё гирифтор кард

(26) Бе гумон, дар ин [воқеа] барои ҳар кас, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, ибрате ҳаст

(27) Оё офариниши шумо [баъд аз марг] сахттар аст ё осмоне, ки [Аллоҳ таоло] онро бино кард?

(28) Сақфи онро барафрошту ба он шаклу назм дод

(29) Ва шабашро торик ва рӯзашро равшан гардонид

(30) Ва заминро баъд аз он густаронид

(31) Ва аз он об [чашмаҳо ва чоҳҳо ва] чарогоҳашро берун овард

(32) Ва кӯҳҳоро муҳкам ва устувор [бар рӯйи замин] қарор дод

(33) [Ҳамаи инҳо] барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст

(34) Пас, ҳангоме ки [он] ҳодисаи бузург [-и қиёмат] фаро расад

(35) Дар он рӯз инсон [тамоми аъмолу] талошҳои худро ба ёд меоварад

(36) Ва ҷаҳаннам барои ҳар бинандае ошкор мешавад

(37) Пас, он кас, ки туғён [ва саркашӣ] карда бошад

(38) Ва зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ дода бошад

(39) Бе тардид, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст

(40) Ва аммо касе, ки аз истодан дар ҳузури Парвардигораш бимнок буда ва нафсро аз ҳаво [ва ҳавас] боздошта бошад

(41) Ҳатман, биҳишт ҷойгоҳи ӯст

(42) [Эй Паёмбар] Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, ки дар чи замоне воқеъ мешавад?

(43) Туро бо ёдоварии ин сухан чи кор аст?

(44) [Саранҷом ва] Мунтаҳои [илми] он назди Парвардигори туст

(45) Ту, ҳатман, бимдиҳандаи касоне ҳастӣ, ки аз он метарсанд

(46) Рӯзе, ки [кофирон қиёматро] бубинанд, [чунин эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ [дар дунё] ҷуз як шомгоҳ ё бомдод ба сар набурдаанд