(1) Барои [сипосгузорӣ аз] ҳамбастагӣ ва унси Қурайш
(2) [Ҳамон] Ҳамбастагӣ ва унси онон дар сафарҳои зимистонӣ [ба Яман] ва тобистонӣ [ба Шом]
(3) Бояд Парвардигори хонаи Каъбаро бипарастанд
(4) Ҳамон [Парвардигоре], ки ононро аз гуруснагӣ [раҳонид, ба эшон] хӯрок дод ва аз ваҳшату тарс эмин намуд