(1) [Он] Фурукӯбанда
(2) [Он] Фурукӯбанда чист?
(3) Ва ту чи донӣ, ки [он] фурукӯбанда чист?
(4) Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда [ҳайрону саргардон] хоҳанд буд
(5) Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда (задашуда) хоҳанд шуд
(6) Ва аммо ҳар касе, ки [дар он рӯз] паллаи мизонаш сангин бошад
(7) [Дар биҳишт] Дар зиндагии роҳатбахш хоҳад буд
(8) Ва аммо ҳар кас, ки паллаи мизонаш сабук бошад
(9) Пас, [маскану] паноҳгоҳаш «ҳовия» аст
(10) Ва ту чи донӣ, ки он [ҳовия] чист?
(11) Оташе аст сӯзон [ва шуълавар]