(1) Савганд ба осмон ва савганд ба ситораи шабгард
(2) Ва чи медонӣ, ки ситораи шабгард чист?
(3) [Ҳамон] Ситораи фурӯзон аст
(4) Ҳеҷ кас нест магар он ки бар ӯ нигаҳбоне [аз фариштагон гумошта шуда] аст
(5) Инсон бояд бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст
(6) Аз як оби ҷаҳанда офарида шудааст
(7) Ки аз миёни [устухони] пушт [-и мард] ва сина [-и зан] берун меояд
(8) Бе гумон, Аллоҳ таоло бар бозгардондани ӯ [пас аз марг] тавоност
(9) Рӯзе, ки розҳо ошкор гардад
(10) [Дар он рӯз] Инсон ҳеҷ тавону ёваре надорад
(11) Савганд ба осмони пурборон
(12) Ва савганд ба замини пуршикоф [ки гиёҳон аз он сар бармеоваранд]
(13) Бе гумон, ин Қуръон сухани ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст
(14) Ва [сухани] ҳазлу беҳуда нест
(15) Онон [кофирон] пайваста ҳила ва найранг мекунанд
(16) Ва ман [низ] ҳила [ва тадбир] мекунам
(17) Пас, кофиронро муҳлат деҳ, [ва] андаке раҳояшон кун [то ғарқи гуноҳ бошанд]