(1) Вой бар ҳар ғайбаткунанда [ва] айбҷӯе!
(2) [Ҳамон] Касе, ки моли фаровоне гирд овард ва онро шумориш кард
(3) Гумон мекунад, ки молаш ӯро ҷовидона месозад
(4) Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; ҳатман, дар оташи дарҳамкӯбанда андохта хоҳад шуд
(5) Ва [эй Паёмбар] ту чӣ медонӣ, ки оташи дарҳамкӯбанда чист?
(6) Оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст
(7) [Оташе] Ки бар дилҳо чира мегардад [ва месӯзонад]
(8) Бе гумон, он [оташ] бар онон фурубаста [ва аз ҳар сӯ муҳосирашон карда] аст
(9) [Афрӯхта] Дар сутунҳои баланд аст