(1) Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
(2) Сипос махсуси Аллоҳ таоло–Парвардигори ҷаҳониён аст.
(3) Бахшандаи меҳрубон аст.
(4) Молики рӯзи ҷазост.
(5) [Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.
(6) Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо [ва ҳамвора собитқадам бигардон].
(7) Роҳи касоне [ҳамчун паёмбарон, шаҳидон, ростгӯён ва накукорон], ки ба онон неъмат додаӣ ва дар зумраи ғазабшудагон [яҳудиён] ва гумроҳон [масеҳиён] нестанд.