107 - Al-Maa'un ()

|

(1) [Эй Паёмбар] Оё касе, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меангорад, дидаӣ?

(2) Пас ӯ [ҳамон] касест, ки ятимро [бо дуруштӣ аз худ] меронад

(3) Ва [дигаронро] ба итъоми тиҳидаст ташвиқ намекунад

(4) Пас, вой бар намозгузорон!

(5) Ҳамон касоне, ки аз намозашон ғофиланд

(6) Касоне, ки худнамоӣ мекунанд

(7) Ва [аз амонат додани] васоили зарурии зиндагӣ дареғ меварзанд