82 - Al-Infitaar ()

|

(1) Он гоҳ ки осмон шикофта шавад

(2) Он гоҳ ки ситорагон пароканда шаванд [ва фуру резанд]

(3) Ва он гоҳ ки дарёҳо [ба ҳам омезанд ва] равон гарданд

(4) Ва он гоҳ ки қабрҳо зеру рӯ шавад

(5) [Дар он ҳангом] Ҳар кас медонад, чи чизҳоеро пешопеш фиристода ва чи чизҳоеро вопас ниҳода [ва бар ҷой гузоштааст]

(6) Эй инсон, чи чизе туро [нисбат] ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?

(7) Он [Парвардигоре], ки туро офарид ва сипас сару сомонат дод ва он гоҳ мутаодил ва муносибат кардааст

(8) Ва ба ҳар шакле [ва сурате], ки хост, туро таркиб намуд

(9) Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; балки шумо рӯзи ҷазоро такзиб мекунед

(10) Ва бе гумон, нигоҳбононе [аз фариштагон] бар шумо гуморида шудаанд

(11) Ки нависандагоне бузургворанд

(12) Он чиро анҷом медиҳед, медонанд [ва аъмоли неку бади шуморо сабт мекунанд]

(13) Мусалламан, накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд

(14) Ва яқинан бадкорон дар [оташи] ҷаҳаннаманд

(15) Рӯзи ҷазо ба он дароянд [ва бисӯзанд]

(16) Ва ҳаргиз онон аз он ҷо ба дур ва [дар амон] набошанд

(17) Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷазо чист?

(18) Боз ту чи медонӣ, ки рӯзи ҷазо чист?

(19) Рӯзе, ки ҳеҷ кас қодир ба анҷоми коре барои дигаре нест; ва дар он рӯзи ҳукм [ва фармон] аз они Аллоҳ таоло аст