85 - Al-Burooj ()

|

(1) Савганд ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост

(2) Ва савганд ба рӯзи мавъуд [қиёмат]

(3) Ва савганд ба ҳар ки гувоҳӣ диҳад ва ба ҳар ки мавриди гувоҳӣ қарор гирад

(4) Марг бар одамсӯзони хандақ!

(5) [Ҳамон оташи] Афрӯхта аз ҳезумҳои бисёр [ки муъминонро дар он месӯзонданд];

(6) ҳангоме ки бар [канораи] он нишаста буданд

(7) Ва он чиро бо муъминон анҷом медоданд, тамошо мекарданд

(8) Ва ҳеҷ эроде аз онон нагирифтанд, ҷуз ин ки ба Аллоҳи пирӯзманди сутуда имон оварда буданд

(9) [Ҳамон] Касе, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст

(10) Ба ростӣ, касоне, ки мардону занони муъминро шиканҷа [ва озор] доданд ва пас [аз анҷоми он кор] тавба накарданд, пас, барои эшон азоби ҷаҳаннам [муҳайё] аст ва азоби оташ [дар пеш доранд]

(11) Ҳамоно барои касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, боғҳое [аз биҳишт] аст, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ин аст комёбии бузург

(12) Бе гумон, [муҷозоту] сахтгирии Парвардигорат бисёр шадид аст

(13) Дар ҳақиқат, Ӯст, ки [офаринишро] оғоз мекунад ва дубора [баъд аз марг] бозмегардонад

(14) Ва ҳам Ӯ омурзанда [ва] дӯстор [-и муъминон] аст

(15) [Ӯ Аллоҳ таоло] Соҳиби Арш, [ва] баландмартаба [ва шукӯҳманд] аст

(16) [Ва] Он чиро бихоҳад, анҷом медиҳад

(17) [Эй Паёмбар] Оё достони лашкариён [-и ҳақситез] ба ту расидааст?

(18) [Лашкари] Фиръавн ва [қавми] Самуд

(19) Балки касоне, ки кофир шуданд, пайваста дар такзиб [-и ҳақ] ҳастанд

(20) Ва Аллоҳ таоло аз ҳар сӯ бар онон иҳота дорад

(21) Оре, ин [оёт шеъру сеҳр нест, балки] Қуръони шукӯҳманд аст

(22) Дар Лавҳи маҳфуз [аз ҳар гуна таҳрифу табдил дар амон] аст