93 - Ad-Dhuhaa ()

|

(1) Савганд ба оғози рӯз

(2) Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки ором гирад

(3) [Ки] Парвардигорат туро во нагузошта ва [бар ту] хашм нагирифтааст

(4) Ва мусалламан охират барои ту аз дунё беҳтар аст

(5) Ва ба зудӣ Парвардигорат ба ту [ва уммати ту он қадр] ато хоҳад кард, ки хушнуд гардӣ

(6) Оё туро ятим наёфт, пас, паноҳ дод?

(7) Ва туро [гумроҳ ва] саргашта ёфт, пас, ҳидоят кард

(8) Ва туро фақир ёфт, пас, бениёз намуд

(9) Пас, [ту низ] ятимро маёзор

(10) Ва [мустаманди] ниёзхоҳро марон [ва бо ӯ дуруштӣ макун]

(11) Ва неъматҳои Парвардигоратро бозгӯ кун [ва сипос гузор]