(1) [Эй паёмбар] Оё Мо синаатро [барои нузули ваҳй] бароят накушудем?
(2) Ва сангини [-и бори гуноҳ ва душвории рисолат]-ро аз [дӯши] ту барнадоштем?
(3) Ҳамон [боре], ки бар пуштат сангинӣ мекард
(4) Ва [ному] овозаи туро баланд сохтем
(5) Пас, мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст
(6) [Оре] Мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст
(7) Пас, ҳангоме ки [аз кору умури дунё] фориғ шудӣ, [ба ибодати Парвардигорат] бикӯш
(8) Ва ба сӯйи Парвардигорат роғиб [ва муштоқ] шав