(1) Номи Парвардигори баландмартабаатро ба покӣ ёд кун
(2) [Ҳамон] ки [инсонро] офарид ва ҳамоҳанг ва мутаодил сохт
(3) Ва [ҳамон] касе, ки андозагирӣ кард ва [ба шоистагӣ офарид] ва сипас ҳидоят намуд
(4) Ва [он] касе, ки чарогоҳро [барои тағзияи ҷондорон] рӯёнид
(5) Сипас онро хушку сиёҳ гардонид
(6) Мо ба зудӣ [Қуръонро] бар ту мехонем; пас, ту ҳаргиз [онро] фаромӯш нахоҳӣ кард
(7) Магар он чиро, ки Аллоҳ таоло бихоҳад; ҳамоно Ӯ ошкору ниҳонро медонад
(8) Ва барои ту осонтарин [роҳ]-ро фароҳам мегардонем
(9) Пас, агар панди муфид бошад, [мардумро бо оёти Қуръон] панд деҳ
(10) Ба зудӣ, касе, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, панд мепазирад
(11) Ва бадбахттарин [-и мардум] аз он дурӣ мегузинад
(12) [Ҳамон] Касе, ки дар оташи бузург [-и ҷаҳаннам] дархоҳад омад
(13) Ва дар он [оташ] на мемирад ва на зинда мемонад
(14) Яқинан, касе, ки худро [аз куфру гуноҳ] пок кунад, растагор хоҳад шуд
(15) Ва [низ касе, ки] номи Парвардигорашро ёд кунад ва намоз бигузорад
(16) Вале шумо [мардум] зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ медиҳед
(17) Дар ҳоле ки охират беҳтар ва пояндатар аст
(18) Ба ростӣ, ин [пандҳо] дар китобҳои осмонии пешин [низ] буд
(19) Китобҳои Иброҳим ва Мӯсо