(1) Ҳамоно Мо он [Қуръон]-ро дар шаби қадр нозил кардем
(2) Ва ту чи донӣ шаби қадр чист?
(3) Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст
(4) Фариштагон ва Рӯҳ [Ҷабраил] дар он [шаб] ба фармони Парвардигорашон барои [анҷоми] ҳар коре нозил мешаванд
(5) [Он шаб] То тулуи фаҷр саломат [ва раҳмат] бошад