105 - Al-Fil ()

|

(1) [Эй Паёмбар] Оё надидӣ Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард?

(2) Оё [фиребу] нақшаи ононро дар табоҳӣ қарор надод?

(3) Ва парандагоне гурӯҳ-гурӯҳ бар [сари] онон фиристод

(4) [Ки] Бо санггил [ки дар минқору чангол доштанд] ононро сангборон мекарданд

(5) Пас, онҳоро ҳамчун коҳи ҷавидашуда сохт