100 - Al-Aadiyaat ()

|

(1) Савганд ба аспҳои даванда, ки нафасзанон [ба сӯйи майдони ҷиҳод] пеш мерафтанд

(2) Ва савганд ба аспҳое, ки [бо бархӯрди сумҳояшон ба сангҳо] шарораи [оташ] эҷод карданд

(3) Боз савганд ба аспҳое, ки дар субҳгоҳон [бар душман] юриш баранд

(4) Пас, дар он ҳангом гарду ғубор барангезанд

(5) Он гоҳ ба миёни [сипоҳи душман] дароянд

(6) Яқинан, инсон дар баробари [неъматҳои] Парвардигораш бисёр носипос аст

(7) Ва бе гумон, ӯ бар ин [носипосӣ] гувоҳ аст

(8) Ва ҳамоно ӯ алоқаи фаровоне ба мол [-и дунё] дорад

(9) Оё ӯ намедонад, ки дар он рӯз он чи дар гурҳост, [ҳама зинда ва] барангехта шаванд?

(10) Ва он чи дар синаҳост, [ҳама] ошкор гардад

(11) Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон ба [вазъу ҳоли] эшон комилан огоҳ аст