77 - Al-Mursalaat ()

|

(1) Савганд ба фариштагоне, ки паёпай фиристода мешаванд

(2) Ҳамчун тундбод мераванд

(3) Ва савганд ба фариштагоне, ки [абрҳоро] пароканда мекунанд

(4) Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаи [ҳақ аз ботил] ҳастанд

(5) Ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳй [-и илоҳӣ]-ро [ба паёмбарон] илқо мекунанд

(6) Барои итмоми ҳуҷҷат, барои бим ва ҳушдор

(7) Бе гумон, он чи ба шумо ваъда дода мешавад, воқеъ хоҳад шуд

(8) Пас, он гоҳ ки ситорагон тира [ва маҳв] шавад

(9) Ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад

(10) Ва он гоҳ ки кӯҳҳо [аз ҷо канда ва] пароканда шавад

(11) Ва он гоҳ ки барои паёмбарон [ҷиҳати гувоҳӣ додан дар мавриди умматҳо] вақт таъйин шавад

(12) Ин [амр] барои чи рӯзе ба таъхир афтодааст?

(13) Барои рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ]

(14) Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] чист?

(15) Дар он рӯз [қиёмат] вой бар такзибкунандагон!

(16) Оё мо пешиниён[-и муҷрим]-ро нобуд накардем?

(17) Сипас дигаронро дар пайи онҳо хоҳем овард

(18) Ин чунин бо гунаҳгорон рафтор мекунем

(19) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

(20) Оё шуморо аз обе паст [-у ночиз] наофаридем?

(21) Ки сипас онро дар қароргоҳе маҳфуз [раҳим] қарор додем

(22) То замоне муайян

(23) Пас, мо [бар ин кор] тавоно будем ва чи нек тавоно [ва қудратманд] ҳастем

(24) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

(25) Оё заминро ҷойгоҳи [таҷаммуи мардум] қарор надодем?

(26) Ҳам дар ҳоли ҳаёт ва ҳам маргашон?

(27) Ва дар он кӯҳҳои бисёр баланд [ва устувор] қарор додем ва обе ширин [ва гуворо] ба шумо нӯшонидем

(28) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

(29) [Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба сӯйи ҳамон чизе биравед, ки пайваста такзибаш мекардед.

(30) Биравед ба сӯйи сояи [дудҳои оташи] сешоха

(31) На сояафкан [ва хунук] аст ва на аз [гармии] шуълаҳои оташ ҷилавгирӣ мекунад»

(32) Ҳамоно он [дузах] шарораҳое чун кохе [баланд] меафканад.

(33) Гӯӣ, ки он [шарораҳо] шутурони зардранг ҳастанд

(34) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

(35) Ин [ҳамон] рӯзест, ки сухан намегӯянд

(36) Ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, то узрхоҳӣ кунанд

(37) Дар он рӯз, вой бар такзибкунандагон!

(38) Ин [ҳамон] рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] аст, ки шумо ва гузаштагонро гирд овардаем

(39) Пас, агар [ҳила ва] найранге доред, онро дар ҳаққи ман ба кор гиред

(40) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

(41) Ба ростӣ, ки [дар он рӯз] парҳезкорон дар сояҳо ва [канори] чашмаҳо қарор доранд

(42) Ва меваҳое, ки майл дошта бошанд

(43) [Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба подоши он чи мекардед, гуворо бихӯред ва биёшомед»

(44) Мо ин гуна накукоронро подош медиҳем»

(45) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

(46) «[Эй кофирон, дар ин дунё] андаке бихӯред ва баҳра гиред, зеро шумо гунаҳгоред»

(47) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

(48) Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «[Намоз бигузоред ва] рукуъ кунед, [намоз намегузоранд ва] рукуъ намекунанд

(49) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

(50) [Агар мардум ба ин Қуръон имон намеоваранд] Пас, баъд аз он ба кадом сухан имон меоваранд?