83 - Al-Mutaffifin ()

|

(1) Вой бар камфурӯшон!

(2) Касоне, ки чун [барои худ] аз мардум паймона мекунанд, ҳаққи худро комил мегиранд

(3) Ва ҳангоме ки [мехоҳанд] барои онон паймона ё вазн кунанд, кам мегузоранд

(4) Оё онҳо гумон намекунанд, ки [қиёмат фаро мерасад ва аз қабрҳо] барангехта мешаванд

(5) Дар рӯзе бузург?

(6) [Ҳамон] Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд

(7) Ҳаргиз чунин нест [ки кофирон пиндоштаанд]! Ба ростӣ, ки номаи [аъмоли] бадкорон дар сиҷҷин аст

(8) Ва ту чи донӣ, ки сиҷҷин чист?

(9) Китобест, ки [аъмоли бадкорон дар он] навишта шудааст

(10) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

(11) Онон, ки рӯзи ҷазоро [инкор ва] такзиб мекунанд

(12) Ва ҷуз ситамкорони гунаҳкор [касе] он [рӯз]-ро такзиб намекунад

(13) Ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ тиловат шавад, гӯяд: «[Ин] Афсонаҳои гузаштагон аст»

(14) Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо гумон мекунанд]; балки [ба сабаби] он чӣ кардаанд, бар дилҳояшон зангор бастааст

(15) Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо мепиндоранд]. Бе гумон, онон дар он рӯз аз [дидори] Парвардигорашон маҳруманд

(16) Ва [баъд аз ҳисоб] мусалламан вориди дузах мешаванд

(17) Онгоҳ ба эшон гуфта мешавад: «Ин [оташ] ҳамон чизест, ки онро такзиб мекардед»

(18) Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо мепиндоранд]; бе гумон, номаи [аъмоли] накукорон дар «илиййин» аст

(19) Ва ту чи донӣ, ки «илиййин» чист?

(20) Китобест, ки [аъмоли бадкорон дар он] навишта шудааст

(21) Ки муқаррабони [даргоҳи илоҳӣ] бар он ҳозир шаванд [ва гувоҳӣ диҳанд]

(22) Ҳамоно накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд

(23) Бар тахтҳо [такя зада ва] менигаранд

(24) Хуррамӣ ва нишоти неъматро дар чеҳраҳояшон [мебинӣ ва] мешиносӣ

(25) Онҳо аз шароби ноби муҳршуда [нӯшонида ва] сероб мешаванд

(26) Муҳре, ки бар он ниҳодашуда аз мушк аст ва дар ин [шароб ва дигар неъматҳои биҳиштӣ] муштоқон [-и раҳмат] бояд бар якдигар пешӣ гиранд

(27) Ва омезааш аз тасним аст

(28) [Ҳамон] чашмае, ки муқаррабон [-и даргоҳи илоҳӣ] аз он менӯшанд

(29) Ҳамоно касоне, ки ҷурму гуноҳ карданд, пайваста [дар дунё] бар касоне, ки имон оварда буданд, механдиданд

(30) Ва ҳар гоҳ [муъминон] аз канорашон мегузаштанд, бо чашму абрӯ ба ҳам ишора мекарданд [ва ононро ба сухрия мегирифтанд]

(31) Ва чун ба сӯйи хонаводаи худ бозмегаштанд, [ба хотири тамасхури муъминон] шодмону хандон буданд

(32) Ва ҳангоме ки муъминонро медиданд, мегуфтанд: «Бе гумон, инон гумроҳонанд»

(33) Дар ҳоле ки онон барои муроқибат [ва нигаҳбонӣ] бар муъминон фиристода нашуда буданд

(34) Вале имрӯз касоне, ки имон овардаанд, ба кофирон механданд

(35) Бар тахтҳо [-и ороста нишаста ва ба неъматҳои илоҳӣ] менигаранд

(36) Оё кофирон [бо чашидани азоб] ҷазои он чиро, ки мекарданд, дарёфт намудаанд?