(1) Ҳангоме ки замин бо шадидтарин таконҳояш ба ларза дарояд
(2) Ва замин борҳои сангинашро берун резад
(3) Ва инсон мегӯяд: «Он [замин]-ро чӣ шудааст?»
(4) Дар он рӯз [замин] тамоми хабарҳояшро бозгӯ мекунад
(5) Зеро Парвардигорат ба ӯ [чунин] ваҳй [ва ҳукм] кардааст
(6) Дар он рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ бозмегарданд, то [натиҷаи] аъмолашон ба онон нишон дода шавад
(7) Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад
(8) Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад