(1) [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй кофирон!
(2) Он чиро шумо мепарастед, ман намепарастам
(3) Ва он чиро, ки ман мепарастам, [низ] шумо намепарастед
(4) Ва на ман парастишгари он чи шумо парастиш кардаед, хоҳам буд
(5) Ва на шумо парастишгари он чи ман мепарастам, хоҳед буд
(6) [Бинобар ин] Оини шумо барои худатон ва оини ман барои худам»