111 - Al-Masad ()

|

(1) Бурида бод ҳар ду дасти Абулаҳаб ва ҳалок бод!

(2) Молу сарваташ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ӯ суде набахшид

(3) Ба зудӣ ба оташи шуълавар хоҳад даромад

(4) Ва ҳамсараш [Умми Ҷамил, он] ҳезумкаш [низ вориди оташ мешавад]

(5) Бар гарданаш танобе аз лифи хурмост