113 - Al-Falaq ()

|

(1) [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам

(2) Аз шарри тамоми он чи офаридааст

(3) Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад

(4) Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд

(5) Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад»