114 - An-Naas ()

|

(1) [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам

(2) Фармонравои мардум

(3) Маъбуди мардум

(4) Аз шарри [шайтони] васвасагар, ки [ба ҳангоми зикри Аллоҳ таоло] пинҳон мегардад

(5) Ҳамоне, ки дар дилҳои мардум васваса мекунад

(6) Аз ҷинниён [бошад] ва [ё аз] одамиён»