(1) [Аллоҳи] Раҳмон
(2) Қуръонро омӯзиш дод
(3) Инсонро офарид
(4) [Ва] Ба ӯ сухан гуфтан омӯхт
(5) Хуршеду моҳ бо ҳисобе муназзам [-у дақиқ] дар гардишанд
(6) Ва ситора ва дарахт [барояш] саҷда мекунанд
(7) Ӯ осмонро барафрошт ва мизони [адолатро дар замин] барқарор намуд
(8) [Эй мардум, чунин кард] То дар вазну паймона [ба якдигар] ситам накунед;
(9) Ва санҷиш [-и ҳуқуқи дигарон]-ро ба адолат баровард кунед ва дар санҷиш зиён нарасонед [ва камфурӯшӣ накунед]
(10) Ӯ заминро барои [зиндагии] инсонҳо муқаррар дошт
(11) Ки дар он [анвои] меваҳо ва нахлҳои хушадор аст
(12) Ва [ҳамчунин] ҳубуботи баргдор ва гиёҳони хушбӯ
(13) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(14) Ӯ инсонро аз гиле ҳамчун сафол офарид
(15) Ва ҷинро аз шуълае аз оташ халқ кард
(16) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(17) Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳост
(18) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(19) Ӯ ду дарё [-е шӯру ширин]-ро равон кард, то [ба якдигар] бирасанд
(20) [Дар айни ҳол] Миёнашон монеъе аст, ки бо ҳам намеомезанд
(21) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(22) Аз он ду [дарё] марвориду марҷон ба даст меояд
(23) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(24) Киштиҳои кӯҳпайкари бодбонбарафрошта дар дарё барои Ӯст
(25) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(26) Ҳар чӣ рӯи замин аст, фанопазир аст
(27) Ва [танҳо зоти ҷовиду] рӯйи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат боқӣ хоҳад монд
(28) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(29) [Тамоми] Касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд аз Ӯ дархости ниёз мекунанд ва Ӯ ҳар рӯз [ва ҳар лаҳза] дар коре аст
(30) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(31) Эй гурӯҳи ҷинну инс, ба зудӣ ба ҳисоби шумо мепардозем
(32) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(33) Эй гурӯҳи ҷинну инс, агар метавонед аз каронаҳои осмону замин гузар кунед, [то аз муҷозоти илоҳӣ бираҳед] пас, гузар кунед; қодир [ба ин кор] нахоҳед буд, магар бо қудрати [фаровоне, ки шумо онро надоред]
(34) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(35) Шарорае аз оташ ва зарроти оташе бар шумо борида мешавад, ки [дар баробари он] қодир ба дифоъ нестед
(36) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(37) Он гоҳ ки осмон бишкофад ва ҳамчун равғани гудохта сурхфом гардад [қиёмат оғоз хоҳад шуд]
(38) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(39) Он рӯз [ба иллати равшан будани ҳамаи умур] аз инсу ҷин [дар бораи гуноҳонашон] суол нахоҳад шуд
(40) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(41) Гунаҳкорон аз чеҳраҳояшон шинохта мешаванд; он гоҳ [ононро] аз мӯйи пешонӣ ва пойҳояшон мегиранд [ва ба дузах меандозанд]
(42) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(43) Ин [ҳамон] ҷаҳаннаме аст, ки гунаҳкорон инкораш мекарданд
(44) [Дар он ҷо] Миёни оташу оби ҷӯшон дар ҳаракатанд
(45) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(46) Ҳар ки аз истодан дар пешгоҳи Парвардигораш [барои ҳисоб] метарсад, ду боғ [дар биҳишт] дорад
(47) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(48) [Бо дарахтоне] Пур аз шохсор
(49) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(50) Дар он боғҳо ду чашмаи равон аст
(51) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(52) Дар он боғҳо аз ҳар мевае ду навъ вуҷуд дорад
(53) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(54) [Биҳиштиён] Бар бистарҳое, ки астарашон аз дебои захим аст, такя мезананд ва меваҳои он боғҳо дар дастрасашон аст
(55) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(56) Дар он боғҳо ҳуроне афтоданигоҳ ҳастанд, ки дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст
(57) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(58) Гӯӣ он ҳурон ёқуту марҷонанд
(59) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(60) Оё подоши некӣ ҷуз некӣ ҳаст?
(61) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(62) Дар канори он боғҳо ду боғи [биҳиштии] дигар аст
(63) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(64) [Ду боғ] Ки [дарахтонаш] дар ниҳояти сабзӣ [ва хуррамӣ] аст
(65) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(66) Дар он ду [боғи биҳиштӣ] ду чашмаи ҷӯшон ҷорӣ аст
(67) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(68) Ва дар онҳо [дарахтони] мева ва дарахтони хурмо ва анор ҳаст
(69) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(70) Дар миёни он боғҳо занони нексират ва некрӯй ҳузур доранд
(71) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(72) Ҳуроне, ки дар саропардаи хаймаҳои биҳиштӣ нишастаанд
(73) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(74) [Душизагоне, ки] Дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст
(75) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(76) [Биҳиштиён] Бар болиштҳое сабзу бистарҳое нафису зебо орамидаанд
(77) Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?
(78) Номи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат бобаракату фархунда аст