80 - Abasa ()

|

(1) [Паёмбар] чеҳра дар ҳам кашид ва рӯй баргардонд

(2) Аз ин ки он нобино [Абдуллоҳ ибни Умми Мактум] наздаш омад

(3) Ва [эй Паёмбар] ту чи медонӣ? Чи басо ӯ [аз гуноҳонаш] пок шавад

(4) Ё панд гирад ва ин панд ба судаш бошад

(5) Аммо он ки [аз имон] бениёзӣ меварзад

(6) Пас, ту ба ӯ рӯ меоварӣ

(7) Дар ҳоле ки агар ӯ худро [аз куфр] пок насозад, эроде бар ту нест

(8) Аммо касе, ки шитобон ба суроғи ту меояд

(9) Ва [аз Аллоҳ таоло] метарсад

(10) Пас, ту аз ӯ ғофил мешавӣ [ва ба дигарон мепардозӣ]

(11) Ҳаргиз чунин нест; бе гумон, ин [оёт барои] тазаккур ва ёдоварӣ аст

(12) Пас, ҳар ки бихоҳад, аз он панд гирад

(13) Дар саҳифаҳои арҷманде [сабт] аст

(14) [Дар ҷойгоҳе] Баландпоя ва покиза [аз палидӣ]

(15) Дар дасти сафирон [-и ваҳй] аст

(16) [Ки] бузургвору накукоранд

(17) Марг бар инсон [-и кофир, ки] чи қадар носипос аст!

(18) [Аллоҳ таоло] Ӯро аз чи чиз офаридааст?

(19) Ӯро аз нутфа [-и ночизе] офарид ва сипас мавзунаш сохт

(20) Он гоҳ роҳро барояш осон намуд

(21) Он гоҳ [пас аз поёни умр] ӯро миронд ва дар қабр [пинҳон] намуд

(22) Сипас ҳар гоҳ бихоҳад, ӯро [зинда мекунад ва] бармеангезад

(23) Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ мепиндорад]. Ӯ ҳанӯз он чиро, ки [Аллоҳ таоло] фармон дода, ба ҷой наовардааст

(24) Пас, инсон бояд ба ғизои хеш [ва офариниши он] бингарад

(25) Мо оби фаровон [аз осмон] фуру рехтем

(26) Сипас заминро аз ҳам шикофтем

(27) Он гоҳ дар он дона [-ҳои фаровон] рӯёнидем

(28) Ва ангуру сабзӣ [хӯрокии бисёр]

(29) Ва зайтуну нахл

(30) Ва боғҳое [анбуҳ ва] пурдарахт

(31) Ва [анвои] мева ва алаф [падид овардем]

(32) [Ҳамаи инҳо] Барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст

(33) Пас, ҳангоме ки [он] садои боҳайбати [-и қиёмат] фаро расад

(34) Рӯзе, ки инсон аз бародараш мегурезад

(35) Ва аз модараш ва аз падараш

(36) Ва аз занаш ва писаронаш [низ мегурезад]

(37) Дар он рӯз ҳар касро корест, ки ӯро ба худ машғул медорад

(38) Чеҳраҳое дар он рӯз кушода ва равшан аст

(39) [Ба хотири неъмату раҳмати Аллоҳ таоло] хандону шод аст

(40) Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуд аст

(41) Сиёҳӣ [ва торикӣ] онҳоро пӯшонидааст

(42) Инон ҳамон кофирони бадкирдоранд