88 - Al-Ghaashiya ()

|

(1) [Эй Паёмбар] Оё хабари қиёмати ҳавлноки фарогир ба ту расидааст?

(2) Дар он рӯз чеҳраҳое хору залил хоҳанд буд

(3) [Дар дунё] Пайваста талош карда [ва] хаста шуда [ва чун дар роҳи ҳақ набуда, натиҷае надидаанд]

(4) Дар оташи сӯзон дармеоянд

(5) Аз чашмаи бисёр гарм ба онҳо нӯшонда мешаванд

(6) Ғизое ҷуз хори хушку талх надоранд

(7) Ки на [ононро] фарбеҳ кунад ва на гуруснагиро дафъ менамояд

(8) Дар он рӯз чеҳраҳое шодобу тоза ҳастанд

(9) Ва аз саъй [-ю талош]-и худ хушнуданд

(10) Дар биҳишти барин ҳастанд

(11) Дар он ҷо ҳеҷ сухани беҳудае намешунаванд

(12) Дар он чашма [-ҳои об] равон бошад

(13) Дар он тахтҳои [зебои] баланд [поя] аст

(14) Ва ҷомҳое [ки дар канори чашмаҳо] ниҳода шуда

(15) Ва болиштҳои [муназзам] чидашуда

(16) Ва [низ] фаршҳои гаронбаҳо густурда шудааст

(17) Оё [кофирон] ба шутур наменигаранд, ки чи гуна офарида шудааст?

(18) Ва ба осмон [наменигаранд], ки чи гуна барафрошта шудааст?

(19) Ва ба кӯҳҳо [наменигаранд], ки чи гуна [муҳкам бар замин] насб шудааст?

(20) Ва ба замин [наменигаранд], ки чи гуна густурда шудааст?

(21) Пас, [эй Паёмбар] панд бидеҳ, ки ту танҳо панддиҳандаӣ

(22) Ту бар онон мусаллат [-у чира] нестӣ [ки бар имон водорашон кунӣ]

(23) Аммо касе, ки рӯй бигардонад ва кофир шавад

(24) Сипас Аллоҳ таоло ӯро бо бузургтарин азоб муҷозот мекунад

(25) Ҳамоно бозгашти онҳо ба сӯйи Мост

(26) Сипас бе гумон, ҳисобашон [низ] бо Мост