90 - Al-Balad ()

|

(1) Савганд ба ин шаҳр [Макка]

(2) Ва ту дар ин шаҳр сокинӣ [ва ҷанг дар ин шаҳр барои ту ҳалол аст]

(3) Ва савганд ба падар [Одам] ва фарзандонаш

(4) Яқинан, инсонро дар ранҷ офаридем

(5) Оё ӯ гумон мекунад, ҳеҷ кас бар [муҷозоти] вай тавоно нест?

(6) Мегӯяд: «[Ба хотири инфоқ] Моли зиёдеро табоҳ кардаам»

(7) Оё мепиндорад, ки ҳеҷ кас ӯро надидааст?

(8) Оё барои ӯ ду чашм қарор надодем?

(9) Ва як забон ва ду лаб?

(10) Ва ӯро ба ду роҳ [хайр ва шар] роҳнамоӣ кардем

(11) Пас, ба гардана [и сахт] қадам нагузошт [ва наомад]

(12) Ва ту чи медонӣ, ки гардана [-и сахт] чист?

(13) Озод кардани барда аст

(14) Итъом дар рӯзи қаҳтӣ [ва гуруснагӣ]

(15) [Хоҳ] Ятиме аз хешовандон [бошад]

(16) Ё мустаманде хокнишин

(17) Он гоҳ аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] ва меҳрубонӣ [бо бандагон] тавсия намудаанд

(18) Инон аҳли саодатанд [ки номаи аъмол ба дасти росташон дода мешавад ва аҳли биҳиштанд]

(19) Аммо касоне, ки ба оёти Мо куфр варзиданд, онон аҳли шақоватанд [ки номаи аъмол ба дасти чапашон дода мешавад ва ба дузах мераванд]

(20) Бар онон [аз ҳар сӯ] оташи сарпӯшидае аст [ки роҳи фирор надоранд]