92 - Al-Lail ()

|

(1) Савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳама чизро] бипӯшонад

(2) Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки ошкор шавад

(3) Ва савганд ба он ки нару модаро офарид

(4) Ки, яқинан, саъй [-ю талош]-и шумо мухталиф [ва неку бад] аст

(5) Ва аммо касе, ки [дар роҳи Аллоҳ таоло] бахшид ва парҳезкорӣ кард

(6) Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро тасдиқ кард

(7) Пас, Мо [анҷоми аъмоли наку ва инфоқ дар роҳи Аллоҳро] барояш осон месозем

(8) Ва аммо касе, ки бухл варзид ва бениёзӣ талабид

(9) Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро такзиб кард

(10) Пас, Мо [анҷоми аъмоли шарру палидро] барояш осон месозем

(11) Ва дар ҳангом [-и маргу] вуруд ба дузах дороияш ба ҳоли ӯ суде нахоҳад дошт

(12) Мусалламан, ҳидоят [-и бандагон] бар [уҳдаи] Мост

(13) Ва қатъан охират ва дунё [низ] аз они Мост

(14) Пас, ман шуморо аз оташе шуълавар бим додам

(15) Ки ҷуз бадбахттарин [-и мардум] дар он наафтад

(16) [Ҳамон] Касе, ки [оёти Моро] такзиб кард ва рӯ гардонид

(17) Ва ба зудӣ парҳезкортарин [-и мардум] аз он дур нигаҳ дошта мешавад

(18) [Ҳамон] Касе, ки моли худро [дар роҳи Аллоҳ таоло] мебахшад, то [аз гуноҳ] пок шавад

(19) Ва ҳеҷ касро ба қасди подош ёфтани неъмат намебахшад

(20) Магар [барои] касби ризо [ва хушнудии] Парвардигори бартараш

(21) Ва ба ростӣ, ки [бо подоши Аллоҳ таоло] хушнуд хоҳад шуд