95 - At-Tin ()

|

(1) Савганд ба анҷир ва зайтун [ва ба Фаластин сарзамини рӯиши онҳо]

(2) Ва савганд ба Тӯри Сино

(3) Ва савганд ба ин шаҳри амн [Макка]

(4) [Ки] Яқинан, Мо инсонро дар беҳтарин сурат [ва бо фитрати пок] офаридем

(5) Сипас ӯро [ки инҳироф ёфт] ба пасттарин [мароҳили] пастӣ баргардонидем.

(6) Магар касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд; пас, барои онон подоше пойдор [дар пеш] аст

(7) Пас, [эй инсон] чи чизе баъд [аз ин ҳама далоили равшан] туро ба такзиби [рӯзи] ҷазо во медорад?

(8) Оё Аллоҳ таоло беҳтарин довар [ва ҳокими мутлақ] нест?