(1) [Эй Паёмбар] Бихон ба номи Парвардигорат, ки [ҳастиро] офарид
(2) [Ҳамон Парвардигоре, ки] Инсонро аз хуни баста офарид
(3) Бихон ва Парвардигорат [аз ҳама] бузургворатр аст
(4) [Ҳамон] Касе, ки ба василаи қалам [навиштан] омӯхт
(5) Ба инсон он чиро, ки намедонист, омӯхт
(6) Чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ҳаққо, ки инсон туғён [ва саркашӣ] мекунад
(7) [Баъд] Аз ин ки худро бениёз [ва тавонгар] бубинад
(8) Яқинан, бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Парвардигори туст
(9) [Эй Паёмбар] Оё дидаӣ он касе, ки [аз ибодати Аллоҳ таоло] бозмедорад
(10) Бандаеро, ҳангоме ки намоз мехонад
(11) Ба ман хабар бидеҳ, агар ин [банда] бар [роҳи] ҳидоят бошад
(12) [Мардумро] Ба парҳезкорӣ фармон диҳад [пас, сазои касе, ки чунин бандаеро биёзорад чист?]
(13) Ба ман хабар деҳ, агар ин [шахси саркаш ҳақро] такзиб кард ва рӯйгардон шуд [оё сазовори азоб нест?]
(14) Оё намедонад, ки бе тардид, Аллоҳ таоло [ҳама аъмолашро] мебинад?
(15) Чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; агар боз наояд [ва даст аз шарорат барнадорад], ҳатман, мӯйи пешониашро ба сахтӣ хоҳем гирифт [ва ба сӯйи дузах хоҳем кашонид]
(16) Мӯйи пешонии [ҳамон] дурӯғгӯи хатокорро
(17) Пас, бояд ҳаммаҷлисонашро [ба кумак] бихонад
(18) Мо [низ] оташбонони [дузах]-ро фаро хоҳем хонд
(19) Чунин нест [ки ӯ мепиндорад]; ҳаргиз ӯро итоат макун ва саҷда кун ва [ба Аллоҳ таоло] тақарруб ҷӯй