- Classification Tree
- Қуръони карим
- Суннат
- Ақида
- Тавҳид (яктопарасти)
- Ибодат
- Ислом
- Имон
- Масъалаҳо дар боби имон
- Эҳсон (неки)
- Куфр
- Нифоқ
- Ширк
- Бидъат (чизҳои навпайдо дар дин)
- Саҳобагон ва аҳлу-л-байт
- Тавассул
- Вилоят ва каромоти авлиё
- Ҷин
- Дӯсти ва безори
- Аҳли суннат ва ҷамоъат
- Миллатҳо ва динҳо
- Фирқаҳо
- Фирқаҳои ба ислом нисбат додашуда
- Мазҳабҳои фикрии муъосир
- Фиқҳ
- Ибодатҳо
- Муъомилаҳои молӣ
- Қасамҳо ва назрҳо
- Оила
- Ақди никоҳ
- Талоқ ва ҷудои
- Талоқи мутобиқи суннат ва талоқи хилофи суннат
- Талоқи бозгашт ва бе бозгашт
- Идда
- Лаънат намудан баъди савганди пок будан аз зино
- Савганд хурдан ба ин ки ҳамсараш ба ҷои модараш ё касе аз никоҳ норасонаш бошад
- Савганд хурдани мард ба ин ки бо занаш мудати чаҳор моҳ зиёд ҳамхобаги намекунад
- Буридани никоҳ аз тарафи зан ба воситаи қози
- Бозгашт ба суи зани талоқшуда то воқеъ шудани талоқи сеюм бо шарти дар идда будани зан
- Синамакони
- Тарбияи фарзанд мудати ширхорагиаш
- Хароҷот
- Либос ва зинат
- Саргармӣ ва дилхушӣ
- Муҷтамаъи мусалмон
- Ниёзҳои ҷавонон
- Аҳволи занон
- Ниёзҳои кӯдак
- Тиб, табобат ва дуохони
- Хурданиҳо ва нушиданиҳо
- Ҷиноятҳо
- Қазоват
- Ҷиҳод
- Масъалаҳои фиқҳии нав
- Фиқҳи ақалиятҳо (шумори ками дини ё миллӣ)
- Сиёсати шаръӣ
- Мазҳабҳои фиқҳи
- Фатвоҳо
- Усули фиқҳ
- Books on Islamic Jurisprudence
- Фазоили аъмол ва тоъатҳо ва ончики ба он робита дорад
- Major Sins and Prohibitions
- Arabic Language
- Даъват ба суи Худо
- Calling to Allah's Religion
- Issues That Muslims Need to Know
- Тарбияи нафс ва мавъизаҳо
- Promotion of Virtue and Prevention of Vice
- Воқеъияти даъват дар роҳи Худо
- The Importance of Calling to Allah
- History
- Islamic Culture
- Periodic Occasions
- Contemporary Life vs Muslims' Affairs
- Schools and Education
- Mass Media and Journalism
- Press and Scientific Conferences
- Communication and Internet
- Sciences from Muslims Perspective
- Islamic Systems
- Website Competitions
- Various Apps and Programs
- Links
- Administration
- Хутбаҳои минбари
- Academic lessons
- General Public of Muslims
- Books on Islamic Creed
- Илм
- Islamic Knowledge Source Texts
- Source Texts of Quran's Interpretation
- Source Texts of Quran's Recitations and Reciting Rules
- Source Texts of Islamic Creed
- Source Texts of Prophetic Sunnah
- Source Texts of Arabic Grammar
- Source Texts of Fundamentals of Islamic Jurisprudence
- Source Texts of Islamic Jurisprudence
- Audio Books and Source Texts
- Seekers of Knowledge
- Seekers of Knowledge (Beginners)
- The Prophetic Biography
- Introducing Islam to Muslims
- Introducing Islam to non-Muslims
- A Guidance for the Worlds
- Тоҷикӣ
Ҳазрати Муҳаммад (с) Паёмбари мо инсонҳост, дилсӯзу меҳрубон, хайрхоҳу некандеш, дорои рафтор ва гуфторе аст, ки барои ҳар инсон дар ҳар замону макон ва дар ҳар мақому мавқеъияти беҳтарин сар машқ ва болотарин улгу аст. Нигори ман ки ба мактаб нарафту хат нанвишт, Ба ғамза масъала омӯзи сад мударрис шуд.
- Тоҷикӣ
Ҳасад: яъне кинатузи нисбати касе ва хостори аз байн рафтани неъматҳоеки шомили он шуда аст. Баъзеҳо гуфтаанд: Ҳасад ба ҳамон ранҷе мегӯянд, ки шахс ҳангоми бо хабар шудан аз ҳоли касеки вазъаш хуб шуда аст, мебарад. Ҳамчунин гуфтаанд: Ҳасад яъне: Орзӯи дур шудани неъмат аз дигарон. Ба ҳар ҳол ҳасад ҳамон буғзу кина ва кароҳат ва ранҷе аст, ки бо дидани хубии ҳоли маҳсуд ба ҳосид даст медиҳад.
- Тоҷикӣ
- Тоҷикӣ Таълиф : Муҳаммадиқболи Садриддин
Иқтибос аз китобӣ «ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ» Мардуми мусалмони тоҷик аз ҳамон ибтидои пазириши Ислом пайрави аҳли суннат ва ҷамъоат буда, дилҳои эшон дар тўли таърихи наздик ба якуним ҳазор сол аз муҳаббати саҳобагони Расули акрам (с) ва дигар бузургони садри Ислом лабрез мебошад. Онҳо дар муҳаббати асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) аз ифроту тафрит дурӣ намуда, дар шинохти фазлу азамат ва ҷойгоҳи рафеъи эшон равиши эътидолро дар пеш гирифтаанд. Инак, назари чанд тан аз шахсиятҳои барҷаста ва ходимони намоёни динро дар бораи мақом ва ҷойгоҳи саҳобагони Расули акрам (с) ва бузургони садри Ислом манзури хонандагон менамоем. Онҳо бо мутолиъаи назари ин бузургон метавонанд мавқеъи феълии донишмандон ва ҳамин тавр мардуми мусалмони тоҷикро дар бораи бузургон ва пешвоёни садри аввал ба даст оваранд.
- Тоҷикӣ Таълиф : Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед Тарҷума : Абдусаттори Ҳақназар
Дини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.
- Тоҷикӣ Таълиф : Муҳаммадиқболи Садриддин
Китоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.
- Тоҷикӣ Таълиф : Абдурраҳмони Фаромарзӣ
Паёмбар (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мефармояд: «Гурӯҳе аз умматони ман дар охируз-замон зиноро ба ғайри номаш мехонанд» (Ҳадиси шариф) Издивоҷи мутъаро инчунин издивоҷи муваққат, мунқатеъ ва сиға меноманд. Аз он сабаб мутъа номида шудааст, ки мард аз он зан дар муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.
- Тоҷикӣ Таълиф : Аюби Кинҷӣ Тарҷума : Муҳсин Рамазони
Дар ин китоб муаллиф дар бораи ҳаёт ва зиндаги ва чигуна ба ислом гаравидани ҳазрати Талҳа ва Зубайрро барои хонандагон баён мекунад, ва ин чунин баъзе фазилатҳо ва суханони Паёмбари ислом дар бораи ин ду саҳобии пешқадам ба ислом ва башорат додашуда ба ҷаннатро низ пешкаши хонандагон мекунад.
- Тоҷикӣ Таълиф : Сайд Абдурраҳим ал-Хатиб Тарҷума : Муҳаммадиқболи Садриддин
Ин китоб, ки бо унвони «Сеҳрайн» маъруф аст, ҷилди дуюми китоби «Шайхайн» (Таърихи хулафои рошидин: Абубакр (р) ва Умар (р)) буда, роҷеъ ба зиндагӣ, футуҳот ва шаҳодати ду халифаи рошид, домодҳои паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с): Усмон (р) ва Алӣ (р) маълумот медиҳад ва барои доираи васеъи хонандагон пешкаш карда мешавад.
- Тоҷикӣ Таълиф : Гуруҳе аз Олимон
Дар ин мақола баъзе аз ақвол ва аъмоле ки барои иҷро кардани он аҷру подош аст, бо далелҳо аз ҳадисҳои паёмбар баён карда шудааст.
- Тоҷикӣ Таълиф : Муртазои Родмеҳр
Он чӣ пеши рӯй шумо хонандаи гиромӣ аст, сӯгномаест аз даврони гумроҳӣ ва залолат, гузоришест аз зулми зулумоти даврон, дар муқобила бо озодӣ, дардномаест аз даврони ҳидоят ва васл шудан ба маҳбуб ва маъбуди ҳақиқӣ ва билохира, калимотест дар мавриди "таваллуди дубора ва зистани нав бо андешаи нав" дар паймудани роҳи саҳеҳ ва дурӯст, ки ҳамоно роҳи расидан ба маҳбуб ва маъбуд аст.
- Тоҷикӣ Таълиф : Сайд Абдурраҳим ал-Хатиб Тарҷума : Муҳаммадиқболи Садриддин
Ин китоб роҷеъ ба зиндагинома, футуҳот, корномаи ду шахсияти бузурги таърихи ислом ва башарият, саҳобагони гиромӣ: Абубакр (р) ва Умар (р), ки ҳардуяшон хулафои рошидин ва падарарўсони (хусурони) Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) буданд, ба забони фасеҳу ширини форсии тоҷикӣ нақл мекунад.
- Тоҷикӣ Таълиф : Ашраф Муҳаммад Тарҷума : Муҳаммадиқболи Садриддин
Дар ин китоб асосан, дар бораи ҳаёту фаъолияти даҳ саҳобаи гиромии Паёмбари акрам (с), ки бо номи «ашараи мубашшара» ё худ «даҳ ёри биҳиштӣ» маъруфанд, маълумот дода шудааст. Ва он саҳобагон: Абубакри Сиддиқ Умар ибни Хатоб Усмон ибни Аффон Али ибни Абитолиб Талҳа ибни Убайдуллоҳ Зубайр ибни Аввом Абдурраҳмон ибни Авф Саъд ибни Абуваққос Саъид ибни Зайд Абуубайда ибни Ҷарроҳ.
- Тоҷикӣ Таълиф : Холид Абу Солиҳ Тарҷума : Муҳаммадиқболи Садриддин
Ҳазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з) маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.
- Тоҷикӣ Таълиф : Муҳаммад Алминшови Тарҷума : Муҳаммадиқболи Садриддин
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.
- Тоҷикӣ Таълиф : Муҳаммад Алминшови Тарҷума : Муҳаммадиқболи Садриддин
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи чаҳоруми мусулмонон Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) чаҳорумин халифаи рошид ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда мебошад. Насаб ба Ҳошимиён дорад ва аз қабилаи Қурайш, писарамаки Паёмбар (с) аст. Ва Паёмбар (с) беҳтарин духтараш Фотимаро (р) ба никоҳи ў даровард. Падари Ҳасан ва Ҳусейн (р) мебошад.
- Тоҷикӣ Таълиф : Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ Тарҷума : Муҳаммадиқболи Садриддин
Хонандаи азиз, он чӣ пеши рў доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷўҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.
- Тоҷикӣ Таълиф : Муҳаммад Алминшови Тарҷума : Муҳаммадиқболи Садриддин
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва саввумин хулафои рошидин ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда, домоди Паёмбар (с) Усмон ибни Аффони Қурайшӣ… Зи-н-нурайн ва ҳамсари ду бадри мунир.
- Тоҷикӣ Таълиф : Муҳаммад Алминшови Тарҷума : Муҳаммадиқболи Садриддин
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
- Тоҷикӣ